Принсипҳои ахлоқӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд (1)

Шинохти мухотаб

Дар мавзӯи таълим ва тарбия шинохти мухотаб аҳамияти хоса дорад. Вақте бо мухотаб аз наздик шинос нашуда, ба ӯ чизе таълим додан мехоҳем, ин амали мо метавонад дар ӯ аксуламал ва ё таъсири манфӣ ба бор орад. Чунин ҳолат новобаста ба синну соли мухотаб рух медиҳад. Аз ин рӯ, онҳое, ки аз олами маънӣ бохабар ҳастанд, чашми пурбин доранд ва одамро зуд мешиносанд, дар мавзӯи таълиму тарбия бештар муваффақ мешаванд.

Бинобар ин, пеш аз кӯшиши таълим додани кӯдак ҳолати рӯҳии ӯро омӯхтан зарур аст, то ки аз тарзи рафтори мо дар ӯ аксуламале ба вуҷуд наояд. Баъзе кӯдакон бо меҳрубонӣ, сила ва ҳадяву мукофот гапдаро мешаванд. Баъзе кӯдакони дигар ҳамон вақте аз саркашӣ рӯ метобанд, ки кас абрӯ дарҳам кашад, нисбат ба кӯдак бепарвоӣ зоҳир кунад ва ё гоҳе ӯро оҳиста гӯшмол диҳад… Аммо кӯдаконе, ки бо қоидаҳои аввалӣ гапдаро мешаванд, зиёдтаранд, чунки ин қоидаҳо бештар таъсир мекунанд. Накӯкорӣ, хайру эҳсон ва рӯйи хуш ба табиати инсон бештар хос буда, дар айни замон воситаи муассире мебошад, ки инсонҳоро ба ҳам меорад ва байни онҳо созишу ҳамдигарфаҳмиро таъмин менамояд. Вақте шумо тавассути меҳру муҳаббат ва бо тӯҳфаву мукофот ба фарзандони худ наздик мешавед, онҳо низ ба андешаву таклифҳои шумо эҳтиром мегузоранд.

Дарсҳо бояд тадриҷӣ бошанд

Шарти дигари тарбия аз он иборат аст, ки дар вақти таълим додан қонунҳои фитрӣ бояд ба инобат гирифта шавад ва ба саросемагӣ роҳ дода нашавад. Дар акси ҳол, ҳарфи мо таъсири худро гум мекунад. Дар ин мавзӯъ нуктаҳои зеринро ба назар гирифтан зарур аст:

1. Мо бояд аз рӯйи меъёрҳои муайян дарс гӯем… Вақте тарбиятгар чизеро, ки худаш иҷро накардааст, мегӯяд ва ё ҳар сухани рост омадаро ба забон меорад, он гоҳ суханҳои ӯ аз фоида дида, бештар зиён меоранд.

2. Вақте ба кӯдак чизе омӯхтанӣ мешавем, боазму босабр будани мо зарур аст. Таълим ва тарбияе, ки танҳо як муддат давом карда, қатъ мегардад ва ё вақте дар рафти таълим тарбиятдиҳанда босабрияшро аз даст медиҳад, ҳамаи ин ба кӯдакон зарар мерасонанд.

3. То замоне ки дарсҳои мо ба кӯдак таъсири пурра нарасонад, аз ӯ чизе интизор набояд шуд. Зеро вақте мо дар ин мавзӯъ ба ҳирсу бесабрӣ роҳ медиҳем, ин аз як ҷиҳат ба табиати инсон зид буда, аз дигар ҷиҳат инсон метавонад бо сабаби нагирифтани натиҷаи дилхоҳ ба ноумедӣ гирифтор шавад.

4. Вақте дарсҳои таълимиву тарбиявӣ ба кӯдак таъсир намекунанд, мо набояд ба талош оем. Зеро ин ҳамаи кӯшишҳои шуморо барбод медиҳад.

5. Дар мавзӯи тарбия муҳим ин аст, ки ақлу дил ва рӯҳи кӯдак баробар парвариш дода шавад. Барои ин шояд вақти зиёде зарур бошад, дар акси ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.

(давом дорад)


Усули 4 зарф

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Хушиву осоиш дар оила

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s