Ҳаёти мустақилона (2)

– Модарҷон, чаро ба наздаш рафта, бо ӯ шинос намешавед?

– Дуруст мегӯӣ! Насиб, ягон рӯзи муносиб ба наздаш рафта, шинос мешавам.

Ман хуб дарк мекардам, ки агар “насиб” ва “рӯзи муносиб” ба ӯҳдаи модарам гузошта шавад, замони он ҳеҷ гоҳ намерасад. Ҳарчанд сухан дар бораи амалу рафторҳои осон меравад, вале барои қадами аввалин ҷасорат лозим буд. Падарам доим мегуфт, ки агар чизеро ноил шудан хоҳӣ, ту бояд барои он ҷаҳд кунӣ. “Аз ҷоят бархезу чанги ваҳму ноумедиро аз худат такон ва амали мехостаро ба анҷом бирасон!”

Модарам бо ин ёдовариҳо розӣ шуд. Ҳамон рӯз ба назди ҳамсояаш рафту гуфт: “Субҳ ба хайр!”

Субҳи фардо модарам бо ҳаяҷони зиёд ба ман занг зад:

– Бовар мекунӣ, дирӯз ба назди он ҳамсоязан рафтаму бо ӯ шинос шудам.

– Офарин модарҷони ҷасурам!

– Номаш Кэрол ва ӯ низ мисли ман бевазан аст.

Ҳамин тавр бо мурури замон рафоқати модарам бо Кэрол бештар гашту қариб, ки ҳар бегоҳро ҳамроҳ мегузарониданд. Онҳо якҷоя ба театру синамо мерафтанд. Ҳатто ба яке аз маҳфилҳо барои занон аъзо гардида, ҳамроҳи гурӯҳ ба сайру гашти маконҳои гуногун мерафтанд. Чанд рӯз қабл модарам бо писари Кэрол шинос мешавад. Ӯ ба модарам самимона изҳори сипос намуда, илова кард: “Бо пайдоиши шумо ҳаёти модарам рангинтар гашт!”

Вақте ман ин суханҳоро аз модарам шунидам, тааҷҷуб кардам, зеро дар асл ӯ зиёд муҳтоҷи рафоқат кардан бо Кэрол буд. Кэрол мисли атои илоҳӣ дар ҳаёти модарам пайдо шуд. Ҳол он ки модари ман ҳам барои Кэрол ба сони ҳадяи деринтизор будааст. Боре модарам ба Кэрол нигоҳ карду аз самими қалб гуфт:

– Худоё, Кэрол! Ташаккур, ки дугонаи азизи ман ҳастӣ!

Дугонаҳо ба ҳам назар карданду самимона хандида, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд.

Мегӯянд, ки Офаридгор барои бандааш доим ҳолати хайртаринро ато мекунад. Аз ин рӯ аксар вақт барои мо чӣ гуна нақша омода шудааст, дарк намекунем. Ман ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунам. Модарам боварӣ дошт, боумед буд ва рӯзе, ки фурсат шуд, ҷасоратро ба даст гирифта, ба ҳадафаш ноил гашт. Баъд аз шиносоӣ бо Кэрол, ӯ мисле ки дубора шукуфт. Модарам на танҳо дӯсти азиз пайдо кард, балки барои каси дигар ҳам дӯсти қарин шуд. Ҳарчанд марги падарам барояш имтиҳони сангин буд, вале ӯ тавонист сабр бикунаду оқибат боз бо умед устуворона ҳаёташро идома бидиҳад.

–Тереза Сандерс
аз китоби “Куриный бульон”


Бани одам аъзои якдигаранд

 

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s