Калимаи махфӣ ва бехатарии кӯдак

Дар овони наврасӣ кӯдак ба хонаи дугона ё рафиқонаш барои шабхобравӣ ба меҳмонӣ рафтанро ҳавас мекунад. Дар чунин ҳолат волидайн хавотир нашаванд. Вале, ба ҳар ҳол, ҳангоми дар дурӣ аз шумо будани кӯдак барои бехатарӣ ҳамроҳаш як навъ “калимаи махфӣ”-еро ихтироъ кунед. Бахусус, барои бехатарии духтарҳо чунин калима ҳангоми хатар зиёд кӯмак карда метавонад. Кӯдак дар ҳолати рух додани мушкилӣ, хатар ба ҷону саломатияш метавонад бо истифода аз он волидайнро огоҳ кунад. Барои ҳамин “калимаи махфӣ”-ро ҳамроҳ бо кӯдак ихтироъ карда, онро дар ёд нигоҳ доред.

Мисол, вақте ки духтар ва ё писаратон дар куҷое ҳамроҳи дугонаву рафиқонаш вақт мегузаронаду дар ин асно нохушие рух медиҳад ва ё аз ҷониби касе зарар диданаш қатъӣ аст, ба падар ё модар занг зада “Пойафзолам танг аст”, “Ман имрӯз уқоберо дидам” барин “калимаи махфӣ”-ро ба кор барад ва ин худ маънои онро дорад, ки “Ҳар чӣ зудтар омада маро аз ин ҷо бибар!” Кӯдак ба таври махфӣ ва аз шахси зараррасон пинҳонӣ волидайнро аз вазъи ногувор огоҳ мекунад.

Эҳтимол, ба кор бурдани “калимаи махфӣ” тамоман бароятон лозим нашавад, вале эҳтиёт қабл аз вуқӯи мушкилот зарар намекунад; ҳатто баръакс, метавонад хонаводаро кӯмак бикунад. Гузашта аз ин, аллакай доир ба ин гуна калима ҳамроҳи фарзанд сухан рондан ӯро ҳушдор месозад, ки дар ҳаёт метавонад ҳар гуна ҳолату воқеаҳо рух диҳанд ва аз нафарони дар ҷомеа буда зарар ҳам бинад. Кӯдак ба дарки ин мерасад, ки ҳангоми рух додани ин гуна мушкилиҳо, бояд дарҳол волидайнро огоҳ кунад.


Агар наврас беинтизом бошад…

Брайан Трейси доир ба тарбияи кӯдак

Тарбияи фарзанд тарбияи башарият аст!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s