Усто “намешавад” ва “наметавонам”-ро намешиносад!

Суҳбати ихтисосӣ бо устои мошин Нуралӣ Бегназаров

– Амак, дар паҳлӯи Шумо ҷавононро дидан маъноеро дорад, ки касби устогӣ на танҳо барои нафарони синну солрафта аст, балки нафарони зиёд усто будан мехоҳанд.

Агарчӣ дар миёни аксар ҷавонони мо дар мактаби олӣ таҳсил кардан муд шудааст, вале боз қисме аз ҷавононеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки нисбат ба касби устогӣ хоҳишу завқи бисёр доранд ва шукр теъдодашон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

– Агар ин хел бошад, пас барои ҷавонону он нафароне, ки усто шудан мехоҳанд ва барои хубтару беҳтар ин касбро шиносонидан кӯмаки Шумо лозим аст.

– Ҳар коре, ки аз дастам ояд ба ҷон қабул!

– Шумо чӣ тавр усто шудед?

– Дар аввал ман мехостам ҳунарманд шавам. Ба шеъру суруд, асбобҳои мусиқӣ ва сухану суханварӣ завқи зиёд доштам. Вале тақдир набудааст, яъне падар бароям бисёр вақти кам ҷудо мекард ва он замон ман бе ёрии нафаре ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистам донишҷӯйи ихтисоси мехостаам шавам.

Ҳамин тавр, ман ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби ронандагӣ супоридам. Аввал ронанда ва пасон устои мошин шудам.

– Аз субҳ то шом болои бетон дар таги мошин калиду гайка дар даст гирифта истодан мушкил нест?

– Не, дигар ин кор барои ман душворие надорад. Зеро на як солу ду сол, балки зиёда аз 20 сол мешавад, ки ҳамин корро анҷом медиҳам. Ман чӣ хел гузаштани рӯзро намефаҳмам. Баръакс, вақтҳое мешавад, ки намехоҳем рӯз тамом шавад, зеро корҳо ниҳоят хуб мегузаранд.

– Усто дар кадом фасл муштарии бисёр дорад?

– Инро то ин вақт фикр накарда будам. Қариб ки дар ҳама фасл як хел аст.

– Ба андешаи Шумо як нафар чаро бояд устои мошин шавад?

– Ин касбро аз хурсандӣ ё аз рӯйи ҳавобаландӣ интихоб намекунанд, балки барои аробаи зиндагиро кашидан аст. Яъне корест, ки рӯзҳоро шом мекунад ва бар ивази ин ризқи худу онҳоеро, ки ба умед дар хона интизорат ҳастанд, меёбӣ. Ва агар ҳар нафаре, ки касби беҳтаре интихоб карда наметавонад, пас барои рӯзгузаронӣ бояд ҳадди ақал усто шавад.

Аз ҷониби дигар, устошаванда нафаре бояд бошад, ки мақсади муайян дошта бошад ва аз ин умри кӯтоҳаш чӣ хостану чӣ кор кардану аз кадом ҳисоб зиндагӣ карданашро хуб донад.

photo_2020-01-15_08-09-55.jpg
Нуралӣ Бегназаров

– Киҳо метавонанд устои мошин шаванд?

– Ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад. Яъне барои усто шудан шавқу завқ ва каме дастгирӣ даркор, дигар ҳеҷ.

– Кӣ ё киҳо бояд усто нашаванд?

– Нафароне, ки аз ҷойгаҳашон хеста наметавонанд, ҷуръати тағйир додани худро надоранд, барои соҳибкасб шудан хоҳиши кофӣ надоранд.

– “Хоҳиши кофӣ” надоштан чӣ маъно дорад?

– Ман фикр мекунам, ки дар интихоби дилхоҳ роҳ хоҳиши муайяне зарур аст ва агар аҳамият дода бошед ҳастанд нафароне, ки ба чанд кор даст мезананд, вале дар ягонтоаш комёб намегарданд, зеро ба қадри талаботи касб ё касбҳои интихобкардаашон хоҳиши кофӣ, завқи кофӣ ва диққати кофӣ надоранд.

– Устогиро чӣ гуна ва дар чанд муддат аз худ кардан мумкин аст?

– Дар мо аз ҳама усули маъмулии усто шудан ин дар пеши устое шогирд истодан аст. Шахсан худи ман бо ин усул ба даҳҳо нафар ин касбро омӯзонидам. Муҳлати омӯхтани касб бошад барои ҳама як нест, зеро ин ба зеҳни ҳар одам вобаста аст.

– Тахминан гӯем чӣ?

– Мумкин як–ду сол.

– Чӣ тавр метавон устои хуб шуд?

– Вақте метавон устои хуб шуд, ки аз навигариҳои техникаву технология бохабар бошӣ. Масалан, имрӯз мебинем, ки мошинҳои зиёди навбаромад ба ҷумҳурии мо ворид шуда истодаанд, агар каму беш онҳоро фаҳмида, таъмир кунӣ, пас устои хубӣ.

– Тамом?

Боз гапдону ҳушёр ва бо муштариён хушсухан шудан даркор аст. Ҳаққи хизматро аз меъёр баланд нагуфтан…

– Оё устоҳои насли нав аз насли Шумо бартарӣ доранд?

– Бале, устоҳои ҷавон бисёр пешравиҳо доранд. Чизҳоеро мефаҳманду таъмир мекунанд, ки онҳоро мо тамоман намефаҳмем. Ҷавонон бо технологияи муосир бисёртар сарукор доранд ва фикр мекунам, ҳар бартарияте, ки доранд, ба он вобаста аст

– Мешавад вақте, ки мошинро бо сабаби доштани фалон “дард”–аш қабул накунед?

– Аслан, дар кори устоӣ “намешавад” ва “наметавонам” гуфтанӣ гап вуҷуд надорад. Вале мешавад ҳолатҳое, ки “дардҳои” мошинҳои навбаромадро камтар сарфаҳм меравем. Яъне, як нафар наметавонад аз уҳдаи ҳама кор барояд.

– Назди Шумо бештар бо кадом “дард”–ҳо меоянд?

– Мушкилии асосие, ки бештари мошинҳоро ба назди мо меорад, мувофиқ набудани газашон аст. Яъне бисёри мошинҳои имрӯза барои ба воситаи газ ҳаракат кардан мувофиқ нестанд. Мардуми мо аз рӯйи бепулӣ ва ноилоҷӣ ба дилхоҳ мошин газ насб мекунанд, вале он дер намепояду таъмир мехоҳад.

– Оё бо касби устоӣ метавон ҳама эҳтиёҷоти рӯзгорро бароварда кард?

– Аслан мо он вақте шоиста ва бе мушкилӣ зиндагӣ мекунем, ки мардум ҳама пулдор шаванд. Ҳоло ки аксарият “пул надорам” мегӯянд, чӣ гуна метавонад як устои мошин, тавре ки хоҳад, зиндагӣ кунад, агарчӣ ҳунару касб дошта бошад ҳам? Аммо ба ҳамааш шукр, зиндагӣ хуб ҷараён дорад. Худо аз ин бад накунад.

 – Дар як рӯз чанд сомонӣ кор мекунед?

– Гуфтани ин муҳим аст?

– Муҳим нею аз ҷавоби болоятон мароқ зоҳир кардам…

– Рӯзи кории мо муайян нест ва чанд сомонӣ кор карданамон ҳам. Рӯзҳое мешавад, ки то 80–100 сомонӣ кор мекунем, вале боз мешавад рӯзе, ки ҷойи кор меоему дасти холӣ ба хона бармегардем. Ҳамааш аз насиб вобаста аст ва ба ҳамааш шукр.

– Баъзе касбҳо аз миён рафта истодаанд, ин ҳолат устогиро таҳдид намекунад?

– Ман фикр мекунам, ки касби мо ҳеҷ гоҳ аз миён намеравад, зеро корҳоеро, ки устои мошин мекунад, ҳеҷ гоҳ роботу дигар дастгоҳе карда наметавонад.

– Агар ба ҷойи писаратон мебудед, чӣ кор мекардед?

– Ҳамин касбро аз сари нав бо замона мувофиқ карда меомӯхтам!

Ба андешаи Шумо устошавандаҳо бояд кадом паҳлӯи устогиро интихоб кунанд?

Беҳтар аст агар ҷавонони мо, ҳамон ҷавононе, ки устои мошин шуданианд электрики мошин шаванд, зеро ин кор ҳам кори тоза, ҳам кори сердаромад ва ҳам кори сермуштарӣ аст.

– Раҳмат барои суҳбат!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб М. Тоҳир


Блоггер ва блоггинг дар Тоҷикистон

Актёрӣ ҷойи шуҳратталабону унвонҷӯён нест!

Дучарха

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s