Варзишгар парчамбардор аст!

Суҳбати ихтисосӣ бо варзишгар Мавзуна Чориева

– Мавзуна Чориева, лутфан бигӯед, ҳар нафаре, ки бо хоҳишу завқ машқи ҷисмонӣ мекунад, аз варзишгари касбӣ чӣ фарқ дорад?

– Ҳар нафаре, ки бо тарбияи ҷисмонӣ машғул мешавад, гуфта метавонем, ки аҳамияти нигоҳубини саломатиашро дарк кардааст ва ҳамеша тандурусту зебо будан мехоҳад. Вале варзишгари касбӣ нафаре аст, ки ҳамарӯза аз 6 то 8 соат тамрин мекунад. Дар мусобиқаҳо иштирок мекунад. Аз номи ноҳия, шаҳр, вилоят ва давлати худ баромад менамояд. Варзишгари касбӣ парчамбардор аст!

– Шумо ба варзиш чӣ гуна ва чаро омадед?

Ба варзиш омадани ман хоҳиши падарам буд. Ва чӣ гуна омадани ман ба варзиш аз пайвастани дигарон ба ин соҳа қариб, ки фарқ намекунад.

– Оё меарзад, ки як умрро ба ин соҳа бахшид?

Дилхоҳ соҳа ва дилхоҳ касб барои бахшидани як умр, ки такрорнашаванда аст, меарзад. Вале як шарти муҳим аст: бояд бо ҳадафи муайян касбро интихоб кард, яъне роҳи оянда, тақдири оянда ва он машғулияте, ки тамоми умр моро хӯрондаву пӯшонда метавонад, тарзе интихоб кунем, ки дар пешорӯямон ҳадафҳое барои расидан ба онҳо истода бошанд. Боқӣ дигар худфидоиву ҷонфидоӣ аз як ҷиҳат барои касб кори басо мушкил ва аз ҷониби дигар бисёр гуворост.

Замоне, ки Шумо нав ба варзиш омадед, бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед?

– Ба мушкилиҳои хеле зиёд. Аз толори варзишӣ сар карда, то шароити бади иқтисодӣ. Вале ҳоло ҷойи гуфтани онҳо нест, зеро бубинед, рӯз аз рӯз дар ин соҳа дигаргуниҳои зиёд ба амал омада истодаанд. Ва шукр, ки ба ин рӯзҳо мову ояндагони мо расидем.

Қадри варзиш ва варзишгар дар ҷумҳурии мо чӣ гуна аст?

– Имрӯзҳо ба қадри имкон варзишгарони мо аз ғамхориҳои давлату ҳукумат бархӯрдор ҳастанд. Шароити хуб ва тамрингоҳҳои беҳтарину замонавӣ фароҳам оварда шудаанд. Танҳо бояд варзишгарон ва он нафароне, ки бо варзиш машғул шудан мехоҳанд, бояд кӯшишу ғайрати зиёд кунанд.

– Дар мо кадом намудҳои варзиш рушд кардаанд ва кадомҳояш не?

– Футбол, бокс, гуштин ва ҳама он 24 намуд варзише, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҳастанд дар ҷумҳурии мо фаъоланд. Ва доир ба камфаъолӣ ва рушд наёфтани ин ё он намуди варзиш танҳо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон намудҳое дохил мешаванд, ки ҳаводор надоранд.

– Киҳо бояд ба варзиш оянд ва варзишгар шаванд?

Ҳар нафаре, ки хоҳишу ҷуръат дорад ва аз қувваи ҷисмонии худро санҷидан наметарсад.

чориева2
Мавзуна Чориева (аксҳо: Азия Плюс)

Киҳо бояд варзишгар нашаванд?

– Тарсӯҳо! Ҳар касе, ки орому осуда ва бидуни даводаву ҳаяҷон зиндагӣ кардан мехоҳад. Ҳама он нафароне, ки рӯ ба рӯ бо каси дигар истода наметавонанд. Ва умуман баҳона ё сабабҳои ба варзиш наомадан хеле зиёданд.

– Мо бештар дар филмҳо ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ мебинем, ки дар симои варзишгар нафари камсавод ва аз китобу рӯзнома дурбуда инъикос ёфтааст. То кадом андоза Шумо ба ин розӣ шуда метавонед?

Ман ба ин розӣ шуда наметавонам, зеро дар варзиш пеш аз қувваи ҷисмонӣ қувваи ақлонӣ лозим аст. Варзиш бо ақл ва маърифати баланд созгор буда, варзишгаре муваффақ мешавад, ки аз илму дониш огаҳӣ дошта бошад. Ва ман фикр мекунам он образҳое, ки дар симои варзишгарон бофтаанду сохтаанд барои ҳаҷв ва табъи бинандагонро хуш кардан ҳастанд.

– Як варзишгар чӣ тавр метавонад дар Тоҷикистон зиндагии шоиста дошта бошад?

Вақте ки ҳар нафар худро хуб нишон дода тавонад, ба боварӣ гуфта метавонам, ки гурусна намемонад. Яъне бояд дар хотир дошт, ки ҳама кору амали аз таҳти дил мекарда, ҳатман моро мехӯронаду мепӯшонад.

Дар майдон намояндагони кадом намуди варзиш намерасанд?

– Варзиши тоҷик ҳоло ба ҳама намуди варзишгар ниёз дорад. Зеро дар ин соҳа ҳар қадар, ки ҷавонҳо оянд ва дар майдон бошанд, хуб аст ва пешравиҳо зиёд мешаванд. Ва бешубҳа метавон гуфт, ки қувваи асосии пешбарандаи варзиш ин ҷавонон ҳастанд.

Умри варзишгар чӣ қадар аст?

– Ман фикр мекунам аз мардҳо 30-35 ва аз занҳо боз камтар аст.

– Баъд варзишгари 40-сола аз кадом ҳисоб нон мехӯрад?

– Аз ҳисоби мураббигӣ.

– Дар охир чӣ мегӯед?

Бояд довталабон мақсади муайян дошта бошанд ва интихоби ояндаашон бошуурона бошад. Ҳар нафаре, ки бо ҳадафи муайян касби ояндаашро интихоб мекунад, ӯ ҳатман муваффақ мешавад.

Мусоҳиб М. Тоҳир


Усто “намешавад” ва “наметавонам”-ро намешиносад!

Актёрӣ ҷойи шуҳратталабону унвонҷӯён нест!

Мардум имрӯз ба психолог боварӣ надорад!

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s