Мардум имрӯз ба психолог боварӣ надорад!

Суҳбати ихтисосӣ бо равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов

Муҳтарам Ёраҳмадов, тасаввур кунед, ки дар ин ҷо чанд нафари равоншиносшаванда нишастаанд ва бо саволи “Равоншиносӣ чист ва равоншинос кист?” ба Шумо назар мекунанд.

– Ҳангоме ки одамон истилоҳи психологияро истифода мебаранд, онҳо аксар вақт ҳодисаҳои гуногунро дар назар доранд. Дар баъзе ҳолатҳо калимаи психология ҳолатҳои руҳии инсонро дар назар дошта мешавад. Дар мавриди дигар ба хусусиятҳои индивидуалии одам ё гуруҳи одамон ба мисоли психологияи одамони бепарво, бадҷаҳл, зиндадил, гирёнчак ва ғайраҳо дахлдор мешаванд. Якчанд муҳокимаҳои шарҳдиҳандаро дар фаҳмиши психология ва психолог меорем:

Психология ин илм аст – пурра дар бораи одам, олами ботиню зоҳирӣ. Психолог азхудкунандаи ин илм мебошад.

Ҳамчунин психология рафтори одамро дар ҳамагуна вазъияту шароит меомӯзад. Психолог нафаре ҳаст, ки қобилияти идора кардани рафтор, хиссиёт, фикри худ ва дигаронро дорад. Психолог нафаре ҳаст, ки шахсияти худ ва дигаронро зиёдтар медонад ва дар кадом ҳолат чӣ гуна муносибат кардану чӣ тавр рафтор карданро ба роҳ мемонад.

Фикр мекунем, ки донистани саромадони ин касб барои ҳар довталаби касби равоншиносӣ муҳим аст, лутфан, мегуфтед, ки дар гузашта киҳо буданд парчамдорони равоншиносӣ?

– Албатта касби психолог таърихи пайдоиши худро дорад ва он ҳам бошад аз асрҳои XVII – XVIII оғоз гардидааст. Дар ин самт корҳои Гоклениюс, Христиан Волф, Вилгелм Вундт ва дигарон назаррас мебошад. Илми психология ва махсусан фаъолияти психологҳо дар давлатҳои Россия, ИМА, Фаронса ва баъзе шаҳрҳои Олмон ба амал омадааст.

– Шумо ба равоншиносӣ чӣ гуна ва чаро омадед?

– Пеш аз дохил шудан ба ихтисоси психологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоштам. Ба ин касб ман ногаҳонӣ омадам. Яъне дар борааш маълумоте надоштам, аммо вақте ки ба фозо ворид шудам, дарсҳо хело ҷолиб мегузаштанд ва худро дар дунёи дигар медидам. Хангоми донишҷӯйӣ дар хусуси ин илм дар зеҳнам саволҳои зиёд пайдо мешуданд. Ҳарчанд ки аз устодони таҷрибадор мепурсидам, мутаассифона ба онҳо ҷавоби амиқу дуруст намеёфтам. Дар натиҷа як чизро дарк кардам, ки ҷустуҷӯи ин савлоҳо шахсро ба заррачаҳои камолоти психологӣ мебурдааст.

Ali
Алиаҳмад Ёраҳмадов

Шумо аз аввали фаъолият дар соҳаи равоншиносӣ бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед?

– Дар фаъолияти касбӣ ба душвориҳои ниҳоят зиёди шахсию касбӣ рӯ ба рӯ шудам ва ҳозир низ қисме аз мушкилиҳо вуҷуд доранд. Ман ба андешае ҳастам, ки равоншинос ҳамеша дар миёни проблемаҳои дигарон аст. Вале хубиаш дар он аст, ки муроҷиатҳои мардум касбияти равоншиносро баланд бардошта, ӯро ҳаматарафа инкишоф медиҳанд.

Психолог будан ва ё шудан масъулияти ниҳоят баландро талаб мекунад, аммо одамони ҳозира ва махсусан ҷавонон, намехоҳанд, ки масъулиятро ба души худ бигиранд ва аз ин рӯ психолог шудан низ намехоҳанд. Агар нафаре, ки психолог шуданӣ аст, пешакӣ бояд масъулиатшинос шуданашро дар назар дошта бошад.

Шумо ҳамчун равоншинос боварии мардумро то кадом андоза ба намояндагони касби худ мушоҳида кардаед?

– Саволи хеле бомаврид аст барои ман, чунки тахминан 7 моҳ мешавад, ки дар бинои «Шарқи Озод» ҳуҷраи машварати психологӣ кушода шудааст, аммо муроҷиат ба психолог хело ва хело кам аст. Агар хато накунам дар ин 7 моҳ ҳамагӣ 6 нафар ба мо муроҷиат кардааст. Ва боз бояд бигӯям, ки аз ин шумора танҳо як нафарашон пурра ба машварат омад, боқимонда танҳо як ё дуборӣ омаданду халос. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум имрӯз ба психология боварӣ надорад. Психологро аз психотерапевт ва психиатор фарқ намекунанд.

Равоншиносӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар қадр дорад?

– Дар Тоҷикистон психология ба таври мунтазам рушд ёфта истодааст, аммо мушкилоти зиндагии одамон рӯз то рӯз зиёд шудан мегирад. Проблемаҳои ҳозираи одамонро бо дар назардошти донишҳои психологии муосир ҳал кардан ғайриимкон аст. Яъне воситаҳои таъсиррасоне, ки ба ҳаёти психологию-иҷтимоӣ ва табиии одамон ба амал омада истодаанд, ниҳоят зиёд мебошанд.

Ба фикри Шумо то кадом андоза равоншиносӣ дар мо рушд кардааст?

– Воқеан ҳам дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон пешравиҳои соҳаҳои гуногуни ҳаётӣ зиёд ба назар мерасад. То ин солҳои дар Тоҷикистон бештар донишҳои ҳаётии психологӣ ташаккул меёфтанд, донишҳои илмии психологӣ бошад то як андозае рушд намекарданд. Хушбахтона, бо ташкил шудани шӯрои диссертатсионӣ соҳаҳои психология ва ташкил шудани факултаҳо ва шуъбаҳои психологӣ дар Тоҷикистон илми психология рушд ёфта истодааст.

Дар бисёр мамолики хориҷӣ мардум равоншиноси оилавии худро доранд ва ин ҳам як роҳи даромади иловагии равоншинос аст. Оё Шумо ба мардум чунин хизмат мерасонед ва ё роҳи даромади иловагии дигаре доред?

Албатта психолог дар давлатҳои хориҷӣ серхаридор аст ва ҳар як оила ва ё ташкилот барои худ психолог дорад. Ба ин восита психолог даромади иловагӣ дорад. Ман ҳамчун мутахассис ба чандин нафарон кӯмакҳои гуногуни психологӣ расонидаам ва то андозае даромади иловагӣ низ ёфтаам. Аммо муроҷиатҳо ба психологон ниҳоят кам аст ва махсусан агар психолог барои кораш маблағ талаб кунад. Дар Тоҷикистон муносибатҳои хешутаборӣ ба дараҷаи баланд рушд ёфтааст ва ҳар касе мехоҳад мушкилоташро тариқи хешутаборӣ, шиносоӣ, дӯстию рафиқӣ ҳал намояд, ки дар чунин ҳолат арзиши касбии психолог ва илми психология паст мегардад.

Киҳо бояд равоншинос шаванду киҳо не?

– Психология илмест, ки ба олами ботинӣ нигаронида шудааст ва он нафаре метовонад психолог шавад, ки масъулияти зиёдро ба дӯш гирифта тавонад. Ҳар як нафар барои худ психолог аст ва инро низ худи одам мефаҳмад, аммо психологияи муосир ҳамеша иваз мешавад, роҳҳои нави таъсиррасонӣ ба амал меоянд.

Шахсоне, ки бемории шизофрения доранд, беҳтараш аз психология дур бошанд ва агар аллакай психолог бошанд, кӯшиш кунанд, ки ба умқи проблемаҳои психологӣ даст назананд. Чунки оқибат худ ба духтури бемориҳои рӯҳӣ муҳтоҷ мешавад. Боқӣ метавонанд ба равоншиносӣ рӯ оваранд.

Як психологшаванда дар худ бояд чӣ дошта бошад?

– Психологшаванда бояд ҳамеша фаъол, дорои ҳадафҳои неку созанда ва хоҳиши ба ҷомеа кӯмак карданро дошта бошад.

Зиндагии равоншинос дар Тоҷикистон бемуҳтоҷӣ ва дастнигарӣ мегузарад?

– Ҳамагон медонанд, ки психолог дигаронро дарк мекунаду амали хайри аз дасташ омадаро нисбати дигарон анҷом медиҳад, аммо кам касоне ҳастанд, ки шароити иқтисодии психологро дарк кунанд.

Зиндагии шоиста доштани психолог дар Тоҷикистон аз шахсони наздики худи психолог вобаста мебошад. Агар дастгирию кӯмаки шахсони наздики психолог набошад, зиндагии шоиста доштани психолог ғайри имкон аст. Маҳз дар Тоҷикистон ҷомеа таассуроти дуруст дар бораи психолог надорад, зеро ҳангоми суҳбат чунин иброз медоранд, ки “ман девона нестам!” Ба ҳар ҳол ман бечоранолӣ карданӣ нестам. Шукр! Зиндагӣ гузашта истодааст.

Ҷомеаи мо ба чӣ гуна равоншинос ниёз дорад?

– Дар ҳоли ҳозир ҷомеаи мо ба психолог дар мактабҳо, боғчаҳо, хонаи пиронсолон, соҳаи варзиш, хонаи ақди никоҳ ва беморхонаҳо ниёз доранд.

– Дар охир чӣ мегӯед?

– Равоншиносӣ бисёр касби душвор ва ҳамзамон шавқовару сердаромад аст, вале мутаассифона дар ҷумҳурии мо кори психолог кам қадр мешавад.

Кош рӯзе шавад, ки мардуми мо ба психолог ва психология боварӣ пайдо кунанд…

Мусоҳиб М. Тоҳир


Усто “намешавад” ва “наметавонам”-ро намешиносад!

Актёрӣ ҷойи шуҳратталабону унвонҷӯён нест!

Блоггер ва блоггинг дар Тоҷикистон

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s