Шуури сарватмандона ва камбағалона (2)

– Сарватманд сармояашро барои коре пасандоз мекунад, ки даромади иловагӣ меорад, вале камбағал барои бештар сарф намудан пасандоз мекунад;

– Сарватманд кӯшиш мекунад, ки бо андак сармоя даромади зиёд ба даст орад, вале камбағал ҳамон сармояи андакро ҳам аз даст медиҳад;

– Сарватманд хароҷоташро зери идора қарор медиҳад, аммо камбағал намедонад, ки пулҳояш чӣ гуна харҷ мешаванд;

– Камбағал ҳамеша дар фикри нафси хеш аст ва аз хайр кардан ҳарос дорад, вале сарватманд, ки аз одоби “дасти медода аз дасти мегирифта волотар аст” бархӯрдор аст, хайр карданро пеша мекунад, зеро баракати корро Офаридгор маҳз дар ҳамин одоб пинҳон кардааст;

– Пул барои камбағал ҳадафи ниҳоӣ аст, вале барои сарватманд пул танҳо васила мебошад;

– Сарватманд пулро идора мекунад, вале камбағалро пул идора мекунад;

– Камбағал доим қарздор мезияд; сарватманд ба ҳар кас қарз намедиҳад;

– Сарватманд ҳисоби амиқу дақиқ дошта, масъалаҳои мушаххасро фикр мекунад, вале камбағал нақшаи нимрӯза ҳам надорад;

– Камбағал ҳамеша худро муҳтоҷ ҳис мекунад, вале сарватманд ҳангоми мушкилот низ асолатро аз даст намедиҳад;

– Сарватманде, ки ба арзишҳои маънавӣ арҷ мегузорад, ӯро молу мулки дунё ҳам иваз намекунад, вале камбағал дар ҳама ҳолат камбағал аст;

– Сарватманд саҳарӣ пеш аз офтоб мехезад, вале камбағал баъд аз тулӯъ;

– Камбағал сарватмандро бад мебинад, аммо сарватманд худро бо ин гуна корҳои абас овора намекунад;

– Сарватманд ба суханҳои камбағал гӯш медиҳад, аммо камбағал сарватмандро намешунавад;

– Камбағал ҳангоми сар задани мушкилот айбдорро меҷӯяд, аммо сарватманд дар ҳама ҳолат роҳҳои ҳалро ҷӯё мешавад;

– Камбағал дар ҳама кор шитобкору бесабр аст, вале сарватманд дар ҳама ҳолат мулоҳизакору ботамкин аст;

– Агар камбағал даҳ қадами баъдро фикр карда қазоват кунад, сарватманд даҳ соли баъдро ба назар гирифта нақшаҳо месозад;

Шуури сарватмандона сараввал ирода ва матонати қавӣ аст ва баъд аз он дороии молӣ мебошад. Ҳарчанд дар оламе ба сар мебарем, ки ченаки сарватмандӣ молу мулк ба ҳисоб меравад, вале ахлоқи корӣ ва дурустии инсон бойигарие мебошад, ки касро аз дороии моддӣ дида, иззату зинати бештар мебахшад. Бинобар ин сарватманде дорои шуури камбағалона ва камбағале дорои шуури сарватмандона вуҷуд дошта ҳам метавонад. Аз ин рӯ “камбағалон”-ро лозим меояд, ки сараввал аз ин гуна одоби корӣ ва ахлоқи ҳамида бархӯрдор шаванд.

То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Саъдӣ Шерозӣ

–Нилуфари Ҳайдаршоҳ


Агар сарватманд шудан хоҳед…

Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Пайроҳаи муваффақият возеҳтар гашт!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s