Бо Facebook ба куҷо равонаем? (2)

Чунон ки зикр шуд, яке аз тарафҳои секунҷа дар моҷарои Facebook ширкати Cambridge Analytica мебошад. Тибқи иттилои хабаргузориҳои ғарбию амрикоӣ (Bloomberg, Deutsche Welle, The New York Times) ширкати Cambridge Analytica аз ибтидои таъсисёбиаш аз ҳиллаву найранг кор мегирифтааст. Он ширкати хусусии англисӣ буда, ба таҳлили амиқи маълумот, аз он ҷумла маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ барои коркарди равобити стратегӣ дар арафаи интихоботи президентӣ тавассути интернет машғул мебошад. Соли 2013 дар заминаи ширкати бритонии “SCL Group” (Strategic Communication Laboratories) ҷиҳати иштирок дар маъракаҳои сиёсии ИМА ба миён омадааст. Қисман ба соҳибкор Роберт Мерсер тааллуқ дорад. Савол ба миён меояд, ки Cambridge Analytica чӣ гуна маълумоти истифодабарандагони Facebook-ро коркард ва ба фурӯш баровард?

Аввалан, ҳайати кормандони ширкати номбурда аз нафароне таркиб ёфтааст, ки бар ивази маблағ ба ҳама кор даст мезананд ва аз рӯи ҳамин хислаташон дар тобеияти кадом роҳбари алоҳидаи ҷаҳонӣ қарор надоранд. Ба ивази пул ҳатто қодиранд аз баҳри падари худ ҳам гузаранд. Дигар ин ки аз Facebook мушаххасоти (профили) 50 миллион нафарро ҷамъ оварда, аз онҳо барои фоида бурдан сӯистифода мекунанд. Сипас ба муддаии курсии президентӣ дар ИМА Доналд Трамп пешниҳод менамоянд, ки агар вай хоҳиш дошта бошад, бо истифода аз далелҳои мавҷуд дар бораи интихобкунандаҳо метавонад бо онҳо «бозӣ» кунад. Яъне бо назардошти хоҳишу чашмдошти интихобкунандаҳо бо онҳо мухотаб шавад. Албатта, дар ивази маблағи ҳангуфт… Муддаӣ ба президентӣ (дар он замон), ки худ як сарватманди шинохта дар олами сармояи муосир мебошад ва бовар дорад, ки мисли ҳар чизи дигар иродаи интихобкунандаҳоро ҳам мешавад бо пул харид, ин пешниҳодро хуш қабул карда, як ҳиссаи бузургеро ҳам аз сарваташ ба Cambridge Analytica вақф кардааст. Аммо инро ҳамту рӯирост ва тариқи амалиёти бонкӣ ва ё кадом роҳи маъмулии мубодила анҷом надодааст. Балки гуфта мешавад, ки ин кор тавассути як таҳқиқоти пажӯҳишгарони рус ва боз ҳам бо роҳи ҷорӣ намудани пурсишномаҳо (анкетаҳо) аз тариқи Facebook сурат гирифтааст.

Пурсишномаҳои ба роҳ андохташуда ҷолибу диққатрабоянд. Чунончи:

Мехоҳӣ бидонӣ, ки кадом ситораи маъруфи ҷаҳон ба ту монанд аст?

– Оё бароят мароқовар нест, то бифаҳмӣ, ки баъд аз 50 сол шаклу шамоилат чӣ гуна мешавад?

– Донистан намехоҳӣ, ки кадом ситораи маъруфи ҷаҳон мисли ту фикр мекунад?

– Панҷ дӯсти наздикатро шинохтан мехоҳӣ?

– Кадом мамлакати дунё барои зиндагонӣ ба ту мувофиқ аст?

Аҷиб ин ки баробари ба ин пурсишномаҳои «ҷолиб» дода шудан, аз ғояти содагӣ онҳоро пур кардани истифодабарандагони Facebook, ҷайби пажӯҳишгарони Cambridge Analytica бо долларҳо пур мегашт. Ва гузашта аз ин, онҳо як навъ самти таърихи навини дунёро муайян менамуданд. Агарчи такрор ҳам шавад, бояд гуфт, ки қурбонии асосии ин дом инсонҳои қаторӣ, яъне истифодабарандагони Facebook ва заъфиятҳои онҳо мебошад.

Ҳар он чӣ ки ройгон шуд…

Диққат бояд дод, зеро «панири муфт танҳо дар мушқапак аст», гуфтаанд. Соли 2010 Facebook як қатор пурсишномаҳоро роҳандозӣ намуд, ки асосан ройгон буданд. Албатта, моликони Facebook ин ҳамаро аз барои арвоҳи гузаштагонашон намекарданд, балки бар ивази ҳар як пурсишнома аз мо аксуламал ва ҷавоб интизор буданд. Баробари ҳар як пуфаки ба мо дар рӯзи зодрӯзамон ирсолдошта онҳо дар бораи ҳафт пуштамон маълумот ба даст оварда, ҳамзамон он маълумотро ба шариконашон, ки коркард кардан мехостанд, фурӯхтанд.

Назар ба таҳқиқоти Penn State University аз 1800 пурсишномае, ки дар соли 2010 Facebook ҷорӣ кард, 148-тои он аз истифодабарандагон маълумоти дӯстонашонро ҳам дархост намудааст. Дар он муддате, ки донишгоҳи номбурда таҳқиқоташро мегузаронид, ин пурсиш (яъне, аз истифодабаранда талаб кардани маълумоти дӯстонашон) аз тарафи масъулини Facebook 68 миллион маротиба сурат гирифтааст. Аҷиб ин ки бо пурсишномаи «Саҳифаамро кӣ даромада тамошо карда бошад?» фирефта шуда мароқ зоҳир мекунем, ки оё дӯстдухтари пешинаам ба саҳифаам даромада бошад… Вале бехабар аз онем, ки бо ин як «қадам»-и кӯчак аллакай ҳафт пуштамонро дар бозори Facebook ба «фурӯш» мондаем.

Албатта, онҳое ҳам кам нестанд, ки ба масъалаи маҳрамият сахт диққат медиҳанд. Вале аз ҳама аҷиб он аст, ки ба хотири ҳифзи маҳрамияти худ дари хонаро қуфл зада, ба фарзандон таъкид мекунем, ки дарро ба рӯи бегона ва ношинос накушоянд. Лекин ба ҳуҷраамон даромада, ноутбукро ба даст мегирему Facebook-ро кушода, бепарвоёна «сайр»-и олам мекунем. Дар баробари аз аҳволи дӯстонамон бохабар шудан, ҳама маълумотро аз тариқи пурсишномаҳо пешкаш мегардонем. Шояд касе ҳам эътироз кунад: «Не, ман ба пурсишномаҳо ҷавоб намедиҳам!» Дуруст ҳам мегӯяд, вале дӯстонамон аллакай ба онҳо ҷавоб додаанд. Чунонки мо дар бораи дӯстонамон маълумот додаем, онҳо низ дар хусуси мо ҳар чӣ медонанд, ноогоҳона ирсол доштаанд. Боз чунин имкон ҳам ҳаст, ки ширкатҳои мазкур ба таври махфӣ аз саҳифаи дӯстонамон ба саҳифаи фрйсбукиямон дастрасӣ пайдо кунанд.

Ба ман дар бораи дӯстат бигӯ, мегӯям, ки ту кистӣ!

Дар мо шояд чандон маъмул нагаштааст, аммо дар кишварҳои дигари олам, расонаҳои ахбор барои маълумот ёфтан дар бораи қаҳрамонашон ба саҳифаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам таваҷҷӯҳ мекунанд. Хусусан дар кишварҳои пешрафта маълумоти аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи шахс бадастомада (чандон ҷиддӣ пазируфта нашавад ҳам) қаноатбахш ҳисобида мешавад. Яъне, ҳар он чӣ мо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба дигарон, ба қавле тақсим намудем ё табодули афкор кардем, инчунин рӯйхати дӯстони мо ва боз ҳар он чӣ ки ба мо писанд омаду ғайра, дар бораи вазъу ҳолати демографии мо маълумоти даркориро дар бар мегиранд. Хулласи гап, чунон як алгоритме сохтаанд, ки моро аз худамон дида беҳтар мешиносанд. Ин алгоритм дақиқан соли 2012 рӯи кор омадааст.

Аммо ин нуктаро ҳам бояд ёдовар шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бе пур кардани ҳеҷ як пурсишнома низ имкони «тақдим» шудани маълумоти истифодабарандагон вуҷуд дорад. Ба ин намуна шуда метавонад: аввалин нафароне, ки истифодабаранда нигоштаҳояшон ва ё аксу наворҳояшонро ҳисса (Share) кардааст, ё аввалин нафароне, ки матн ё сурату наворҳои ӯро ҳисса кардаанд. Аз ҳама асосӣ, он чизҳое, ки ба истифодабаранда маъқул шудаанд. Инчунин, онҳое, ки ба ҳар ҳаракати истифодабарандаи Facebook аломати «Like» гузоштаанд.

Зимнан, сиёсатмадороне, ки барои ғолиб шудан дар интихобот истифодаи ҳама гуна роҳро ҷоиз меҳисобанд, имконият (истифодаи маълумоти интихобкунандаҳои эҳтимолӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ)-ро ба зудӣ кашф намуданд. Ва гуфта мешавад, ки ин амалро аз ҳама беҳтар Барак Обама собиқ президенти ИМА ба кор бурдааст. Хабаргузории www.propublica.org, ки дар ин хусус мақолаи вижае ҳам ба нашр расондааст, таъкид менамоянд, ки Барак Обама аз ин «имконият» дар чаҳорчӯби меъёрҳои этикӣ ва бо риояи қонунгузориҳо истифода бурдааст. Лек он ҷиҳатро ҳам ба хотир бояд гирифт, ки дар соли 2012 президенти собиқ бо истифода аз маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ на хостаҳои интихобкунандагонашро тағйир дод, балки бо назардошти тарҷеҳу хоҳишоти онҳо баромаду хитобаҳояшро таҳия намуд.

Kосински кист?

Яке аз чеҳраҳои калидӣ дар секунҷаи Facebook-Cambridge Analytica-Трамп ин Михал Косински мебошад. Номбурда соли 2008, вақте ки дар Варшава дар риштаи равоншиносӣ таҳсил мекард, ба Маркази Равонпизишкии Донишгоҳи Кембриҷ – яке аз қадимтарин институтҳо дар риштаи интихобкардааш – барои идомаи таҳсил дар докторантура даъват мешавад. Ин рӯйдод барои худи Косински ғайричашмдошт буд ва раванди минбаъдаи ҳаёташро дигар кард. Ҳамин тавр, баъд аз он ки устоди Мактаби тиҷоратии судяҳои Донишгоҳи Кембриҷ Девид Стивелл (соли 2008) як пурсишнома омода карда, онро аз тариқи Facebook (ки акнун ба як платформаи бузург табдил меёфт) нашр мекунад, соле баъд Косински ба ҳайати ӯ ҳамроҳ мегардад.

Ин тим замимаи MyPersonality (Шахсияти ман)-ро дар Facebook ба миён мегузоранд, ки истифодабарандагонро водор менамояд, ба онлайн-анкетаҳои гуногуни иборат аз саволҳои психологӣ ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи ин пурсишномаҳо «портрети психологӣ» истифодабарандагони Facebook ба Косински ва тими ӯ дастрас мегашт. Масалан, аз онҳо пурсида мешуд, ки мехоҳӣ бидонӣ, баъд аз 50 сол шакли симоят чӣ гуна мешавад? Ва баъди ҷавоб додан ба саволҳои анкета «шакл»-и симои 50 сол баъди истифодабаранда, ки аслан кори компютер ва технология мебошад, ба вай нишон дода мешуд.

Истифодабарандагон аз ин ба ваҷд омада, акнун ба ҳар гуна анкетаҳои «ҷолиб» ҷавоб мегардонданд ва маълумоти шахсии худро бо мураттибони пурсишномаҳо дар миён мегузоштанд. Косински интизор дошт, ки пурсишномаҳои психологии онҳо дар доираи маҳдуди донишҷӯёни Кембриҷ ҳамовозӣ меёбанд, вале баръакс, вақте он дар Facebook роҳандозӣ гашт, садҳо, ҳазорҳо ва баъдтар миллионҳо истифодабарандагон тавассути пурсишномаҳо паҳлуҳои аз ҳама маҳрами зиндагии худро ифшо карда буданд. Ва ду докторанти риштаи равоншиносӣ (Стивелл ва Косински) бо ба ҳам овардани ҷавобҳои прусишномаҳо ва мушаххасот (профил)-и истифодабарандагони Facebook базудӣ як хазинаи бузурги маълумоти одамонро соҳиб шуда буданд. Ин ҳам, дар ҳоле ки дар асри XXI аз иттилоъ дида қимматтар чизе буда наметавонад.

Косински ва ҳаммаслаконаш тайи чанд соли дигар шаклҳои нав ба нави пурсишномаҳоро, хусусан онлайн-анкетаҳоро ҷорӣ карда, ҳар чӣ бештар маълумот ба даст меоварданд. Ҳамин тавр, соли 2012 Косински аз рӯи 68 «Like»-и гузоштаи истифодабарандаи Facebook бо 95% дақиқият ранги пӯсти, бо 88% дақиқият тамоюли ҷинсӣ ва бо 85% ҷонибдори кадом ҳизб буданашро тахмин карда метавонист. Вале ин ҳанӯз охири кор набуд, дараҷаи заковат, ақида ва маърифати динӣ, тамокукаш ё шарбхор будани шахсро ҳам фаҳмида метавонистанд. Ҳатто дар натиҷаи омӯзишу таҳлили маълумоти бадастоварда маълум менамуданд, ки падару модари истифодабарандаи Facebook зиндагии муштарак доранд ё аз ҳам ҷудо шудаанд.

Косински пажуҳишу таҳлилҳои худро идома дода, дар муддати кӯтоҳ ба он натиҷа ноил гашт, ки аз рӯи 10 «Like»-и гузоштаи истифодабарандаи Facebook ӯро ба ҳисоби миёна аз як ҳамкораш ҳам беҳтар мешинохт. Аз рӯи 70 «Like» он чиро медонист, ки дӯсти ҳар як истифодабаранда дар бораи вай медонад, аз рӯи 150 «Like» бошад, он чиро ки падару модари ӯ дар борааш медонанд ва аз рӯи 300 «Like» аз он чӣ ки ҳамсари вай дар борааш медонист, бештарашро фаҳмида гирифта буд. Яъне ҳар қадар ки «Like» зиёд шуд, ҳамон қадар дар бораи мо ва мушаххасоти мо маълумот бештар ба даст меоварданд ва моро аз худамон ва атрофиёнамон беҳтар мешинохтанд. Тибқи маълумотномаи интернет дар бораи Михал Косински, вақте ӯ натиҷаи таҳқиқашро нашр мекунад, ду тамоси телефонӣ мегирад – яке пешниҳод ва дигаре таҳдид. Пешниҳод барои ҳамкорӣ ва таҳдид барои ба ҷавобгарӣ кашидан. Ва ҳарду тамос ҳам аз ширкати Facebook буд.

-Маҳмудҷон Усмонов

(давом дорад)


Бо Facebook ба куҷо равонаем? (1)
Шуури сарватмандона ва камбағалона
Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s