Қабл аз оиладоршавӣ: интихоби номзад (1)

Нафароне, ки бо ҳам оиладор шудан мехоҳанд, метавонанд бинобар одобу адаби шаръиву инсонӣ боҳам вохӯранд ва шиносоӣ пайдо кунанд. Ақди никоҳе, ки бе ризои ду тараф ва бе меҳру муҳаббат баста мешавад, одатан бебаракат мегардад. Азбаски оиладоршавӣ масъалаи нозук аст, ҳангоми интихоби ҷуфт бештар ба ахлоқ ва маънавияти номзад аҳамият дода шавад. Номзадҳо фирефтаи намуди зоҳирӣ шуда, аз қарори барғалат додан ҳазар кунанд. Зеро баъд аз баста шудани ақди никоҳ, аз қарори гирифташуда баргаштан душвор аст ва нафари бадхӯ муҳол аст, ки минбаъд ислоҳ шавад.

Дар оиладорӣ мувофиқати рӯҳӣ шарти аввал аст. Вале ин маънои онро надорад, ки номзадҳо ҳатман бояд ҳаммизоҷ бошанд. Дар бунёди оила, новобаста ба мизоҷу фитрати ҳамсарон, онҳо бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ пурракунанд ва такмилдиҳандаи якдигар бошанд. Нафари оқил бояд хуб дарк кунад, ки дар ин олам дилхостаи сад дар сад ҷустаашро пайдо карда наметавонад ва гузашта аз ин, ба ин ҳоҷат ҳам нест. Аз ин рӯ, вақте ки кас дар мулоқоти рӯзи аввал сифатҳои аввалиндараҷаи ҷустаашро дар номзад пайдо мекунад, масъаларо зиёд кашола накарда, қарорашро бидиҳад. Нафароне, ки ҳангоми интихоби ҷуфти муносиб аз ҳад беш майдагириву хӯрдагирӣ мекунанд, эҳтимол, то охири умр аз бунёди оилаи мувофиқ маҳрум мемонанд.

Агар ҳамсарони мустақбал қадамҳои аввалини муштаракро бо меҳру ҳамдигарфаҳмӣ гузоранд, бо изни илоҳӣ, хонадонашон масъуд хоҳад гашт. Чунки ишқ, муҳаббат, ҳамдигарфаҳмиву садоқат ғизо ва эҳтиёҷи асосии бунияи оила ба ҳисоб мераванд. Вале дар баробари ин, ҷавонони дилдода набояд фирефтаи эҳсосот гашта, бепарвоёнаву берун аз доираи одоб рафтор намуда, бо рафтору гуфторашон волидайнро дилшикаста кунанд. Волидайн низ аз пофишории бемаҳал даст кашида, ду ҷавони нисбат ба якдигар пур аз эҳтирому муҳаббатро аз ҳам ҷудо накунанд; бо сабаби манфиатҳои моддиву молӣ эҳсос ва меҳри ҷавононро нодида нагиранд. Ҳамчунин нафаре, ки нисбат ба номзад меҳре надорад, аз фишори атрофиён худро халос карда, аз нияти бо ӯ оиладор шудан даст кашад, зеро чунин ҷавонмардӣ барои ҳамагон хайр хоҳад шуд. Нафари нисбати кас меҳрдошта бошад, дар вақт ва одоби муносибу мувофиқ, бо нияти хайри оиладоршавӣ изҳори муҳаббат бикунад. Риояи адабу одоби кор дар ҳама сурат сабаби баракат мегардад.

(давом дорад)


Фирефтаи ҳиссиёт нашавед!

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?

Фотиҳа ва муҳлати шиносшавии ҷуфти оиладормешуда

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s