Шуури сарватмандона ва камбағалона (1)

 

Инсон мавҷудест, ки ҳамеша дар талошу ҷустуҷӯ мебошад. Ҳарчанд дар зоҳир чунин талошҳо хеле номуваффақу бемақсад менамоянд, аммо боз ҳам бо нерӯи тоза ғайратро аз даст надода, ба пеш ҳаракат мекунад. Маҳз бинобар ин ҷаҳди моддӣ-маънавӣ Офаридгор дари хазинаҳои беохирро ба рӯяш боз мекунад. Вале аз ин ҳам муҳимтар ба даст овардани ризои Ӯ мебошад, ки ҷаҳду талошҳои мазкурро бештар намуда, оқибат кас ба соҳили саломат мерасад.

Азбаски инсон дар ин олам бинобар тавоноии ҷисмонияш маҳдуд аст, ӯро лозим меояд, ки барои пайдо намудани ризқу рӯзӣ нақшаҳо кашида, доим дар ҳаракат бошад. Дар ҳамин нуқта башарият бинобар дороии моддияш ба сарватмандону камбағалон тақсим мешавад. Аз ин рӯ хостем бинобар мушоҳидаҳои равоншиносон доир ба тарзи андешаронии ин ду зумра маълумот диҳем, зеро қарор ва нияти сарватманд ё камбағал шудан, сараввал дар мағзи сар ҳаллу фасл мешавад:

– Сарватманд вақт ва  маблағи  хешро сарфакорона истифода мебарад, аммо камбағал тамоми умр, саломатӣ, охирин торҳои асаб, ҳузури оилавӣ, лаҳзаҳои нотакрори зиндагии худро қурбони пул мегардонад;

– Камбағал одати то охирин танга харҷ кардани буду нобудашро дорад, аммо сарватманд ҳатман аз даромади хеш пасандоз ҷудо карда, дигар онро дар ягон мавриди зиндагӣ то ба ҳадаф расидан, сарф намекунад;

– Камбағал даромади андакро пул намеҳисобад ва шуури тасарруфкуниро надорад, аммо сарватманд шуури аз даромади андак нафъи бештар бардоштанро дорад;

– Камбағал, ҳангоми харид аз савдо карда баарзонӣ гирифтани молу хизматрасонӣ ор мекунад, вале сарватманд ҳатман тахфиф талаб мекунанд;

– Камбағал аксар вақт гӯё тасарруф карда, маҳсули пастсифатро бо нархи арзон мехарад ва оқибат дар зарар мемонад, вале сарватманд барои рафъи ҳоҷат каме гаронтар ҳам бошад, маҳсули боисфат мехарад;

– Сарватманд ҳеҷ гоҳ бинобар қарорҳои фаврӣ харидҳои ногаҳонӣ намекунад, вале камбағал маҳсулеро, ки умуман дар нақша надошт, дар натиҷаи таъсири ҳавас ё тарс баногоҳ харид мекунад;

– Сарватманд тасарруфкорона зиндагӣ карданро авло медонад, аммо камбағал бештар исрофкорона ба сар бурданро меписандад;

– Камбағал бенақша амал карданро пеша мекунад, аз ин рӯ бо харҷи нерӯи зиёд, бар ивази меҳнаташ фоидаи камтар мегирад, вале сарватманд ҳар қадамашро бо нақша зада, доим дар пайи нафъи бештар гирифтан андеша меронад;

(давом дорад)


Дар ҷустуҷӯи худ

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (1)

Имрӯз ҳаёти ман дигарбор оғоз меёбад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s