Рамазон ва рӯзадории Фахри олам (2)

Тиловати Қуръонро зиёд мекарданд

Моҳи шарифи рамазон ба сони манзари охират аст. Зеро иқлими ин моҳ дар меҳвари уқбо ҷараён мекунад. Рамазон моҳи ибодат аст. Аз ин рӯ бо расидани моҳи шариф Расули акрам (с.а.в) аксари вақтро бо ибодат гузаронида, зикр ва тиловати Қуръони Каримро зиёд мекарданд. Ҳамин тавр даҳаи охири рамазонро аз ин ҳам бештар бо ибодат машғул мешуданд.

Бинобар ривоёти асҳоби киром Фариди кавну замон (с.а.в) ҳар шаб бо Ҳазрати Ҷаброил (а.с) вохӯрда, бо навбат ҳамроҳ Қуръон мехонданд. Ин суннати Ҳабиби акрамро (с.а.в) имрӯз мусулмонон дар шакли “муқобала”, яъне рӯ ба рӯи ҳам нишаста бо навбат Қуръон хондан, ба ҷой меоранд.

Дар моҳи шариф баландҳимматтар мегаштанд

Саҳобагони киром сифати Паёмбари раҳматро (с.а.в) чунин баён мекарданд: “Кона аҷвад-ун-носи ва кона аҳсан-ун-носи”, яъне Расули акрам (с.а.в) сахитарин ва зеботарини мардумон  буданд. Бахусус дар моҳи шарифи рамазон саховатмандӣ ва баландҳимматии Ҳабиби зишаън (с.а.в) боз ҳам бештар гашта, ба зирва мерасид. Ҳазрати Ибни Аббос (р.а) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с.а.в) дар саховтамандӣ ҳамто надошт. Бахусус олиҳимматии Ҳабибуллоҳ (с.а.в) дар моҳи Рамазон авҷ гирифта, маҳз баъд аз дидорбинӣ бо Ҳазрати Ҷаброил (а.с) он дучанд мегардид.

Дар вақти ифтор пурхӯрӣ намекарданд

Бе ягон шубҳа гуфтан мумкин аст, ки дастархони ифтории Расули акрам (с.а.в) ба дастархонҳои ифтории имрӯзаи мо монанд набуд. Ҳарчанд мо дар вақти ифтор то серӣ ва аз он ҳам бештар меъдаро бо хӯроку машрубот пур мекунем, Султони коинот (с.а.в) ҳаргиз аз сари дастархон бо шиками пур барнахостаанд. Зеро ҳадаф аз ғизогирии он кас қуввагирӣ барои бе мамоният ба ибодат рӯ оварда, ҳаётро идома додан буд. Аз ин ҷост, ки Ҳазрати Оиша (р.анҳа) чунин гуфтаанд: “Пас аз вафоти Расули Худо балои аввалине, ки ба сари уммат омада зад, серхӯрӣ буд”.

Ҳазрати Анас (р.а) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с.а.в) ҳангоми расидани вақти ифтор пеш аз иқомат кардани намози шом рӯзаашонро бо якчанд хурмои тару тоза мекушоданд. Агар хурмои тару тоза набошад, бо хурмои хушк рӯзакушоӣ мекарданд. Ва агар хурмои хушк ҳам пайдо накунанд, бо чанд қулти об рӯза мекушоданд. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки ҳам аз ҷиҳати эҳёи суннати Ҳабибуллоҳ (с.а.в) ва ҳам аз ҷиҳати саломатии кас, баъд аз садо додани азон бо хурмову об рӯза кушода, аввал намози шомро ба ҷой овард. Баъдан сари дастархон нишаста, ифтор кардан аз ҳикмат холӣ набояд бошад.

Намози таровеҳро иқомат мекарданд

Расули акрам (с.а.в) доир ба аҳамият ва фазилати иқомат кардани намози таровеҳ асҳобро зиёд хабар додаанд. Ба муъминон доим талқин мекарданд, ки аз баракати ин намоз бебаҳра намонанд. Ҳабибуллоҳ (с.а.в) фармудаанд: “Ҳар кӣ намози таровеҳро иқомат намуда, мукофоти онро танҳо аз Худованди Карим мунтазир шавад, гуноҳҳои хурди гузаштааш бахшида хоҳанд шуд”. Дар замони Расули акрам (с.а.в) уммат намози таровеҳро дар масҷидҳо бо ҷамоат ба ҷой намеовард. Танҳо якчанд маротибае буд, ки Паёмбари гиромӣ (с.а.в) бо ҷамоат намози таровеҳро иқомат кардаанд. Вале баъд аз вафоти Паёмбари акрам (с.а.в) дар даврони хилофат Ҳазрати Умар (р.а) доир ба ин масъала иҷтиҳод намуда, қарор медиҳад, ки минбаъд намози таровеҳ дар масҷидҳо бо ҷамоат иқомат карда мешавад. Худованди Карим аз Ҳазрати Умар (р.а) абадан розӣ бошад ва чунин иҷтиҳодашро василаи раҳмат бар муъминон гардонад. Омин!

– таҳияи Низом Зарифӣ


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s