Ҷойи сармураббиёни афсонавӣ одатан холӣ мемонад (2)

Кори Венгер қаноатбахш набуд

Пойгаи қаҳрамонии «Премйер Лига» солҳои зиёд миёни «Арсенал» ва «Юнайтед» ҷараён дошт. Аз соли 2003 «Челси» ва аз соли 2008 бошад «Манчестер Сити» ба ин рақобати ашаддӣ шомил шуданд. Сармояи миллиарддори рус Роман Абрамович тими «Челси»-ро хело боқувват ва рақобатпазир кард. Бо тағйир ёфтани мувозинати қудратҳо барои «Арсенал» солҳои машаққатбор оғоз ёфта буданд, лекин ба ин нигоҳ накарда, Венгер тавонист дастаашро дар чаҳоргонаи аввал ҳифз кунад. Ситораҳои даста ба ваъдаи сармоя ва музаффариятҳои бештар ба тимҳои пурқувваттар мегузаштанд. Венгер пеши роҳи онҳоро нагирифт. Бар ивази футболбозоне, ки тарки Лондон карданд, Арсен Внегер гузаришҳои ба исобат ҳам анҷом надода натавонист. Албатта, ки ин раванд мухлисони «Арсенал»-ро рӯҳафтода карда буд ва рӯз аз рӯз эътирози онҳо зиёдтар мешуд. Ду мавсими охир шогирдони Венгер аз чаҳоргонаи аввал берун монданд ва мавқеи ӯ тангтар шуд. Ва ниҳоят саргузашти 22-солаи Арсен Венгер ба поён расид. Арсен Венгер ҳамроҳи «Арсенал» 3 маротиба қаҳрамони «Премйер Лига» ва 7 маротиба ҷоизаи «FA Cup» ва «FA Community Shield»-ро ба даст овардааст.

Унай Эмери мураббии нави «Арсенал»

Рӯзҳои наздик мутахассиси испанӣ Унай Эмери мураббии нави «Арсенал» таъин гардид. Ба курсии холимондаи Венгер мутахассисони муваффақе чун Луис Энрике, Карло Анчелоттӣ, Маурисио Сарри, Давид Мойес, Йоахим Лёв номзад буданд. Вале қарори роҳбарияти «Арсенал» болои Эмери қарор гирифт. Эмери мутахассиси ботаҷриба ва муваффақ дониста мешавад. Ҳамроҳи «Севилия» се маротиба пайиҳам ҷоми «Лигаи Аврупо»-ро ба даст оварда буд. Бо тими «ПСЖ» низ фаъолияти хуб нишон дод. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё Унай Эмери метавонад курсии холии Венгерро ба маънои томаш пур кунад.

Пур кардани курсии як мураббие ки солҳои зиёд фаъолият кардааст хеле мушкил аст. Масалан «Боруссия»-и Дортмунд ҳанӯз ҳам нафареро пайдо накардааст, ки монанди Юреген Клопп ҳунарнамоӣ нишон бидиҳад. Клопп солҳои 2008-2015 дастаро роҳбарӣ карда, 2 маротиба «Боруссия»-ро қаҳрамони «Будеслига» кард ва 1 бор ҳам то финали «Лигаи Қаҳрамонҳо» бурд. То ин дам дортмундиҳо 3 мураббӣ иваз намдуданд, вале ҳанӯз ҳам корашон омад накарда истодааст. Томас Шафф солҳои тӯлонӣ дар ҳайати «Вердер»−и Бремен бозӣ кард. Соли 1999 бошад роҳбарии ин дастаро ба ӯҳда гирифта, то соли 2013 дар ин симмат хизмат кард. Дар замони Шафф «Вердер» бозии диданӣ нишон дода, ба яке аз дастаҳои пурқуввати «Бундеслига» табдил ёфта буд. «Вердер» ба туфайли заҳматҳои Шафф 1 бор қаҳрамони «Бундеслига» гардида, 3 маротиба «Ҷоми Олмон»-ро ба осорхонаи худ гузоштааст. Пас аз рафтани ӯ бремениҳо 4 маротиба мураббӣ иваз намуданд, вале даста натавонист бозии худро ба сатҳи пештара барорад. Бинобар ин ҳоло ба як дастаи миёнаи «Бундеслига» табдил ёфтааст.

–Достиев Неъмат


Ҷойи сармураббиёни афсонавӣ одатан холӣ мемонад (1)

Футболбозоне, ки боре ҳам аз майдон ронда нашудаанд

10-и “Реал” то ҳол соҳиби ҳақиқияшро пайдо накардааст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s