Қабл аз оиладоршавӣ: интихоби номзад (2)

Миёни ҷавонон, бахусус миёни номзадҳо барои оиладоршавӣ, бо нияти шиносоии яқинтар пайдо кардан, истифода аз телефонҳои мобилӣ ва алоқаи интернетӣ зиёд маъмул гаштааст. Аксар вақт чунин амалу рафторҳои эҳсосиву ноҷо боиси даридани пардаи шарму ҳаё дар духтарону писарон ва тира гаштани муносибати ҷавонон мегардад. Вақте ки ошиқон бесабрӣ карда, аксари вақтро бо гӯшии мобилӣ ва ё мулоқот дар шабакаҳои интернетӣ мегузаронанд, улфат ба миён меояд ва дар оянда оиладор ҳам шаванд, аллакай меҳру муҳаббат, эҳтирому садоқат коста мегардад. Ҳисси шавқмандӣ нисбати кас ё раванде дар натиҷаи қисман номаълуму ношинос мондани он зинда аст. Яъне, агар ҷузъе аз мақсуд бароямон маҷҳулу ношинос бимонад, ҳамон андоза ҷозибу маъқул аст. Вале, агар кас ё раванде бапуррагӣ шинохта шавад, дар назар ҷозибаи аввалияро гум мекунад. Ишқ сараввал риояи одоби роҳ аст. Ҳар кӣ одобу адаби онро риоя намекунад, аз лутфу баракат маҳрум мемонад.

Ҷавоне, ки дар меҳру муҳаббаташ самимӣ аст, вале бо нияти оиладоршавӣ ба муродаш намерасад, бо маъшуқ(а)аш бо ҳам будан насиб намегардад, ҳаргиз умедшикаста нашавад. Чунки барои ин ошиқ чӣ хайр будану набуданашро Офаридгор беҳтар медонад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар насибаш нафари муносибтаре ҳаст. Ҳамчунин набояд аз хотир баровард, ки ишқ ва муҳаббат фидокориро тақозо мекунад. Дӯстдор дар ин ҷода набояд худписандонаву худбинона рафтор намояд. Шарти роҳ аст, ки нисбати дилдода доим боэҳтиром ва фидокор бояд шуд.

Агар ҷавон нисбати нафаре меҳр пайдо кардааст, ки ӯро каси дигар ошиқ асту маъшуқ(а) низ ӯро дӯст медорад, аз эълон кардани ишқаш ҳоло худдорӣ намояд. Вай босабр бояд шавад. То нафари аввал аз ният ва эҳсосҳои худ нисбати маъшуқ(а) даст накашад, сеюмӣ ҳаргиз доир ба ният ва меҳри худ лаб накушояд. Бинобар адабу одоби шаръиву инсонӣ меҳри ду дилдодаи холисниятро халалдор кардани шахси сеюм дуруст нест ва аз рӯи ҷавонмардӣ низ қабулнопазир аст. Аз ин гуна рафторҳои номатлуб ҳазар бояд кард.

Ошиқ ҳаргиз маъшуқ(а)ро бенуқс набинад ва нуқсҳои ӯро дар назараш муболиға накунад. Одамӣ бехато нест. Агар кас бехатову нуқс будани дилдодаашро ба худ талқин намояд, ҳатман бинобар ин ё он рафтору гуфтори дилдодааш, ки ба назри вай дуруст нест, дилшикаста мешавад. Ва аз эҳтимол дур нест, ки ишқ ба нафрат табдил ёбад. Нафари оқил аз ифрот ва тафрит ҳазар карда, дар ҳама ҳолат роҳи мустақимро интихоб мекунад. Чунин нафар доим дар хотир нигоҳ дорад:

Ҳар кӣ дар ҷустуҷӯи дӯсти бенуқс аст, бе дӯст монад;
ҳар кӣ ҳамсари бенуқс кобад, бемурод монад!


Қабл аз оиладоршавӣ: интихоби номзад (1)

Ғурбат

То чӣ андоза дилбастаи мақсуд ҳастем?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s