Бо Facebook ба куҷо равонаем? (1)

Пӯшида нест, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ як бахши асосии ҳаёти моро ташкил медиҳанд. Бо онҳо мо ҳамарӯза сару кор дорем. Навигариҳои оламро мехонем, аксу навор мебинем, агар онҳо маъқуламон шуданд, ба дӯстонамон мефиристем. Ягон рӯйдоди нави зиндагиамонро кӯшиш мекунем, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ёру рафиқонамон пешкаш намоем. Ба ибораи дигар, шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мо торафт ҷойгоҳи муайянеро соҳиб мегарданд. 

Алалхусус шабакаи Facebook имрӯз ба як майдони фарохе табдил ёфтааст, ки ба қавле «ҳар чӣ хостем мекорем ва ҳар чӣ хостем медаравем». Албатта, мавҷудияту фаъолияти Facebook бо ин дастрасӣ ва содагӣ моро, яъне истифодабарандагонро хушҳол месозад. Дилхушӣ мекунем, завқ мебарем. Аммо фаромӯш кардан ҳам даркор нест, ки ҳар чиз баробари фоида зарар ҳам дорад. Вақте истифодаи он аз меъёр гузаштаву ба ифрот расид, ҳатман зарараш бештар мегардад. Чунончи назар ба гуфтаи кормандони худи Facebook: «Ин шабака метавонад сохти ҷамъиятро халалдор созад».

Барои шинохти дуруст доштан ва ташхис карда тавонистан, ки то куҷо Facebook қодир аст ритми зиндагии моро дигар кунад, ё моро «асир» гирад ва ё ба як «робот» табдил диҳад, аввал бояд доир ба ташкил ва заминаҳои пайдоиши худи шабака ва тадриҷан эътирофу шуҳрат ёфтани он маълумот дошта бошем.

Facebook. Пайдоиш ва маҳбубияти он

Тибқи иттилои сарчашмаҳо ва маълумотномаи худи Facebook, он чоруми феврали соли 2004 аз ҷониби донишҷӯи Донишгоҳи Ҳарвард – Марк Зукерберг бо номи «The Facebook» ташкил карда шудааст. Дар ибтидо он барои байни ҳам иртибот намудани донишҷӯёне, ки дар Ҳарвард таҳсил мегирифтанд, сохта шуда, як барномаи ройгон буд. Лек дар як муддати кӯтоҳ ба истифодабарандагон писанд омада, берун аз Ҳарвард низ таваҷҷуҳи зиёд ёфт. Сипас, роҳбари Facebook пеши худ мақсад гузошт, ки аз тариқи ин сомона бо дӯстон пайваста робита намудани инсонҳоро таъмин мекунад. Истифодабарандагони Facebook барои робита барқарор кардан бо дӯстон аз матнҳо, хотирот, баёни аҳвол, аксу навор ва ғ. истифода бурданд. Ин ҷиҳат мафҳуми «додугирифти иҷтимоӣ» (share)-ро ба миён овард. Ва соли аввали пайдоишаш адади истифодабарандагони Facebook 5,5 миллионро ҳам гузашт.

Соли 2008 Facebook шуҳраташро нигоҳ дошт. Ин ҷиҳат ба роҳбарони шабакаи иҷтимоӣ бо роҳандозии якчанд хидмат ва «FarmVille» ном маҷмӯи бозиҳои машҳур муяссар гашт. Дар баробари ин истифодабарандагони Facebook ба дӯстони худ онро тарғиб карда мегуфтанд, ки «аз Facebook истифода баранд» ё «ба Facebook дароянд». Ин боис гардид, ки ҳамон сол шумори пайравони шабака ба 10 миллион нафар баробар шавад. 

Соли 2009 низ барои Facebook соли шуҳрати боварнокарданӣ омад. Роҳбарони ин сомона бо гузоштани тугмаи «маъқул шуд» ё худ LIKE дар зери ҳар як маълумот (матн, сурат, навор, шеър, ҳикоя ва ғ…)-и пахшкардаи истифодабарандагон бузургтарин заъфи инсоният – ОРЗУИ БА ДИГАРОН МАЪҚУЛ ШУДАН-ро кашф карданд. Воқеан, ҳар кас мехоҳад, ки ба дигарон мақул бошад. Ва «команда»-и Facebook ин ҷиҳатро хеле хуб пай бурданд. Акнун ҳар истифодабарандаи Facebook ҳар як амали худро ба намоиш мегузошт, то бинад ки он ба киҳо писанд афтодааст.

Facebook ҳаводоронашро бо махсусияти наваш, яъне LIKE шинос кард. Ва бо ин нишон дод, ки LIKE як ҷузъи ҷудонопзири фарҳанги иҷтимоии муосир аст. Тибқи омори созмони машҳури Alexa соли 2010 Facebook дар дунё дуюмин сомонае будааст, ки аз ҳама бисёр (аз ҷониби одамон) дида шудааст. Бо далели рӯи ҳам ба муваффақиятҳо ноил шуданаш худи ҳамон сол Марк Зукерберги ҷавон аз тарафи маҷаллаи «Time» ҳамчун «Одами сол» интихоб шуд. Дар интиҳои соли 2010 бошад шумори истифодабарандагони Facebook аллакай ба як адади ҳайратовар, яъне ба 500 миллион расид.

Соли 2013 қисми зиёди аҳолии дунё аз Facebook истифода мебурданд. Акнун Facebook на танҳо диққати истифодабарандагони қаторӣ, балки таваҷҷуҳи рекламадиҳандагон ва ширкатҳои муътабареро, ки мехостанд обрӯяшанро боз ҳам боло баранд, ҷалб карда буд. Нуқтаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки Facebook бар иловаи як майдони робитаи байниҳамдигарии одамон ва додугирифти матну аксу навор, инчунин паҳну интишори маълумот ба маҷрои муносибе ҳам табдил ёфта буд. Маҷрои муносиб барои ширкатҳое, ки мехостанд аз лиҳози иқтисодӣ ғанӣ гарданд. 

Агар ба омори ду соли охир (2016 ва 2017) таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки Facebook бо беш аз як миллиард истифодабарандагонаш дар рӯйхати сомонаҳои «серодам»-и дунё дар ҷои сеюм қарор дорад. Агар хадамоти ибтидоии Facebook додугирифту пахшу нашри маълумот, аксу навор бошад, хадамоти баъдии он ташкили гурӯҳу ҷамъиятҳои алоҳидае гардид, ки метавонист истифодабарандагонашро гурӯҳ-гурӯҳ муттаҳид созад. Хусусан платформа ё ҷамъиятҳое, ки дар ҳолатҳои душвор, масалан дар ҳолатҳои буҳронӣ ё офатҳои табиӣ ба кор меомад. Барои мисол, сокинони минтақаҳои офатзада метавонистанд аз ин тариқ зинда ё дар кадом ҳолат қарор доштанашонро аз тариқи шабака ба дигарон хабар диҳанд. Ё ҳангоми ба миён омадани офатҳо аз тариқи ин ҷамъиятҳо (ҷамъиятҳои Facebook-ӣ) ба сокинони минтақаи офатзада кӯмаку хайрияҳо ҷамъ оваранд. Ба ин шева он як навъ муттакои дармондагон низ мегашт. 

Ҳамин тавр Facebook ба ҷомеа нишон дод, ки сарфи назар аз миқёси фарогирӣ ва минтақаи ҷойгиршавии ҳодисаҳо, ҳаргиз бетараф нест. Аммо барои истифодабарандагон оқибату натиҷаи ин самимияту қаробати Facebook ва роҳбаронаш ҳанӯз маълум набуд…

Зимнан, соли 2012 Facebook эътиборашро болотар бурд ва барномаи машҳури Instagram-ро, ки он ҳам як майдони додугирифт ва паҳну интишори аксу навор мебошад, бо маблағи як миллиард доллар харидорӣ намуд. Баъдан соли 2014 мессенҷэри Whatsapp-ро, ки 450 миллион истифодабаранда дорад, бо маблағи нуздаҳ миллиард доллар ба худ ҳамроҳ кард. Аз пушти ин ду хариди бузург Facebook барномаи TBH (To Be Honest)-ро ҳам дар «сабади харидҳояш» ҷо кард. Ва акнун Зукерберги ҷавон яке аз ширкатҳои бузурги дирӯзу имрӯзи ҷаҳонро идора мекунад, ки қимати умумии он 50 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ҷаҳиши қимату эътибор ва баръакс

Тобистони соли гузашта ширкати Facebook яку якбора арзиши худро боло бурда, ба 497 миллиард доллар расид ва аз ширкати машҳури Amazon, ки 482 миллиард доллар қимат дорад, низ пеш гузашта, чорумин ширкати бузурги дунё гардид. То ин вақт тартиби ширкатҳои бузурги дунё чунин буд: Apple, Alphabet-и тобеи Google, Microsoft ва ширкати энергетикии ExxonMobil.

Бо вуҷуди ин афзоиши қимату эътибор Facebook охири моҳи марти соли ҷорӣ яку якбора 50 миллиард доллар зарар дид. Бинобар таъкиди расонаҳои ғарбӣ ин зарари бузурги ширкат аз се ҷониб сурат гирифтааст:

1)  Худи Facebook;

2) Президенти Амрико Доналд Трамп;

3) Ширкати таҳқиқотии британии Cambridge Analytica. Гап сари он ки баҳори имсол расонаҳои олам аз моҷарои бузурге, ки сабабгораш худи Facebook будааст, ҳарф заданд. Зикр мешуд, ки Facebook маълумоти истифодабарандагонашро ҷамъоварӣ намуда дар ихтиёри Cambridge Analytica гузоштааст ва дуюмӣ маълумотро коркард карда, дар арафаи интихоботи президентӣ ба командаи интихоботии президент Доналд Трамп фурӯхтааст, то вай аз набзи интихобкунандаҳои эҳтимолиаш бохабар шуда истад. 

Лек агар аз ҷониби дигар нигарем, мебинем, ки омили асосии ин моҷарои бузург аслан худи инсонҳо, яъне истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиянд…

–Маҳмудҷон Усмонов, ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

(давом дорад)


Шуури сарватмандона ва камбағалона

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист

Некбин ва шавқи корӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s