Актёрӣ ҷойи шуҳратталабону унвонҷӯён нест!

Суҳбати ихтисосӣ бо ҳунарпешаи театр ва кино Абдулмумин Шарифӣ

– Нахуст мо умед мебандем, ки ба Шумо дар хусуси касби актёрӣ саволҳои дуруст медиҳем ва ҷавобҳоятон ҳам бепардаву ошкор мешаванд ва дар натиҷа аз ин суҳбат ҳама довталабони соҳаи мазкур ба хулосаи нек мерасанд.

– Худо кунад, ки гуфтаи Шумо шавад.

-Актёрӣ…

– Актёрӣ ҳунар аст, мисли дигар касбҳо.

– Актёр…

– Истеъдоди худододӣ аст: “Ҳар касеро баҳри коре зодаанд…” ва актёр нахуст бояд инсони воқеӣ бошад, аҳли китобу андеша ва аҳли дард бошад.

– Актёрӣ дар Тоҷикистон чӣ аҳамияте дорад?

– Ҳамон вақте ки китобу саводу маърифат дар Тоҷикистон аҳамият пайдо кард, баъдан метавон дар бораи аҳамияти ҳунарпешагӣ ҳарф зад.

– Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки ҳоло “аҳамияти касби ҳунарпешагӣ дар Тоҷикистон” мавзӯи баҳс шуда наметавонад?

– Театру ҳунарпешаи театр, ҳадди ақал то мову шумо буд ва хоҳад монд, вале аҳамияту манзалати воқеиаш то куҷост, ин вобастааст ба гуфтаҳои болост.

– Шумо метавонед қадру қиммати актёрӣ ва актёрро дар ҷумҳуриямон бепарда бигӯед?

– Дар умум намешавад гуфт, ки нест. Ҳамон вақте ки тамоми қишри ҷомеа фарзандони худро барои ин касб фиристанду беҳтаринҳо актёр-ҳунарпеша шаванд, албатта қадру қиммати ин касб боло хоҳад рафт.

– Ба фикри Шумо актёрӣ дар мо дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Савияи дониш ва худшиносиву маърифати ҷомеа дар кадом пояе бошад, рушди ҳунари актёрӣ ҳам ҳамон аст, зеро актёр ҳам узви бевоситаи ин ҷомеа мебошад.

– Ба фикри Шумо ҳоло “Савияи дониш ва худшиносиву маърифати ҷомеа дар кадом поя” аст?

– Ба адади чопи китобу рӯзномаҳо, китобхонӣ ва саводи ҷомеа таваҷҷуҳ кунед, дарк хоҳед кард, ки дар кадом поя аст.

1
Абдулмумин Шарифӣ

– Актёрӣ майдони кадом намуди одамон шуда метавонад?

– Нахуст онҳое, ки дар худ истеъдоди худододиро эҳсос кунанд ва баъд заҳмату мутолиаи зиёд ва сифатҳои дар банди аввал иброз намудаам.

– Соҳибкасбони соҳа нахуст дар зоҳиру ботини як актёршаванда чӣ ё чиҳоро ҳатмӣ медонанд?

– Иродаи қавӣ доштан ва дурӣ аз нишонаҳои шуҳратталабию зоҳирпарастию унвоҷӯӣ будан аст.

Лекин ба назар мерасад, ки дар ҳоли ҳозир 90%-и довталабони ин соҳа барои шуҳрат меоянд, ба инаш чӣ мегӯед?

– Шуҳратталабӣ яке аз хислатҳои сахти гурӯҳе аз инсонҳост ва на ҳар кас метавонад аз он дур бошад. Шуҳратталабию зоҳирпарастӣ як мушкилии ҷомеа аст.

– Ба андешаи Шумо кадом навъи одамон бояд ба ин соҳа наоянд ё ба таври дигар гӯем наздик нашаванд?

– Нафароне, ки дур аз китобу саводанд ва инчунин нафароне, ки бадбахтона нуқсу айби равонӣ ё ҷисмӣ доранд.                                                

Омилҳои мусоидаткунанда барои актёр шудан кадомҳо ҳастанд?

– Муҳит, фазо ва заминаи солими эҷодӣ.              

– Пул, роҳнамоии устодон, ихтисоси актёрӣ… инҳоро ҳам метавонем ба омилҳои мусоидаткунанда ворид намоем?

Бешубҳа! Яке аз омилҳои муҳими муҳити солим инҳоянд.

– Ва умуман нақши пулро дар ҳаёти актёр бигӯед.

Ҳама ниёз ба пул доранд. Эҷодкор, вақте мушкилии пулиаш осон шавад, мусаллам аст, ки бештар бо эҷодиёт машғул мешавад.

– Актёр дар кишвари мо чӣ гуна зиндагӣ мекунад?

– Актёр узви бевоситаи ҷамъияти Тоҷикистон аст. Ҳар навъи зиндагие, ки ҷомеаи Тоҷикистон дорад, актёраш ҳам ҳамонро дорад.

Манзур ин аст, ки дар Тоҷикистон бо маоши актёрӣ зиндагӣ карда мешавад. Агар ҳа, он чӣ қадар аст, агар не, пас даромади иловагии актёр аз куҷост?

– Бо маоши актёрӣ имрӯз дар Тоҷикистон зиндагии осоишта кардан имкон надорад. Барои даромади иловагӣ воситаҳо нисбатан каманд, аммо… “Шояд бояд зистан, ношод бояд зистан!”

– Паҳлуҳои манфии касби актёрӣ кадомҳоянд?

– Касби актёрӣ зудшинохташаванда аст. Як нақш (ҳатто нақши сабук) метавонад актёрро шуҳратманд гардонад. На ҳар кас метавонад тоби ин шуҳратро дошта бошад. Ва боз вобаста ба фаҳму дарк ва муҳити ҷомеа метавонад паҳлуҳои мухталифи худро дошта бошад.

Ҷомеаи мо ба чӣ гуна актёр ниёз дорад?

– Ба актёри воқеӣ, ки соҳиби дониш, одоб, истеъдод ва андешаи созандагӣ бошад.

– Мо ҳамин гуна актёри воқеӣ дорем? Агар бале, пас 5-тоашро ба хонандагони мо, ки асосан довталабони макотиби миёна ҳастанд ва нияти интихоби касбро доранд, бигӯед?

– Шукр, ки буданду ҳастанд, мисли Маҳмудҷони Воҳид, Атои Муҳаммадҷон, Раҷаб Ҳусейнов, Сабоҳат Қосимова, Қурбони Собир, Нозим Меликов…!                      

– Умри ҳунарпешагӣ, хусусан дар Тоҷикистон, чӣ қадар аст?

– Агар Тоҷикистон аз китобу дониш ва маърифат дур нашавад, умри ҳунарпешагони ӯ ҷовидон аст.          

– Ҷавобатон бо муаммо аст. Бепарда метавонед умри ин касбро дар ҷумҳуриямон бигӯед, зеро насли наврас донистан мехоҳанд, ки касбашон дар кишварашон чӣ қадар умр дорад?       

– Ҷиддӣ мегӯям, аслан бинандагони аслии театр аҳли китоб, фарҳангу маърифатанд. То оне ки инҳоянд, ин касб зиндаву саломат аст ва албатта тинҷиву амониро ҳам бояд қайд кард.                                                  

Шумо ба интихобкунандагони касби актёрӣ чӣ тавсия медиҳед?

– Ҳастии миллат фарҳанги ӯст. Яке аз шохаҳои фарҳанги имрӯзи ҷомеа театр аст. Фарҳангиён таббохи ғизои маънавии ҷамеаанд. Магар савобу хайр нест, ки саҳмгузори ин кору амали нек бошед..?

– Мо ба Шумо сипос мегӯем, ки ба саволҳои мо ҷавоб гуфтед!

– Сарбаланду пирӯз бошед!

Мусоҳиб М. Тоҳир


Блоггер ва блоггинг дар Тоҷикистон

Инсонро бояд аз афсурдагӣ берун кашид!

Қудрат

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s