Ба хотири моҳи шарифи Рамазон!

“Худованд он шахсеро раҳмат кунад, ки дар хариду фурӯш ва талаби ҳаққаш богузашт ва осонгир бошад”.
(Мухтасари “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, боби 11, “Осонгирӣ ва гузашт дар хариду фурӯш”; ҳадиси 994)

– Бародар, равғани дулитра чанд пул шуд? – пурсид харидор аз фурӯшанда.
– 26 сомонӣ. – ҷавоб дод вай. Зане, ки ду қадам дуртар аз марди харидор меистод, гуфт:
– 26 не, 28 сомонӣ аст равған. Ин кас нархҳоро ҳоло хуб намедонанд. Аз дирӯз нархҳо қимат шудаанд. Мардум хариди рамазонӣ мекунанд.

Мард бо ҳайрат пурсид:
– Яъне, нархро барои Рамазон 2 сомонӣ баланд кардед?

Зан, бе он ки ба харидор нигоҳ кунад, ҷавоб дод:
– Ҳо, барои рамазон!

Мард ночор равғанро хариду ба тарафи дигари бозор рафт. Бозори савдогарон гарм буд. Вақти холӣ надоштанд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё Рамазон моҳи тиҷорат бошад. Нархи маҳсулот, ки бо ҳар пурсиданаш аз савдогарон мешунид, ӯро ба ҳайрат мегузошт. Дар бадали ду рӯз нарху наво қариб як баробар иваз шудааст.

Дар назди бозор гурӯҳе аз савдогарони дигар ба қавли худашон ғами мардумро хӯрда, ба муносибати моҳи шарифи Рамазон аксияи арзон доир карда буданд. Мард аз бозор берун шуду вориди “арзониҳо” шуд. Дар он ҷо ҳам дид, ки нарх ҳамагӣ як сомонӣ ё чанд дирам фарқ мекунад. Ва ин аксия танҳо василае барои ҷалби харидорон буд. Мард баъди хариди рамазонии худ раҳораҳ ба андеша рафт:

“Аҷаб мусалмоние! Аҷаб рӯзадорие! Аҷаб “меҳрубоние”! Ин мардум кай асли Рамазонро дарк мекарда бошанд? Охир як солу ду сол не, солҳост, ки вазъ ҳамин аст. Магар ин мардум чашми бинову гӯши шунаво надоранд, пайваста аз он мегӯянд, ки нархҳо дар Рамазон на қимат, балки бояд арзон бошанд, то аз раҳмати моҳи муборак бархӯрдор гарданд. Аммо боз ҳам ин моҳи муборакро онҳо чун василаи касби ризқ ва пур кардани кисаашон шинохтаанд. Ё онҳо ҳоло дарк накардаанд, ки оромию нишоте, ки инсон аз некӯкорӣ дар моҳи мубораки Рамазон ба даст меорад, дар ҳеҷ як амалу кирдори дигаре дарнамеёбад. Рамазонро моҳи раҳмату бахшоиш гуфтаанд. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд дар рафтору кирдори худ ин махсусиятҳои моҳи муборакро талқин созем. Худро ҳамнаво бо Рамазон кунем. Ин гурӯҳи савдогарон рӯза медоранд, аммо дар рафторашон ягон нишони рӯзадорӣ нест, пас чӣ лозим лофи мусалмонӣ задан?” –мард маломаткунон ба хонааш расид.

Шаб, баъд аз он ки мард аз намози таровеҳ берун шуд, назди масҷид мошинеро дид, ки дар дохилаш ҳаргуна маҳсулот барои фурӯш оварда буд: “Бозорҳо кам буд, ки ин савдогарон ин ҷо ҳам аз Рамазон сӯистифода мекунанд” –худ ба худ ғур-ғур кард мард. Вақте наздиктар шуд, дид, ки нархҳо тамоман арзонанд. Бовараш наомад. Мардум дар чанд дақиқа бо хурсандӣ тамоми маҳсулоти дохили мошинро хариданд. Мард хеле хушҳол шуд ва шукр ба ҷо овард, ки: “Ҳоло ҳам савдогарони РӮЗАДОР будаанд.” Вақте мард аз пеши мошин гузашт, дар бари дари мошин бо ҳарфҳои калон ин навиштаро хонд: “Ба хотири моҳи шарифи Рамазон!”

–Хуршеди ДАВЛАТ


Рамазон ва рӯзадории Фахри олам (1)
Қудрат
Инсонро бояд аз афсурдагӣ берун кашид!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s