Омилҳои рушди фарзанд

Аз рӯзи аввали чашм ба олам кушодани тифл волидайн дар орзуи камолоту рушди солими зеҳниву ҷисмии ӯ мекӯшанд, то роҳҳои имконпазири таълиму тарбия доданро тай намоянд. Бештари волидоне, ки дар ин ҷода муваффақ мешаванд, як шахсияти соҳибфикру боиродаро ба ҷомеаи мо мебахшанд, ки онҳо барои дигарон намуна гашта, ҳамсолони худро водор ба пайравӣ ва волидони онҳоро умеду боварӣ ба ояндаи дурахшон медиҳанд. Ҳамин тариқ насли намунаи башарият сабзидан мегираду ҷомеаи орзуҳои даврони истиқлолият ташаккул меёбад.

Ҳарчанд камбудиҳову нуқсонҳо дар масъалаи рушди бофарҳангу пешрафта ва соҳибидроки насли нави мо зиёд бошад, боз ҳам натиҷаҳои бист соли охир боиси шукр аст. Имрӯз ҷавонони зиёде вомехӯранд, ки дар муқоиса ба бист сол пеш бо афкори солиму барҷаста ҳаёти худро бар дасти худ гирифта, фикру мулоҳизаҳои пешрафтаву андешаҳои солимро дар ҳама риштаҳои зиндагӣ доро ҳастанд. Аз интихоби мактаби миёна то донишгоҳ ва аз интихоби ҳамсари оянда то роҳи фардояшон бо камоли ҷиддияту заковат дарҳои эътимодро бар мо боз кардаанд. Ҳол он ки солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷавонони зиёде дар зери таъсири афкори беруна ҳатто шуури интихоби фарҳангии худро надоштанд. Таъсири маъюсиву беҳавсалагӣ ончунон зиёд буд, ки якчанд қадами пештари умри худро ба нақша гирифта наметавонистанд. Пас, рушди тафаккури созандаи насли истиқлолияти мо омилҳои зиёди хушнудкунандаро дорост, ки ҳамагон шоҳиди он гашта истодаем ва қобили зикрро надорад.                                                                                                

Мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки бо вуҷуди фароҳамии имкониятҳо дар роҳи сохтмони имрӯзу фардои насли ҷавон, ки пояи устувори фардои равшани кишвари азизамонро месозад, бояд омилҳои қавитарин таҳти таваҷҷӯҳи зиракона қарор дода шаванд. Ин омилҳои садсолаҳост маъруфу кафили натиҷаҳои пурборанд. Тафаккуру тадаббур бошад, дар муҳимтарин масъалаи ҳаётии ҷомеа – коштани тухми саодат тариқи насли ҷавони созгор ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад. Ин омилҳое, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сарфи назар шаванд ва ба муассириашон ба чашми кам дида нашаванд, аз ҷониби мутафаккирони тоҷик – Унсурулмаолии Кайковус дар “Қобуснома”, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар “Ахлоқи Муҳсинӣ”, Муҳаммад Ғаззолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” ва амсоли дигар чунин арзёбӣ шудаанд: волидайн, муаллим, дӯст, ҷомеа.

Волидайн

Дар ҳақиқат, волидайни дурусту росткор ва соҳиби идроки қавӣ ҳам аз ҷиҳати биологӣ ва ҳам аз ҷиҳати психологӣ аввалин омили рушди босуботи насл мегарданд. Масалан, олимони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки интеллекти кӯдаки навзод ба пуррагӣ аз модараш ба ирсият гирифта шудааст, ё худ равоншиносон ташхис кардаанд, ки кӯдаки чорсола дар як рӯз анқариб 400 суол медиҳад, ки мусаллам аст посухгӯяндаи беҳтарини он падараш маҳсуб меёбад.

Мураббӣ ва муаллим

Ин шахсиятҳои муҳими ҷомеасоз боиси гузоштани хиштҳои аввалини мафкураву дониши толибилм барои тамоми умри минбаъдаи ӯ мегарданд. Худи ояти қуръонӣ кофист, ки фармони “Бихон!”-ро таъкид мекунад ва хондан ба маъниҳои фаровони таълиму тарбия далолат мекунаду муаллим дар ин роҳ нақши калидиро мебозад.                             

Дӯст

Дар урфият мегӯянд: “Бигӯ дӯстат кист, ман мегӯям, ки ту кистӣ!” Ин ҳикмат миёни халқ асрҳо боз дар таҷрибаҳо исбот наёфтааст. Дӯстон тамоми рӯз ҳалқагири фарзанд ҳастанду тамоми шаб дар хаёлу андешаҳояш. Ҳар як ҳаракату ҳар як машғулияту ҳар як фикру хулосаҳои онҳо мисли тири нишонрас бар майнаи сараш ҳадафгузоранд.

Ҷомеа

Афроди гирду атрофи фарзанд низ решаи мустаҳками ҷаҳонбинии ӯро ташкил медиҳанд. Агар ба таърих назар афканем, ҷомеаи волои ташаккулдодаи амирону вазирони Сомониро мебинем, ки барои тарбия ёфтани садҳо олимони бузургу парҳезгору хидматгори аҳли башар муҳит фароҳам оварда буданд.

Имрӯз замони умеду масъулият расидааст, то омилҳои мазкурро, ки дар пайи худ садҳо омилҳои дигарро падид меоранд, зери назар ва амали ҷиддии худ дар роҳи рушду камолоти насли башар қарор диҳем. Ин тафаккури созандагони асили ҷомеаи ободу намунавист. Ниҳоли коштаи мо боиси шукуфоии боғи ояндаи кишвари соҳибистиқлолу соҳибтамаддунамон хоҳад гашт.

–Нилуфари Ҳайдаршоҳ


Фирефтаи қолабҳои сохта шуда, ба мино барнахӯред!

Даҳаи умри инсонӣ

Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст (2)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s