Ҳаёти мустақилона

Мунтазири равшание дар охири даҳлез нашавед. Аз барои Худо, хезеду ба охири даҳлез равед ва он равшаниро шумо афрӯзед!

–Сара Хендерсон

Дари хонаро касе бо шиддат тақ-тақ мекард. Модарам саросемавор дарро бикушод. Дар остона ҳамсоя Мерле истода, бо ҳаяҷон гуфт:

– Мэри, – фарёд зад ӯ. – Тезтар! Билл дар боғчаатон аз пой афтиду дар рӯйи замин беҳуш хоб аст!

Ҳамсоя падарамро дар назар дошт. Модарам дарҳол ба боғча шитобид. Мерле ба “Ёрии таъҷилӣ” хабар дод, вале афсӯс, падарам аллакай бинобар сактаи дил аз олам чашм пӯшида буд.

Модарам зиёд ғамгин шуд. Падарам барояш мисли шамъ буду ӯ парвона. Азбаски модарам табиатан шармгин аст, сарнишинии киштии оиларо бакуллӣ падарам ба ӯҳда дошт. Вале инак ӯ ин оламро падруд гуфту модарам мебоист роҳашро бе дастгирии падарам давом диҳад. Ҳолати мавҷударо барои модарам вазъи оилавии ману хоҳарҳоям боз ҳам мушкилтар мекард, зеро ману онҳо дар шаҳре дуртар аз модарамон зиндагӣ мекардем.

Аз фавти ногаҳонии падарам ман низ зиёд ғамгин шудам ва дилам барои модарам хавотир буд. Чанд ҳафтае ҳамроҳи модар зистам, вале маҷбур шудам, ки ба назди хонаводаам баргардам. Он рӯз модарам дар назди остона истода маро гусел кард. Офтоб мӯйҳои зарринашро ҷилову насими форам онҳоро ҷавлон медод. Ин манзара диламро ба риққат овард ва тамоми роҳ боиси шашқатор шудани ашки чашмонам гардид.

Баъд аз чанд сол модарам қарор гирифт, ки ба назди ман кӯчида ояд. Ман бисёр хурсанд шудам. Вале қарори мазкур барои модарам хеле масъалаи мушкил буд. Азбаски ӯ як умр дар деҳа мезисту тамоми буду шудаш бо он маҳал алоқамандӣ дошт, дар як ҳамла тағйир додани низоми мавҷуда барояш қулай набуд. Илова ба ин, дар шаҳр ба ғайр аз ману хонаводаам ӯ каси дигарро намешинохт. Аммо чораи дигар набуд. Моҳи январ буд. Дар деҳаи модарам бинобар шиддат гирифтани бориши барф қувваи барқ қатъ гардид. Ман ҳамроҳи шавҳарам модарамро ба шаҳр овардем. Маълум буд, ки модарам дар хонааш зиёд танҳо зиндагӣ карда наметавонад. Ҳарчанд саломатияш бардам буд, вале ҳолати рӯҳӣ-равонияш маро хавотир мекард. Дар ин байн мушкилиҳои зиёде ҳам сар мезаданд, ки ману хоҳарҳоям онҳоро аз фосилаи дур истода тариқи телефон ҳал карда наметавонистем.

Омодагӣ барои кӯчидан чанд моҳро гирифт. Хушҳолона, дар натиҷа модарам ба масофаи панҷ дақиқа дуртар аз мо хона гирифту ҳаёти шаҳрияш оғоз гардид. Моҳҳои аввал дар ҳама корҳояш кӯмак мекардам. Бо мурури замон ӯ ба низоми нави ҳаёташ одат карду корҳои рӯзмарраашро мустақилона анҷом медод, вале ҳоло ҳам худро танҳо ҳис мекард.

– Бисёр хуб мешавад, агар дар ин шаҳр бо касе рафоқат пайдо кунам. Он гоҳ ҳаётам рангинтару хуштар мегардад, – борҳо такрор мекард ӯ.

Рӯзе модарамро тариқи телефон суроғ кардам, вале ӯ дер ҷавоб дод. Вақте ки “ало!” гуфт, тез-тез нафас мекашид. Маълум буд, ки ба назди телефон давида омадааст. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ хел аст, зеро каме хавотир шудам. Модарам хиҷолатомез ханда кард. Худе, ки ман ӯро ҳангоми анҷом додани кадом як кори номатлубе дошта бошам. Ҳарчанд ман ӯро бо чашмонам намедидам, вале аниқ ҳис мекардам, ки чӣ коре рух додааст. Дар ҷавониям ҳарчанд дар дуриҳои дур будам, ӯ низ аз ҳар ҳолатам доим хабардор мешуд. Модарам доим ғамхори ман буд. Ҳоло бошад ман ғамхори ӯ гаштам.

– Вақте ту занг задӣ, ман аз тиреза тамошо мекардам. Ростӣ, аз паси корҳои ҳамсояҳоям поидан адаби ман ест, вале…

Ҳамин тавр модарам ба ман дар бораи яке аз ҳамсоязане нақл кард, ки ҳар пагоҳӣ барои гирифтани мактубҳояш ба берун мебарояд ва ӯ низ дар хонааш танҳо мезист. Дар зоҳир зани хуштабъ будааст ва эҳтимол, модарам метавонад бо ӯ рафоқат пайдо бикунад.

(давом дорад)


Бани одам аъзои якдигаранд

Одам ва дунё

Сангтарош

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s