Сангтарош

Рӯзе зери нурҳои сӯзони офтобӣ сангтароше бо машаққати зиёд аз кӯҳ пораҳои калони сангинро канда, худ ба худ шикоят мекард:

– Безори чунин зиндагониям, хаста шудам! То кай ҳаёти ман бо кӯҳканӣ мегузарад? Уффф! Бар замми ин офтоби сӯзон мағзи сарамро об кард. Кош ман ҳам дар осмони баланди мусаффо мисли офтоби дурахшон ба атроф нур мепошидам. Аз боло озодона ҳама чизро назорат карда, ҳокими тамоми мавҷудот мешудам.

Вақте ки сангтарош ба офтоб ҳавас карда, корашро давом медод, орзуяш мӯҷизавор амалӣ шуд. Акнун ӯ дар самои баланд офтоб буду атрофро равшанӣ бахшида, аз чунин толеъ изҳори хушнудӣ мекард. Вале хурсандияш зиёд давом надод, зеро абрҳо қабат-қабат шуда, пеши нури ӯро гирифтанд. Сангтарош ба хашм омад:

– Агар чунин абрҳои муқаррарӣ пеши нури маро мегирифта бошанд, пас онҳо аз офтоб дида қавитаранд. Ман бояд абр шавам!

Орзуяш амалӣ гашта, сангтарош ҳамоно аз офтоб ба абр табдил меёбад. Инак вай дунёро сайр карда, ба ҳама ҷой борон медод. Вале дар ин ҳангом аз куҷое шамол вазиду ӯро тит кард. Сангтарош ба тааҷҷуб афтид:

– Оҳ, ин шамоли беамон! Аз куҷое пайдо шуду маро андармон кард. Ҳоло бошад маро ба самти хостааш тела дода мебарад. Пас маълум мешавад, ки шамол дар табиат пурқувваттарин аст. Ман бояд шамол шавам!

Орзуи сангтарош амалӣ мешаваду инак ӯ мисли шамол ба чор тараф мевазад. Озодона дар ҳар макони олам гоҳе мисли тӯфон рафтор намуда, гоҳе насими форам барин мевазид. Аз ҳолаш хушнуд буд. Аммо ин хушнудияш ҳам дер давом надод. Ҳангоми сайру гашти озод, шамол ба деворе бармехӯрад. Ба девор назар карда мебинад, ки он кӯҳи азиме будааст. Ба азамати кӯҳ ҳасад бурда, орзу мекунад, ки ба кӯҳ табдил ёбад. Ин орзуяш ҳам амалӣ мешавад.

Инак ӯ мисли кӯҳи азимҷусса ва қавиирода дар маркази олам қомат афрохта, бо бузургияш мефахрад. Дар назари ӯ тамоми мавҷудот кӯчак ва заиф буданд. Сангтарош аз ин ҳолаш ба ваҷд омада, мағрур мешавад. Вале ин ҳангом ҳис мекунад, ки чизе ӯро аз дарун нороҳат карда истодааст. Садои тақ-тақ аз ҷисми азимаш пораҳои сангинро меканд. Кӯҳ дарк кард, ки кадом як махлуқи қавитаре ӯро заиф мекунад. Дарҳол назар карда мебинад – он як сангтарош аст!

–Чакидаҳо


Сулаймон Қонунӣ ва Меъмор Синон

Одам ва дунё

Олами зинда

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s