Интернет ва маърифатнокӣ

Инсон ҷузъи ногусастании ҷомеа аст. Вай офаридаи иҷтимоӣ буда, бо атрофиён ва ашёву ҳодисоти олам дар доду гирифти доимӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, барои беҳтар шинохтани дунёе, ки дар он ба сар мебарад, ӯро лозим аст, то ҷое аз рӯйдодҳои ҳаррӯза огоҳ бошад.
  
Бешубҳа, яке аз роҳҳои бохабар шудан аз ҳодисоти ҷомеа пайгирӣ намудани расонаҳои ахбор – телевизиону радио, маҷаллаву рӯзномаҳо ва ҳамчунин шабакаҳои интернетӣ мебошанд. Имрӯз воситаҳои номбурда имкон медиҳанд, ки мо маълумоти заруриро ба таври сареъ дастрас намоем.

Илова ба ҷиҳатҳои манфиатбахши расонаҳои иттилоотӣ, барғалат маълумотрасонии онҳо низ аз ҳақиқат дур нест. Ҳар вақте ки тамошобин, шунаванда, хонанда ва истифодабарандаи ниҳоӣ бо нияти сайқал додани донишҳои худ ва огоҳ шудан аз воситаҳои номбурда истифода мекунад, нафаҳмида таҳти таъсири манфӣ қарор мегирад. Ин ҳолат баръакси интизориҳо рӯҳияву маънавиёти касро хароб карда метавонад. Ба ибораи дигар, кас бо умеди расидан ба соҳили мурод сафинаи донишро ба дарё меандозад, вале ҷараёни манфӣ ӯро ба вартаи нобасомониҳо гирифтор мекунад.

Бинобар ин, чунонки дар ҳар кор риояи одоб ҳатмист, дар истифодаи интернет низ муҳим аст. Нафаре, ки тамоми рӯз бо мутолиаи ахбор, “сайр”-и беҳуда дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва ғайра саргарм мешавад ва ҳамин тавр аз иҷро намудани кору амалҳои аввалиндараҷа ақиб мемонад, як умр дар зарар ба сар мебарад. Оқилона зистан талабот ва одоби ҳар давру замон аст. Аз ин рӯ ба ҳар як нафар ҳангоми аз расонаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои интернетӣ ва ғайра истифода кардан, риоя намудани эътидол шарти аввал мебошад.

Зимнан, атрофи вуҷуд доштани маҳдудият барои дастрасӣ ба якқатор сомонаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои расонаҳои ахбор баҳсҳо зиёданд. Ҳарчанд сабаб ва ҳадаф аз ворид намудани маҳдудиятҳо ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи ҷомеа аз натиҷаҳои зараровари олами виртуалӣ гуфта мешавад, вале чунин навъи чораҷӯиҳо метавонанд таъсири манфиро бештар намоянд. Агар маҳдудият ҷорӣ мегардад, бояд зайле бошад, ки бар зарари ҷомеаву институтҳои иҷтимоии давлат сурат нагирад. Балки аз маҳдудият дида, ҷаҳду кӯшишҳо ба харҷ додан барои баланд бардоштани маърифатнокӣ ва шуури истифодабарии ин воситаҳо муҳимтар аст. Маърифатнокии ҷомеаро бошад аз мактаби миёна, аз синфҳои 5-6 оғоз кардан даркор. Чаро ки шахси соҳибмаърифат ҳаргиз интихоби ғалат намекунад ва барои пешрафти ватану миллаташ ғайрат нишон хоҳад дод.

–Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Ба хотири моҳи шарифи Рамазон!

Инсонро бояд аз афсурдагӣ берун кашид!

Бо Facebook ба куҷо равонаем? (1)

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s