Вуҷуд ва адаби роҳ

Вуҷуд доштан неъмати бебаҳост. Илова ба ин, ҳамчун одам вуҷуд доштан атои волотарини Офаридгор барои махлуқ аст. Ӯ метавонист моро дар сурати чорпо, хазанда, паранда ё ҷисми шахшудае офарад, вале бароямон шарифтарини махлуқот буданро насиб кард. Худованд барои обу тоб ёфтани шоҳасараш дунёро мунис офарид, бо имтиҳон ва мушкилоти зиёд тазйин дод, ки дар муқобили ҳар яки он субот ва устуворӣ нишон додан, касро ба авҷҳои волотарини офариниш мебарад, мақомашро аз мақоми малоик баландтар месозад.

Инсон дар тӯли заиндагонияш қадам ба қадам ба сӯи мақсуд ҳаракат карда, лоиқи ҳаёти абадӣ мегардад. Роҳ ба сӯи абадият қулай нест ва аз кас ҳушёриву риояи одоби роҳро талаб мекунад:

1) Новобаста ба кулфату мушкилӣ, доим зиндадил будан ва аз вартаи тамбаливу лавандӣ раҳоӣ ёфта, ибодату фармонҳои илоҳиро бе чуну чаро ба ҷой овардан;

2) Қулай ҳам набошад, ирода ва ақли солимро ба миён гузошта, аз одатҳои залили башарӣ халос шуда, аз гуноҳ ва рафторҳои ғайримашруъ ҳазар кардан;

Барои иродаи инсонӣ бе нуқс риоя намудани одоби роҳ осон нест, вале ифои он, ба кас савоб ва мукофоти беандоза мебахшад. Ҳар чӣ қадар имтиҳон сангин бувад, ҳамон андоза подошаш қиммат хоҳад шуд.

Оҳан дар натиҷаи обутобдиҳии зиёд ба пӯлод табдил меёбад; ангишт баъд аз таъсирҳои шадиди табиӣ-кимиёвӣ ба яке аз ҷавҳарҳои гаронбаҳотарини олам – алмос мубаддал мегардад. Машғули ибодат шудан ва ҳазар аз гуноҳ кардан инсонро азиз мегардонад, ба табақаҳои волотарини бандагӣ бурда мерасонад. Ин суннати илоҳӣ аст, ки дар олам ҳеҷ чиз бе машаққат ба даст оварда намешавад; зеро дунё ҷои заҳмат ва роҳат дар охират аст.


Имом Раббонӣ

То чӣ андоза дилбастаи мақсудем?

Риояи адаби роҳ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s