Бани одам аъзои якдигаранд (1)


Мо танҳо зиста наметавонем. Моро бо дигарон риштаҳои зиёди маънавӣ мепайванданд.
– Герман Мелвилл,

нависанда ва малоҳи амрикоӣ

Одатан, дар синни сездаҳсолагӣ кас худро беҷуръат эҳсос мекунад. Бахусус ин овон барои ман бо мушкилиҳои зиёд паси сар шуд. Фазои рӯҳӣ-равонии оилавиямон тираву дилгиркунанда буд. Аз ин рӯ кӯшиш мекардем, ки аз ҳоли пурмалоламон ҳеҷ кас хабардор нашавад. Вале ин дер давом надод, зеро хатар ба ҷон моро водор кард, ки чорае ёбем.

Падарам майзада буд. Ӯ солҳои зиёд ба хона доим маст меомад. Вале азияти асосӣ замоне сар зад, ки ӯро аз кор ронданд. Минбаъд падарам зиёдтар арақ менӯшиду ба модараму фарзандонаш таҳдидҳо мекард. Ҳеҷ гумон намекардам, ки аз падарам то ин ҳад тарсон мешавам. Вале ҳамаи ин танҳо аввали кор буд.

Вақто модарам соҳиби кор шуд, аз падарам хоҳиш кард, ки ҳамроҳи хоҳарчаи хурдсолам дар хона нишаста, ӯро нигоҳубин кунад. Рӯзе аз мактаб баргашта, шоҳиди манзараи дилгиркунанда шудам – падарам дар рӯйи замин маст хобида, хоҳарчаам дар рахти хобаш аз гирякунӣ беҳол шуда буд. Вақте ки ин ҳолатро ба модарам нақл кардам, ӯ тасмим гирифт, ки минбаъд хоҳарачаамро ҳамроҳи падарам танҳо намегузорад. Чунки падарам торафт барои мо хатар эҷод мекард. Рӯзи дигар модарам ҳамсояро ба кор қабул кард ва акнун хоҳарчаамро доя нигоҳубин мекард. Вале оиди вазъи оилавиямон, ки бинобар майхӯрагӣ ва бекории падарам сар задааст, модарам ба ҳамсоя чизе нагуфт.

Падарам бо мо торафт дағалона муомила мекард. Оқибат модарам маҷбур ӯро аз хона ронда, ба таври расмӣ барои ҷудошавӣ ариза навишт. Мо гумон мекардем, ки акнун рӯзҳои сангин паси сар шуданд, вале ин гумонамон хом баромад. Падарам якравӣ карда, аз хона нарафт. Модарам ба мақомоти судӣ муроҷиат кард ва бо қарори расмӣ ӯ дигар ҳақ надошт, ки ҳамроҳи мо дар як хона зиндагӣ кунад. Ҳамин тавр модарам барои амнияти худ ва ману хоҳарчаам тадбирҳо ҷуст.

Ҳарчанд коргарони пулис падарамро маҷбур карданд, ки аз хона биравад, вале ӯ нияти моро ором гузоштан надошт. Ҳар рӯз занг зада, моро таҳқиру таҳдид мекард. Тариқи почта акси силоҳҳояшро фиристода, ҳушдор мекард.

Ману хоҳарам доир ба ин ҳолат ба касе чизе намегуфтем. Дар назди ҳама он гунае рафтор мекардем, ки дар оила оромӣ ҳувайдост. Аммо дар асл бошад, аз вазъи мавҷуда шарм мекардем. Модарам доир ба ин мушкилот танҳо ба адвокат, пулис ва ба баъзе аз хешовандон хабар дода буду халос. Дар аксар аз хонаводаҳо доир ба майзадагӣ, нашъамандӣ, хушунат ва ба ин монанд мушкилоти иҷтимоии афрод хомӯширо тарҷеҳ медиҳанд. Ҳол он ки тарҷеҳи хомӯшӣ дар ин гуна масъалаҳо ҳолатро мушкилтар мекунаду осонтар не! Ман ва хоҳарам низ чунин роҳи бебарорро интихоб карда будем.

Вақто падарам аз зангзаниву аксфиристӣ дилбазан шуд, қарор дод, ки ба таври ҷисмонӣ аз ҳастии худ хабар диҳад. Ӯ боре тирезаро шикаста, пинҳонӣ ба хона даромад. Дар ин ҳангом модарам дар кор буду мо дар мактаб. Вақте ҳамроҳи хоҳарам ба хона баргаштем, аз воқеа огоҳ шуда, хостем ба пулис хабар диҳем. Азбаски дар он замон алоқаи мобилӣ мавҷуд набуд, телефони наздиктарини хонагӣ дар масофаи хеле дур қарор дошт. Аз ин рӯ мо ба хонаи ҳамсояе, ки замоне дояи хоҳарчаам буд, рафтему масъаларо шарҳ додем. Мо ба ӯ асли воқеаро нақл карда додем, ки падарамон майзада асту солҳои зиёд боз моро беҳузур мекунад. Ва ҳамакнун ба ҷони мо таҳдид карда, бо зӯрӣ вориди хонаамон шудааст. Ҳамсоя дарҳол ба модарам хабар фиристода, ӯро аз кардаи падарам огоҳ намуд. Модарам ба пулис занг зад. Пулис падарамро дастгир намуда бурд. Вале ҳодиса бо ин итмом наёфт.

(давом дорад)

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s