Рамазон ва кунҷковии Беҳрӯз

“Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки ба касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед”
сураи “Бақара”, ояти 183

Беҳрӯзи ҳафтсола суҳбатҳои волидонашро аз хусуси моҳи шарифи Рамазон шунида, мароқ зоҳир мекард. Ва бо ҳавас “Ман ҳам рӯза мегирам!”, -мегуфт. Вале модараш ҳар дафъа “Ту ҳоло хурд, калон ки шудӣ, он вақт ҳатман рӯзаатро мегирӣ!”, -гуфта посух медод.

Имсол дар аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон Беҳрӯз ба нею нестони волидонаш нигоҳ накарда рӯза гирифт. Падару модар ҳам дигар ба писарак монеъ нашуданд. “Рӯзадории бача аз рӯи ҳавас аст, бигузор рӯза дорад. Ташна ё гурусна ки монд, худаш дарҳол рӯзаашоро мехӯрад”, фикр доштанд волидон. Вале бо гузашти ду даҳа ва чанд рӯзи даҳаи сеюми моҳи Рамазон Беҳрӯз ҳанӯз ҳам рӯзадор аст. Албатта, ӯ чӣ будани рӯза, қоидаҳо ва фарзу воҷиботи онро намедонад, вале вақте ки медид, падару модараш ва дигар аъзои хонадон ҳар нимашаб хобро тарк карда, хӯрок мехӯранд ва бо вуҷуди мондагӣ, гармиҳои рӯз, ташнагию гуруснагиҳо тоқат карда рӯзаашонро намешикастанд, писарак ба андешааш ҷой намуда буд, ки дар рӯза ҳатман чизе ҳаст, ки атрофиёнаш дар доштани он хеле эҳтиёт мекунанду ба он нозукона рафтор менамоянд.

Вақте ки амаки хурдиаш Саид ба хонаи онҳо омад, гуфт:

– Барои он рӯза медорам, ки хароб шавад!

Амаки калониаш, ки бештари вақт дар Русия буду русмиҷоз гаштааст, мегуфт:

– Аз мардум шармам меояд, боз нагӯянд, ки як марди калони бо тануманд рӯзахӯр аст!

Ба амааш Ҷамила бошад, баъди табобатҳои зиёди меъда духтурон тавсия додаанд, ки бояд рӯза дорад. Ва ӯ ҳам тавсияи духтурро ба инобат гирифта рӯза доштааст. Бародари калониаш бошад чунин мегуфт:

– Як илоҷ карда ба воситаи ҳамин рӯза аз сигоркашӣ халос мешавам!

Бибиаш нолишкунон дар ҳар шишту хезаш такрор мекард:

– Шукр боз ба як Рамазони дигар расидем. Ба воситаи рӯза доштан каме ҳам бошад гуноҳҳоямонро мешӯем!

Ҳамсояашон, ки боғи калон дошт, ҳар нисифрӯзӣ аз кор бармегашт. Ва ҳар вақте ки бо падари Беҳрӯз вомехӯрд, ин ҷумларо мегуфт:

– Бо шарофати Рамазон муддате аз корҳои вазнин халос шудам. Истироҳат ҳам хуб аст…

Ҳамаи ин аз назари Беҳрӯзи хурдсол дур намемонд. Ва ӯ бо назардошти гуфтаҳои боло дар андешаи худ рӯзаро ба ҳар навъ маънидод мекард. Ин ҳама ӯро ба роҳгумӣ мебурд. Чун дар ӯ ҳатто яке аз сабабҳои гуфтаи наздиконаш набуд. Пас ӯ барои чӣ рӯза мегирад? Бо ин савол ба назди падараш рафту пурсид:

– Аз рӯи мушоҳидаи ман ҳар кас бо ҳар сабабу мақсаде рӯза мегирад. Барои хароб шудан, табобат, аз шарми мардум, дур шудан аз аъмоли бад, кам кардани гуноҳ, истироҳат ва чанд омили дигар. Аммо ман ҳеҷ яке аз ин сабабҳоро надорам. Пас ман чаро рӯза мегирам?

Падараш ба фикр фурӯ рафту андешид, ки акнун замони он расидааст, ба писараш сабабу мақсади рӯза гирифтанро фаҳмонад:

– Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон яке аз сутунҳои дин аст, писарам. Ба ҷо овардани он пеш аз ҳама иҷрои яке аз фаризаҳои Худост. Яъне, мо вазифадор ҳастем, ки барои пардохти қарзи бандагии худ рӯза бидорем. Агар мо ба мақсади риояи яке аз сабабҳои гуфтаат рӯза гирем, яқин ки рӯзаамон дуруст намешавад. Ва аз фазилати рӯза аст, ки он дар худ тани муътадил, табобату солимӣ, шарму ҳаё, дур шудан аз аъмоли бад, тақвияти сабру шикебоӣ, кам кардани гуноҳ, истироҳат ва чанд хислати неки дигарро низ доро аст.

Хуршеди ДАВЛАТ


Суҳбати рамазонии ду ҷавон

Баракати кор

Интернет ва маърифатнокӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s