Бани одам аъзои якдигаранд (2)

Падарам баъд аз ин воқеа на як бору ду бор ба зӯрӣ вориди хона шуд. Ҳатто, вақте ки мо ба тирезаҳо панҷара часпонидем, ӯ дарро шикаста даромад. Ҳамин тавр ӯ зуд-зуд ба хона омада, моро азият дод. Мо дигар вазъияти мазкурро пинҳон карда натавонистем. Боре ӯ ба наздамон омад ва таҳдид кард:

– Ман хонаамро бармегардонам!

Ва қабл аз рафтан сана ва соати дақиқи зиёрати навбатияшро хабар дод. Ҳарчанд модарам сохторҳои марбутаро аз ин таҳдидҳои падарам огоҳ кард, вале чорае андешида нашуд. Пулис танҳо тавсия дод, ки агар боз бо зӯрӣ вориди хона шавад, моро огоҳ кунед. Ҳар соати он рӯзҳо бароямон сангин мегузаштанд. Аз ҳама бештар азияти рӯҳиву равониро модарам мекашид. Орзуи ягонааш ҳамин буд, ки ба фарзандонаш зарар нарасад. Дар баробари ин ӯ хуб дарк мекард, ки агар падарам ба ҷони мо қасд кунад, пулис саривақт ҳимоя карда наметавонад.

Аз ин рӯ модарам асли воқеаро на ба модараш, ки ба суханони вай боварӣ надошт, балки ба ҳамон ҳамсояамон нақл кард. Он ҳамсоя соҳиби садои буррову ғафс  ва ҳамзамон тарафдори интизом ва ҳузур дар маҳалла буд. Ҳамсоя ҳолатро дарҳол ба дигарон хабар дод ва ҳамон замон чизи аҷиб рух дод. Бояд гуфт, ки падарам аз як чиз бисёр ҳарос дошт – айб кардни атрофиён. Азбаски барои мо масъалаҳои хона маҳрам ҳисобида мешаванд, мо ҳар гапро ба берун намебаровардем. Падарам аз ин ҳолат ҷасорат гирифта, дилпурона анҷоми ҳар гуна таҳқирро ба мо раво медид. Вале ин дафъа тираш хок хӯрд.

Рӯзе, ки падарам дар вақту соати хабардодааш омад, дар назди хона занҷири зинда аз ҳамсоягонро дид, ки барои ҳимояи мо даст ба даст дода қатор шуданд. Чунин рафтори онҳо нишона аз дастгирӣ ва муттафиқӣ буд. Бо ин рафтори хеш онҳо ба падарам паём доданд, ки дигар оилаи моро таҳдид накунад ва аз безобитакунӣ даст кашад. Падарам дарҳол ба мошинаш савор шуда, ҳай карда бирафт.

Вақте ки мошини падарам аз чашм ноаён шуд, модарам ба ҳама изҳори миннатдорӣ намуда, барои оворагӣ аз онҳо узр пурсид. Вале ҳамсоягон иброз доштанд, ки мабодо шуду падарам баргардад; аз ин рӯ розӣ ҳам буданд, ки шабона дар назди хонаамон хайма зада, навбатдорӣ кунанд. Ҳамсоягон ҳақ гуфтанд, зеро дере нагузашта, падарам боз баргашт. Модарам дарҳол пулисро хабар дод ва онҳо омада, ӯро дастгир карданд. Бояд гуфт, ки то он дам ҳамсояҳо ҳеҷ гоҳ ба ин гуна тасонуди дастаҷамъона майл накарда буданд. Вале он рӯз сокинони маҳалла мисли аъзои як бадан муттаҳид шуданд.

Аз ҳама тарсовару ваҳмангез барои оилаамон ин огоҳ шудани ҳамагон аз мушкилоти шахсиямон буд. Мо зиёд андеша мекардем, ки акнун атрофиён дар бораи мо чӣ фикру ақидаҳо мебароранд. Гумон мекардем, ки ин шармандагӣ асту то ба охири умр бо ин доғ чӣ гуна ба сар хоҳем бурд. То он дам ман гумон мекардам, ки дар ин ҷомеа мо танҳо ҳастем ва касе парвои моро надорад. Аз ин рӯ замони тӯлонӣ ҳеҷ касро аз дарди оилавиямон огоҳ накардем. Вале новобаста ба ҳамаи ин, вақте ки пулис моро саривақт кӯмак карда натавонист, ба имдодамон ҳамсоягон расиданд. Онҳо оилаи моро мисли фарди оилаи худ ҳимоя карданд. Ва он рӯз ман аввалин бор худро дар ин ҷомеа танҳо эҳсос накардам.

-Фоксглав Ли,
аз китоби “Куриный бульон”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s