Принсипҳои ахлоқӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд (2)

Таҳаммулпазирӣ

Вақте кӯдак ба хатогӣ роҳ медиҳад, хатои ӯро нодида бояд гирифт. Хатои кӯдакро ба рӯяш гуфтан дуруст нест. Чунки ин ҳолат ӯро бешарм мекунад ва ӯ аз тарбият рӯ мегардонад. Агар шумо воқеан хоҳед, ки амали нодурусти кӯдакро ислоҳ кунед, пас набояд бевосита ӯро сарзаниш кунед. Беҳтар аст, ки дар чунин ҳолат дар назди умум аз рӯйи ақлу виҷдон хато будани он амалеро, ки кӯдак содир кардааст, фаҳмонед. Агар ин усул натиҷаи лозимиро надиҳад, пас худи ӯро дар алоҳидагӣ ба наздатон хонда, барояш талқин кунед, ки аз ӯ иҷрои чунин амалҳоро чашмдор набудед ва дар мавриди ӯ андешаҳои нек доред. Шояд, вақте шумо ба ӯ мегӯед, ки «Наход ту ҳам чунин кор кунӣ?», ин сухан ба ӯ аз садҳо насиҳат таъсири бештар расонад.

Мисол овардан

Вақте ба кӯдак дар мавзӯи хубӣ ва зебоӣ дарс меомӯзем, баъзе шахсиятҳое, ки дар он мавзӯъ қаҳрамониҳо нишон додаанд, бояд ба кӯдак ҳамчун мисол фаҳмонида шаванд. Ҳамчунин дар мавзӯҳои бадӣ ва бадкирдорӣ мисолҳои мушаххас овардан зарур аст. Зеро мисолҳои мушаххас барои бештар ҳадафрас ва таъсирнок шудани дарсҳои мо кӯмак мекунанд.

Ба кӯдакон идеал нишон диҳед

Мо бояд кӯдаконро дар рӯҳияи музаффарӣ тарбият кунем. Яъне мо бояд кӯдаконро чунин парвариш кунем, ки онҳо дар паҳн кардани афкори хубу зебо ва расонидани пайёми ҳақиқат ба тамоми дунё худро аз ҳама бештар масъул донанд ва ҳамчунин дар пайи ислоҳи бадиҳо бошанд. Дар он ҳолат, кӯдак дигар интизор намешавад, ки кай дигарон ба иҷрои коре ташаббус нишон медиҳанд ва низ ҳеҷ гоҳ иҷрои он кореро, ки ба ӯҳдаи ӯ гузошта шудааст, ба дигарон ҳавола намекунад.

Вақте кӯдакро дар рӯҳияи музаффарӣ тарбият карданӣ мешавем, ба ин ду нукта бояд аҳамият диҳем:

1. Мисолҳое, ки дар ин мавзӯъ оварда мешавад, бояд аз таърихи худи мо ва ҳамчунин аз зиндагии Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва саҳобагони ӯ бошад.

2. Дар вақти нақл кардани ҳодисаҳо набояд ба муболиғаи аз ҳад зиёд роҳ дод ва набояд ҳақиқатро ба афсона мубаддал сохт. Дар акси ҳол, ҳамаи воқеоти талқин кардаи мо рӯзе мисли пӯфаки дамдор мекафад ва дар сари кӯдак чизе боқӣ намемонад.

Ба кӯдак хушсуханӣ омӯзед

Ҳангоми тарбият додан ҳеҷ гоҳ аз калимоти қабеҳ ва ноҷо истифода набояд кард. Ба дашном, лаънатхонӣ ва таҳқир, ки ҳаргиз хосияти тарбиятгарӣ надоранд, қатъан набояд роҳ дод. Дар акси ҳол, мо ба ӯ чизе меомӯзем, ки аслан баръакси онро мехостем. Ҳамчунин рафтори мо боиси он мегардад, ки кӯдак нисбати хурдсолони дигар ҳамон тарзи сухангӯиро раво мебинад.

(давом дорад)


Принсипҳои ахлоқӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд (1)

Усули 4 зарф

Хушиву осоиш дар оила

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s