Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (7)

7) Доим аз пайи донишомӯзӣ шавед!

Доим ташнаи омӯзиш бошед. Барои боз ҳам сайқал додани дониш ва малакаи мавҷудаи хеш ғайрат кунед. Раванд ва умури дунё ҳаргиз яксон намемонанд. Он тағйирёбанда ва дар ҳоли рушд кардан аст. Аз ин рӯ шумо низ бояд доим дар ҳолати инкишофёбӣ қарор гиред. Чунин ҷаҳди корӣ шуморо ҳикмат бахшида, ҳушёрона амалу рафтор карданро боис мегардад. Ҳисси соҳибэҳтиромӣ ва боварӣ ба худ зиёд гашта, барои ҳар лаҳзаи атошуда ба Офаридгор шукргузор мешавед. Ин гуна тамомияти шахсӣ барои нафъи башарият бошуурона хизмат карданро мебахшад.

Доир ба мавзӯи инкишофдиҳӣ ва такмилдиҳии малакву дониш адабиёт ва дарсҳои зиёд мавҷуданд. Бинобар фитрат, табиат, амалу рафторкунии хеш якеро интихоб намуда, қадам ба қадам ҷаҳд кунед. Новобаста ба ин ки Шумо зани хонашин ҳастед, донишҷӯи муассисаи олӣ ва ё тоҷири муваффақ, ҳар дам аз пайи инкишофдиҳии малака, таҷриба ва донишҳои мавҷуда бошед. Зеро танҳо бо ин одобу адаби рафтор ва дарки зиндагонӣ пас аз худ барои башарият, наздикону фарзандонатон меъроси моддӣ ва маънавӣ боқӣ гузошта, аз шумо бо ёди ҷамил хоҳанд гуфт.

Аз худ кардани ҳафт дарси мазкур касро дар ҳаёт соҳибҳадаф, муваффақ, доро, соҳибирода ва шукргузор мекунад, ки вазъи пурталотуми дунёи муосирро маҳз чунин нафарон метавонанд ислоҳ намоянд. Ҳарчанд ин сатрҳо метавонанд нафарони тарбияи суннатӣ гирифтаро безобита намоянд, вале ҳақиқат ин аст, ки бинобар риояи сабабҳо дар ин олам бе ҷамъ кардани сармояву бойигарӣ ба орзуҳои хеш расидан мушкил аст. Бинобар тарбияи суннатии сатҳӣ дороӣ омил ва сабабгори кулли бадиҳост ва ҳар чӣ бошад дар ин олами дурӯза муваққатӣ зиста, аз пайи орзуҳоямон ҷаҳд кардан барабас аст.

Ҳол он ки ҳар нафари соҳибэҳтиромро лозим меояд, ҳам зиндагонии дунявияшро обод бикунад ва ҳам барои ҳаёти ухравияш амалу корҳои муносиб ва мувофиқро, ки ризои Офаридгор дар он аст, ба ҷой орад. Муҳим ин аст, ки шахси соҳибирода шиори «Даст ба кору дил ба Ёр»-ро аз хотир набарорад. Дороӣ ва моли зиёд яке аз неъматҳои илоҳӣ мебошад, ки барои беҳбуд ва изҳори ҳимматбаландӣ ба банда ато карда шудаанд. Бинобар ин фарди ҷомеа бо роҳи дуруст ба кор бурдани сармояи атошуда барои рафъи камбизотаӣ, бесводӣ ва тафриқаву низоъ миёни башарият бояд саҳм гузорад. Агар дар ният ва орзуятон устувор бошед, бо изни Худованд, ҳатман ба ҳадафи ниҳоӣ мерасед!

–илҳом аз китоби «The Richest Man in Babylon», George S. Clason


Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (6)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (5)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (4)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s