Рамазон ва рӯзадории Фахри олам (1)

Рӯзаи моҳи шарифи рамазон соли дуюми ҳиҷрӣ барои кулли мусулмонон фарз гардонида шуд. Ҳамин тавр ба асҳоби киром муяссар шуд, ки бо Расули акрам (с.а.в) расо нӯҳ сол рӯза гиранд. Бешубҳа, ҳамроҳи Фариди кавну замон (с.а.в) ҳар рӯзи рамазон саҳур ва ифтор кардан, ба он кас иқтидо намуда ҳамроҳашон намози таровеҳ гузоштан боиси ноилшавӣ ба файзу баракати бештар дар ин моҳи муборак буд. Аз ин рӯ хостем доир ба лаҳзаҳои нотакрори “асри саодат”, ки Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) моҳи шарифи рамазонро чӣ гуна эҳё мекарданд, аз забони саҳобагони мумтоз ривоят кунем.

Расули акрам (с.а.в.) дар арафаи моҳи шарифи рӯзадорӣ бо василаҳои гуногун, ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман, барои барҳақ баҳраманд шудан аз ин моҳ умматро бедор мекарданд. Ҳамин тавр рӯҳи муъминонро ба ваҷд оварда, дар дили онҳо ҳаяҷони фарорасии моҳи шарифро зинда медоштанд. Ибни Ҳиббон аз Салмони Форсӣ (р.а) ба ин маъно ривоят мекунад, ки Ҳабиби акрам (с.а.в) пеш аз омада расидани моҳи рамазон мусулмононро аз фазилату рӯзона фарз гардидани рӯзадорӣ ва шабона иқомат кардани намози нофилаи таровеҳ дар ин моҳ огоҳ мекарданд. Дар ин моҳ шабе мавҷуд аст (Шаби Қадр), ки аз ҳазор моҳ дида хайри касир дар он нуҳуфта аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳар бандае дар ин моҳ бо амали хайри кӯчаке ҳам бошад, сирф барои ба даст овардани ризои Офаридгор ҷаҳд мекунад, савоби он ба савоби ибодати фарзии моҳҳои дигар баробар аст. Ва ҳар кӣ дар ин моҳ як ибодати фарзиро ба ҷой меорад, дар назди даргоҳи илоҳӣ савоби он ба савоби 70 ибодати фарзии моҳҳои дигар баробар мебошад. Ин моҳи сабр аст ва аҷри сабр ҷаннат аст!

Убода ибни Сомит (р.а) аз Расули акрам (с.а.в) ба ин маъно ривоят мекунад, ки дар давоми моҳи шарифи рамазон аз хазинаи илоҳӣ раҳмат ва баракати фаровон ба рӯйи бандагон ҳамчун борон меборад. Дар ин моҳ гуноҳҳо бахшида мешаванд ва дуоҳо мақбул мегарданд. Офаридгор ба сӯйи бандагони хайрпеша назар карда, дар назди аҳли само бо муъминони саховатпешаву дасткушод мефахрад. Ва бадбахт нафарест, ки дар ин моҳ аз раҳмати Офаридгор бенасиб мемонад.

Расули акрам (с.а.в) барои хӯрдани саҳурӣ ташвиқ мекарданд

Фахри олам (с.а.в) барои ба саҳархӯрӣ хестан умматро ташвиқ мекарданд. Дар аксар аҳодиси худ, Расули акрам (с.а.в.) доир ба фазилат ва баракти саҳурӣ зикр кардаанд. Мо танҳо яке аз он ҳадисҳоро ин ҷо меорем: “Саҳурӣ хӯрдан сабаби баракат аст. Агар аз миёни шумо касе барои нӯшидани як ҷуръа об ба саҳур хезад ҳам, онро тарк накунад. Зеро Худованд онҳоеро, ки дар саҳур мехӯранд ва менӯшанд, раҳмат мекунад ва фариштагон баҳрашон талаби мағфират менамоянд” (Аҳмад б. Ҳанбал, “Муснад”).

(давом дорад)


Рамазон ва раҳоӣ аз таъсири заҳрноки олами рақамӣ

Эҳсосӣ, фаъол ва проактив

Занҷирро машикан!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s