Қудрат

“Омӯзгоре дар донишгоҳ ҳамеша аз мансабаш истифода карда, ба тавре моро пеши худ муттаҳам мекард. Наздаш, ки барои ягон кор мерафтем, бо ҳар баҳона моро метарсонид, ки хориҷатон мекунам. Мо, ҳамсабақон аз рафтори устодамон ҳайрон мемондем. Дар асл, мо ҳеҷ рафтори баде надоштем, ки ҷазояш хориҷ кардани мо аз донишгоҳ бошад. Як ҳамкурсамон, ҳар гоҳ ки ин рафторҳои муаллимро медид, бо қаҳр мегуфт: “Ҳоло ки қудрат дорад, ҳар чи хоҳад, кунад. Навбат ба мо ҳам мерасад. Наход рӯзе ӯ ҳам пеши мо наояд.”

(Аз гуфтаҳои як рафиқам)

Воқеан ҷои нигаронист, ки чаро баъзеҳо вазифа ва дороиро барои худ қудрат медонанду нафарони атрофи худро пасту ҳақир мешуморанд ва ба атрофиён ба гунае рафтор мекунанд, ки гӯё ин қудрат дар онҳо азалӣ бошад.

Дар ҷамъият зиёд ба назар мерасад, ки баъзе аз афрод қувва, тавоноӣ ва зӯру бозӯи худро на дар роҳи хайру сахо ва манфиат ба мардум, балки ба манфиати худу бар зарари ҷомеа истифода мекунанд. Ин ҳолат на танҳо хоси соҳибвазифаву соҳибмулк аст, балки дар онҳое низ дида мешавад, ки аз лизоҳи ҷисмонӣ обу тоб ёфтаанд.

Таъсири манфии ин ҳолат дар он аст, ки ҷавонон ин рафторро дар фаъолияти минбаъдаи худ роҳандозӣ мекунанд. Истифодаи қудратро барои нафароне, ки назди худ забун медонанд, як навъ фаъолияти корӣ мешуморанд. Онҳо дар ниҳоди худ барои ниқор гирифтан ҳамин андешаро ҷорӣ мекунанд, ки “фардо, агар ман ҳам соҳибқудрат гардам, ҳатман бо зердастонам ва онҳое, ки корашон ба ман меафтад, ба ҳамин минвол рафтор мекунам.” Мисоли равшан ҳамон гуфтаи дӯстам аст: “Навбат ба мо ҳам мерасад!”

Дар асл агар умр даст диҳад, навбат ба дилхоҳ кас мерасад. Ва бешак қударте, ки абадист, ин қударти Худост. Дар ҷое хонда будам: “Ҳолати кунунии Шумо сарнавишти ниҳоиятон нест”. Воқеан, ҳеҷ як ҳолату рафтор ва ҷою мавқеъ дар ҳаёти мо абадӣ нест. Ба таври дигар, ҳар қудрату тавоноӣ пеши мо чун амонат гузошта шудааст ва мо барои истифодаи он ихтиёр дорем. Хоҳ он қудратро дар роҳи хайру некӣ сарф намоем, хоҳ дар роҳи зулму ситам. Муҳим нест, ки мо дар кадом самт фаъолият мекунем. Мо бояд донем, ки агар имрӯз дасти касеро гирем, фардо дасти моро низ мегиранд. Донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вобаста ба ин таъкид кардаанд:

“Эй азиз, ҳар эҳсоне, ки аз дасту забони ту ба бандагони Ҳақ мерасад, ганҷе ҳаст аз ганҷҳои уқбо (охират), ки қобили завол ва фано нест. Имрӯз, ки қудрат дорӣ, аз ганҷҳои боқӣ чандон ки метавонӣ, бинеҳ, ки дар рӯзи мондагӣ туро даст гирад.”

Дар ҷавонӣ қудрат ва тавоноӣ назар ба дигар сину сол ба маротиб зиёд аст. Бо нерӯи ҷавонӣ мо метавонем дилхоҳ корро ӯҳда намоем. Ҳамчунин дар зеҳн ҷо кунем, ки қудрат бо истифода аз мавқеи худ, дигаронро кумак расонидан аст. Бинобар ин дигаронро аз худ каму паст шуморидан ва бо истифода аз рутба ҳамеша ба нафъи худ кор кардан ҳаргиз нишонаи қудрат нест.

Хуршеди Давлат

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s