Ҷойи сармураббиёни афсонавӣ одатан холӣ мемонад (1)

Номи Алекс Фергюсон ва Арсен Венгер, бешубҳа, барои ҳар як мухлиси футбол ошноанд. Алекс Фергюсон дар садри дастаи футболи «Манчестер Юнайтед» ва Арсен Венгер дар «Арсенал» анқариб чоряк аср салтанат ронданд. Моҷарои Фергюсон соли 1986 оғоз гардида, тобистони соли 2013 хотима ёфт ва дар ҷаҳони футбол ҷоизае набуд, ки мутахассиси шотландӣ ҳамроҳи дастааш бурд накарда бошад. Саргузашти Арсен Венгер бошад бо тими лондонӣ тобистони соли 1996 шуруъ гардид. Солҳои зиёд ҳаводорони футбол шоҳиди рақобати ин ду абармарди майдони футбол буданд. Вале 2-3 соли охир шогирдони Венгер ҳамон бозии ҷолибу зебои худро, ки ҳазорон мухлисро мафтун карда буд, гум карданд. Мавсими сипаришуда «Арсенал»-и Венгер дар Лигаи Аврупо ҳунарнамоӣ кард. Мавсими оянда низ лондониҳои дар ин мусобиқот баромад хоҳанд кард. Ин раванд барои роҳбарони бошишгоҳи лондонӣ, ки ҳадафҳои волотар доранд, писанд нест. Пас аз 22 сол мутахассиси фаронсавӣ қарор дод аз курсии худ барканор шавад. Бале, Венгер рафт. Вале суоли матраҳ ин аст, ки ба курсии ӯ кӣ мешинад? 

Мухлисон ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯи ӯ мебошанд

Замоне, ки Фергюсон пас 27 соли фаъолияти пурсамари худ ба истеъфо рафт, ҳамагон ҳайрон буданд, ки садорати клуби манчестерӣ ба мақоми вай киро меорад. Зеро дар назари мухлисон «Манчестер Юнаҷтед» бе Фергюсон ҳеҷ буд. Вале новобаста ба ин ҳадди ақал нафаре лозим буд, ки «Манчестер Юнайтед»-ро дар рақобатҳои чемпионӣ нигоҳ дорад ва ҳам дастовардҳое, ки ба шаъни даста лоиқанд, бурд бикунад. Фергюсон қабл аз рафтан интихоби худро аллакай карда буд. Номзади ӯ ҳамватанаш, Дэвид Мойес буд. Мойес 11 сол дастаи «Эвертон»-ро роҳбарӣ мекард. Вай ҳамчун мутахассиси бомаҳорат дониста мешуд. Дастааш дар «Премйер лига»-и Англия хуб ҳунарнамоӣ мекард. Фергюсон ба Мойес боварӣ ва умеди зиёд дошт. Аммо вай ба фишори чунин интизориҳо тоб оварда натавонист. Ҳатто то охири мавсим кор накрда, аз даста ронда шуд.

Луи Вангали соҳибтаҷриба дар миёнаи мавсим Мойесро иваз намуд. Ин мутахассиси ҳолландӣ дар ҷаҳони футбол нафари муваффақ шумурда мешуд. Аммо ӯ низ ба дардҳои мухлисони манчестерӣ марҳам шуда натавонист. Дар замони роҳбарии ин ду мураббӣ «Манчестер» ҳатто ба чаҳоргонаи аввал шомил шуда натавонист. Соли 2016 бошад ба шаҳри Манчестер «Special one» Жозе Моуриню омад. Моуриню ҳар дастаи ба ӯҳда гирифтаашро ҳатман ба қаҳрамонӣ меоварад. «Порто», «Челси», «Интер», ва «Реал»-и Мадрид аз зумраи он тимҳо мебошанд. Аммо ин навбат бахташ омад накард. Дар мавсими аввали Моуриню «Юнайтед» натавонист дар «Big four» (Чаҳоргонаи аввал) қарор бигирад. Танҳо муваффақият дар мусобиқоти Лигаи Аврупо тавонист дарди мухлисони «сурхпӯш»-ро каме таскин бахшад. Ин мавсим бошад дар пойгаи чемпионӣ пас аз ҳамакнун чемпиони феълӣ – «Манчестер Сити» дар зинаи дуюм қарор дорад. Мухлисони «Манчестер Юнайтед» бошанд ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯи рӯзҳои нек бо Фергюсон ҳастанд.

 Рекорди Венгер ҳанӯз ҳам пойдор аст

Эҳтимол, «Арсенал»-ро низ чунин рӯзҳо интизоранд. Замоне ки Венгер роҳбарии тими лондониро ба ӯҳда гирифт, лондониҳо аз рақобатҳои чемпионӣ маҳрум буданд. Венгер дар замони роҳбарияш футболбозони зиёди фаронсавиро, ки ба тарзи бозии ӯ мутобиқ буданд, ба даста шомил намуд. Тӯбро ҳар чӣ зиёдтар дар ихтиёр доштан, бартарият дар мавқеъҳо ва футболбозони тезпо – ин буд фалсафаи Венгер. Дар муддати кӯтоҳ «Арсенал» тавонист ба ҳокимияти «Манчестер Юнайтед» дар майдони футбол хотима бахшад. Ин заҳматҳои Венгер дар соли дуюм самара ба бор овард. «Арсенал» мавсими дуюмро бо қаҳрамонӣ ҷамъбаст намуд. Тими лондонӣ ба туфайли маҳорату малакаи ситораҳо, чун Тийери Анрӣ, Патрик Вийера, Денис Беркамп, Тони Адамс ба рақиби асосии «Манчестер Юнайтед» табдил ёфт. Арсен Венгер дар мавсими 2001-2002 ва 2003-2004 «Арсенал»-ро ба қаҳрамонӣ овард. Ба хусуси қаҳрамонии сеюм ва вопасини ҷаноби Венгер дар таърих монд. Чунки «Арсенал» он мавсим бидуни мағлубият қаҳрамони «Премйер Лига»-и Англия гардид, ки дар таърихи ин мусобиқот бори аввал ба шумор мерафт. Рекорди Венгер ҳанӯз ҳам пойдор аст.

(давом дорад)


Қаҳрамонҳои илҳомбахш

Футболбозоне, ки боре ҳам аз майдон ронда нашудаанд

10-и “Реал” то ҳол соҳиби ҳақиқияшро пайдо накардааст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s