Принсипҳои ахлоқӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд (3)

Мувозинат дар дӯстдорӣ ва тарс додан

Вақте кӯдак каме ба воя расида, байни чап ва рост фарқ мегузорад, аз он дам ӯро аз рӯйи мувозинати дӯстдорӣ ва тарс тарбият бояд кард. Аслан, мавзӯи «хавфу риҷо» дар ҳаёти ҳар инсон унсури зарурӣ ба шумор меравад. Вақте мувозинати ин ду навъи эҳсос вайрон шуда, аз ҳарду яке афзун мешавад, он таъсири худро дар ҳаёти рӯҳии инсон нишон медиҳад. Воқеан, умеди неъмат ва андешаи уқубат бояд паҳлӯ ба паҳлӯ ва таъдибу иршод бар ба бар бошанд. Онҳое, ки соҳиби тавфиқ ва фазилат ҳастанд, бояд ба умеди мукофот бошанд ва онҳое, ки атрофиёнро тарсу озор медиҳанд, бо ҷазо таҳдид карда шаванд.

Таъдиб (адабомӯзӣ)

Дар баъзе ҳолатҳои зарурӣ кӯдакро оҳиста гӯшмол додан ҳам метавонад ба ҳалли масъала чора бошад. Вақте нафари калонсолтаре гуноҳ содир мекунад, ҷазои худро мебинад. Ҳамчунин вақте кӯдак ба синну соле мерасад, ки чапро аз рост фарқ мекунад, ӯ ҳам бояд барои амалҳои худ ҷавобгар дониста шавад. Дар ин ҳол ҳамчун чораи вопасин ӯро бо гӯшмоли оҳистае адаб омӯхтан мумкин аст.

Аммо дар ин мавзӯъ баъзе шартҳо муайян гардидаанд. Дар ҳоли иҷро нашудани ин шартҳо аз чораи мазкур набояд кор гирифта шавад. Шартҳои муайян инҳоянд:

1. Кӯдак бояд ба синни тамйиз (солимфикрӣ) расида бошад. Барои таъдиби кӯдакони хурдсолтар татбиқи ин усул раво нест.

2. Қабл аз татбиқи ин усул талаботи ҳамаи усулҳои дигар бояд иҷро гарданд. Дар акси ҳол, ин усул чораи вопасин намешавад, балки мустақиман василаи тарбият дониста мешавад.

3. Гӯшмол набояд ҷонхарош бошад.

4. Ҳангоми гӯшмол додан, агарчӣ гӯшмоли мулоим бошад, ба нуқтаҳои нозук, хусусан ба рӯй, набояд зарар расонд.

Ҳамчунин, гӯшмол додан набояд чораи доимӣ бошад, зеро он на ҳамеша таъсири мусбат медиҳад. Таъсири гӯшмол дар тарбият ба таъсири доруи карахткунанда монанд аст, агарчӣ муваққатан дардро гум мекунад, шифобахш нест. Бахусус, баъзан дигар навъҳои таъсир ҳам ба таъсири он омезиш меёбанд, ки аз онҳо эҳтиёт бояд шуд.

Дар оила бояд зиддият набошад

Дар мавзӯи тарбия муҳим аст, ки падар ва модар бо ҳам созиш дошта бошанд. Агар дар оила чунин як созиш набошад, яке аз волидон кори дуюмиро вайрон кунад, дуюмӣ сухани аввалиро такзиб намояд, дар чунин ҳолат кӯдак боварияшро нисбат ба ҳарду тарбиятгар гум мекунад ва онҳо эҳтироми фарзандро аз даст медиҳанд. 

Дар баробари риояи ҳамаи принсипҳои боло қоидаи дигаре ҳаст, ки аз ҳамаи дигарҳояш муҳимтар ба шумор меравад. Талаботи ин қоида аз он иборат аст, ки принсипҳои номбаршуда бояд доимӣ, бо камоли ҷиддият ва тамоми умр риоя гардад. Яъне ба хотири эътиқодманд ва самимӣ будани кӯдак эътиқодмандиву самимият дар ҳар рафтори тарбиятгари ӯ бояд дида шавад. Агар хоҳем, ки кӯдак ҳамаи ӯҳдадориҳои худро ба ҷо орад, мураббии ӯ бояд дар иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳои худ расми назокат ба ҷо оварад. Ба хотири эҳтиромкор будани кӯдак волидони ӯ бояд нисбат ба калонсолони худ эҳтиромкор бошанд. Тарбиятгарон дар ҳама мавзӯъҳо; дар хӯрдану ошомидан, хоб кардан ва хестану пӯшидан бояд ба тамоми нозукиҳо риоят кунанд. Агар мо хоҳем, ки фарзандони мо нисбат ба баъзе шахсиятҳо эҳтиром ба ҷо оранд, дар вақти ба забон гирифтани номи онҳо худ бояд расми эҳтиром ба ҷой орем.


Принсипҳои ахлоқӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд (1)

Принсипҳои ахлоқӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд (2)

Хушиву осоиш дар оила

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s