Ҳам шарқиву ҳам ғарбиям!

Китоб: “Лев Африканский”

Муаллиф: Амин Маалуф

Нашриёт: “АСТ”, соли 2006

Теъдоди саҳифа: 416

Забони китоб: русӣ


Дурӯғ будани кадом як сухан танҳо барои Худованд аён аст, барои мо бошад муҳим ин аст, ки мардум ба он чӣ нигоҳе дорад.

Амин Маалуф нависандаи машҳури фаронсавии лубнонитабор аст. Яке аз соҳибқаламони қавии адабиёти муосири Фаронса ба шумор меравад, ки асарҳояш ба беш аз 25 забони олам тарҷума шудаанд. Бовар дорем, хониши асарҳои ин нависандаи мумтоз барои тоҷикистониён завқбахш хоҳад шуд, зеро сюжет ва масоили дар онҳо зикршуда ба фарҳанг ва арзишҳои шарқиён наздик аст.

Китоби “Шери Африқоӣ” дар бораи сайёҳ, таърихнигор ва шахси воқеӣ Ҳасан ибн Муҳаммади Ваззан ал-Фасӣ аст, ки аз хотираҳои худи ӯ эҷод шудааст. Асар доир ба вазъи фарҳангӣ, сиёсӣ, геополитикӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз солҳои 1488 то 1527 дар Африқои шимоливу шарқӣ, Ховари миёна ва Аврупо зикр мекунад. Бахусус, ин роман дар бораи замони шикаст додани ҳукмронии сулолаҳои мусулмонитабор дар Испания, Алҷазоир ва Сурияи муосир аз ҷониби подшоҳону лашкарони насронӣ; муноқиша ва муҷодилаи дохилии подшоҳону султонҳои турк, араб ва эронӣ ва ҳамчуни низоъҳои байниҳами насрониёни аврупоӣ, ки қариб буд Ватикани муосир нуфузашро аз даст медод, нақл мекунад.

Ҳасан ибн Муҳаммад дар хотироташ аз Истанбул то Миср, аз Марокаш то умқи Африқову аз он ҷойҳо то Рум гоҳ мисли сафири подшоҳон ва гоҳе мисли ғуломи зархарид сафарҳо анҷом дода, хеле дақиқ зуҳури тафассӯҳ ва азбайнравии ҷомеаҳову шаҳрҳои азим ва шикастхӯрии дилхоҳ ҳукуматдориро сараввал аз дохили худи он зикр мекунад. То омадани лашкарони душман, худи он шаҳру кишварҳои азим аллака ғӯттаи зулму ноадолатиҳо буда, бегона ба арзишҳои волои маънавиву инсонӣ шудаанд. Аз ин ҷост, ки бинобар чунин таҷрибаи бойи ҳаётӣ Шери Африқоӣ худро фарзанди фарҳанги ҳам шарқиву ҳам ғарбӣ меномад.

Дар қисмати аз ҳама хушктарини биёбон ду қабре ҳаст, ки дар болои сангашон чунин навишта шудааст: “Ин қабри ду нафаре аст, ки яке тоҷири сарватманд ва дигарӣ соҳиби корвон буд. Тоҷир дар ин биёбон овора гашт ва бе об монд. Маҷбур шуд, ки аз соҳиби корвон бар ивази даҳ ҳазор тангаи тиллоӣ охирин як коса обро бихарад. Вале чанд қадаме ҳам намонда, об ба ҳеҷ кас насиб нагашта, ҳам тоҷир ва ҳам соҳиби корвон дар як дам мемиранд. Насиб ва ҳаёти одамӣ танҳо дар дасти Офаридгор аст ва Ӯ донандаи беҳтарин аст!”

Китоби “Шери Африқоӣ”-и Амин Маалуф барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.


Тавсифи психологии ҷиноят

Олами махфии масонҳо

Бо “Тобистон” гузаронидани таътил самарабахш аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s