Китоб: “Баракати кор”
Таҳиягар: Шуҳратулло Неъматов
Нашриёт: Дунёи дониш, соли 2018
Теъдоди саҳифа: 140
Забони китоб: тоҷикӣ
Барои саргарми коре шудан, мунтазири илҳом нашавед. Зеро илҳом дар натиҷаи амал ба миён меояд. Ва нодир аст, ки амалро илҳом ба миён орад.
–Фрэнк Тиболт
«Баракати кор» асари илҳом бардошташуда ва таҳияшуда аст. Сарчашмаи ин илҳом китоби машҳури соҳибкор, мураббии соҳаи тиҷорат ва марди қавиирода Брайан Трейси бо номи «Eat That Frog» мебошад. 21 принсипи ҳадафгузорӣ, банақшагирӣ ва амаликунии дар он китоб зикргашта ба арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ ва одоби кории мардуми мо низ наздик аст.
Фарди ҷомеаи муосир ба чунин асар эҳтиёҷ дорад, зеро дар дунёи пурталотум бе ҳадаф ва нақшаи муайяни корӣ ба сар бурдан, мисли дар тумани ғафс ғӯттаи ноумедиву маҷҳулияти қадами баъдӣ сайр кардан аст. Дар ин ҳолат ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки он қадами баъдӣ моро ба соҳили саломат мерасонад, ё ба вартаи шикастаҳолӣ ҳавола медиҳад. Вале вазифаи инсон, ба рағми мушкилот ё комёбиҳо, дар доираи қонунҳои фитрӣ ва ба ҷой овардани сабабҳо ҳаракатро давом додан аст. Ва беҳтар мешавад, ки он ҳаракат беҳадаф ва холӣ аз маъно набошад.
Доим дар ҳаракат бошед!
Ҳамарӯза барои худ, новобаста ба ҳаҷм ва аҳамият, ҳадафҳои нав муайян кунед. Ҳар вақте ҳаракатро сар мекунед, то ба мақсади ниҳоӣ расидан, ист накунед!
Беамон бошед!
Аз худ иҷро намудани корҳои бештарро талаб кунед, зеро Шумо ба ин қодиред. Ба монанди ҳайкалтарош ҳар қати ҷисм ва рӯҳу равони хешро бо эътино шакл диҳед. Ба асли хеш бегона нагашта, дар ҳадаф устувор бошед!
Асар барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Ҳам талабаи синфи болоии мактаби миёна, ҳам донишҷӯи мактаби олӣ, ҳам зани хонашин, ҳам соҳибкори навқадам ва ҳам “гурги борондида” метавонанд аз китоби “Баракати кор” бемалол истифода карда, барои бунёди зиндагии шоиста ҷаҳд намоянд.
Китоби “Баракати кор”-ро метавонед аз Мағозаи китобфурӯшии “Дониш” дастрас намоед.