Нависанда инсонро инсонтар мекунад!

Суҳбати ихтисосӣ бо нависанда Абдулҳамид Самад

Шумо адабиётро чӣ гуна шинохтед?

– Ҳар асари хурду бузурге, ки аз аҳди бостон то ин замон ба забони шево, воситаҳои дилнишини тасвири бадеӣ, ҷузъиёти рафтору кирдори хотирмон ба нияти инсон ё ҷомеаро аз ғафлат, саҳву хато, ҷаҳолату каҷравӣ, кирдорҳои зишту харобкорӣ, беимонӣ ва хиёнат роҳонидан ё бо тараннуми гарми ишқу армон, далериву вафодорӣ дар дилҳо, парваридани ҳисси пурнаҷобати инсонпарварӣ, миллату меҳандӯст, ҳимояи озодӣ, шарафу номус… эҷод шудааст, адабиёт аст. Зимнан шарҳи вожаи “адабиёт” дар ҷилди якуми “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” (Душанбе, 1988) 50 саҳифа аст. Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти пурра гирифтан онро бихонанд.

– Рисолати нависанда чист?

– Нависандаи асил онест, ки чун посбони забон, расму оин ва фарҳанги миллат, сарнавишти инсонҳо, падидаҳои доғи рӯзгорро дар шебу фарози зиндагӣ, талошу пайкори қаҳрамонҳои армониро барои ҳифзи марзу бум, озодӣ, тараннуми ишқу муҳаббати пок дар марҳилаҳои сарнавиштсоз бо забони нобу рангин ва рӯҳнавозу умедбахш ба риштаи тасвир бикашад; пинаки ашхоси бетафовуту танпарварро вайрон кунад; бо сеҳри сухани андешазо ба онҳо умеду меҳр ба оянда бахшад, худшиносу инсони комилашон бикунад. Ин ҳама заҳмати сангин аст, вале рисолати нависандаи асил, ба назарам, ҳамин аст.

– Агар ҳаминро бо як ҷумла гуфтанӣ шавем чӣ?

– Рисолати нависанда инсонро инсонтар ва ба корҳои неку хайр ҳидоят кардан аст.

Абдулҳамид Самадов ба адабиёт чӣ гуна пайваст?

– Аз роҳи рӯзноманигорӣ. Даҳ сол корманди рӯзномаи муътабари “Тоҷикистони советӣ” будам.

Samadov
Абдулҳамид Самад

Киҳо бояд нависанда шаванд ва омилҳои мусоидаткунанда кадомҳоянд?

– Фардҳои боистеъдод, бофарҳанг, зиёии асил, фозилу донишманд, дилсафеду хушбин, лекин душмани ҷабру ситам… Боз онҳое, ки ба заҳмати сангин, гоҳе нокомӣ ва омӯзиши якумра тан медиҳанд. Ба таъбири шоири бузурги рус Александр Твардовский: “Нависанда бо заҳмати сангин ба воя мерасад”. Ба қавле як фисад истеъдод ва 99 фисад заҳмат аст.

– Яъне омили мусоидаткунанда заҳмат кашидан аст?

Бале!

– Ин пеша барои кӣ зебанда нест ё ин ки киҳо бояд нависанда нашаванд ва чаро?

– Беҳунарон, кӯрдилу сиёҳкору кинавар, шуҳратхоҳу ғаразноку судҷӯ. Хоҳиши зиёд доранду истеъдод не. Ин азият онҳоро ба бемории рӯҳӣ ҳам гирифтор мекунад, дар дилашон тухми шубҳа, кинаву адоват мекорад. Онҳо бебарорияшонро аз адибони асил ё муваффақ мебинанд ва ба роҳи пасти туҳмату буҳтон қадам мениҳанд.

Ҷавоне бипурсад, ки агар ман нависанда шавам, гуруснаву бехона намемонам? Шумо чӣ ҷавоб медиҳад?

– Худо ёру мададгораш шавад. Комёбӣ мехоҳам!

Паҳлуҳои мусбат ва манфии нависандагӣ кадомҳоянд?

– Ифтихор аст, ки ба адабиёту миллатат хизмат мекунӣ. Ин ҳам бахт аст. Аммо роҳи дарози ноҳамвору мушкилеро бояд то нафаси охирин тай кард. Дар ин сафар сиҳатии комил, рӯзгори осуда, иродаи қавӣ ва дилу ҷигари “рустамона” мебояд.

Ба назар менамояд, ки рӯз аз рӯз адабиёт дар мо беқадр шуда истодааст. Лутфан, мегуфтед, ки чӣ бояд кард, ки адабиёт “аудитория”-и воқеии худро пайдо кунад?

– Рӯйдодҳои даҳшатбори ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳамеша теша ба решаи ҳунару фарҳанг мезанад, завқу ахлоқро мекоҳонад, бемаърифатиро ривоҷ медиҳад. Ба қавли маъмул: “Чун тӯпи туфанг садо дод, булбулон хомӯш мешаванд”. Дар замони ҷангу хушунатҳои дохилӣ, бадбахтона ҷомеаи мо ҳамин ҳолатҳои талху хузнангезро аз сар гузаронид: арзишҳои маънавӣ хор шуданд, бесаводӣ, худхоҳӣ ривоҷ ёфт. Фавҷи “шоиру нависанда”-ҳои чалласавод бо маддоҳӣ “фабрикаҳои адибсоз”, судҷӯёни майдони адабиёт, бозори китобфурӯширо аз ҳисоби “асар”-ҳои хасакӣ пур карду дили хонандаи хушзавқро аз адабиёт сард. Лекин хушбахтона имрӯз манзара дигар шудааст. Наврасону ҷавонон ба китобхона, омӯзиши забон ва асарҳои адабиёти классткиву ҷаҳон ва муосир рӯ овардаанд. Ман ин падидаи хушрӯро чун узви ҳайати ҳакамон ва масъули бахши адабиёти муосири озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мушоҳида кардам. Умед аст, ки оянда насли нави хонандаи босавод, хушмутолиа, маънирас, ҷавонадибони болаёқат “аудитория”-ро пур мекунанд.

Ба мо чунин менамояд, ки майдони нависандагӣ холӣ монда истодааст. Ба андешаи Шумо, пас аз 50 сол ҳоли адабиёти мо чӣ мешавад?

– Мутолиаи навиштаҳои баъзе шоиру нависандагони ҷавон маро ба ин масъала хушбин мекунад. Ба фармудаи устод Лоиқ: “Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар”. Ба наздикӣ дастхати Муртазоали Муродовров, ки дар як деҳаи Истаравшан омӯзгор аст, хондам. Муаллифро надидаам. Вале мавзӯи қиссаҳо, тозабаёнӣ дар сабки нигориш ва қаҳрамонофариаш ҷолиб аст. Шод шудам! Бешак дар шаҳру деҳот меросбарони адабиёти ҳазорсола пайдо мешаванд. Онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд.

– Имрӯз як нависанда дар Тоҷикистон чӣ гуна зиндагӣ мекунад, аз кадом ҳисоб?

– Ҳар хел. Дороҳо ангуштшуморанд, миёнаҳолҳо бештар. Сарчашмаи зиндагӣ ин маош аз ҷойи кор ё нафақапулист…

– Оё худи Шумо даромади иловагӣ доред?

– Не! Агар дар ягон сол нашриётҳои давлатӣ китобамро чоп кунанд, музде медиҳанд. Ҳамин аст “даромади иловагӣ”!

Ҷавононе, ки нависанда шудан мехоҳанд, барои матолибашонро нишон додану маслиҳат пурсидан ба назди кӣ раванд?

– Хуб мешавад, ки ҷавонон ба адибоне муроҷиат кунанд, ки бо зиндагинома ва осори онҳо шиносанд.

Тавсияҳои Шумо ба нависандагони оянда…

– Аввал, фурсати умр беҳуда нагузаронанд, бо зевари омӯзиши забон, ки силоҳи асосист, андӯхтани дониши фаровон муҷаҳҳаз шаванд. Сипас, бо дили пур хома гирифта пайваста нависанд. Ҳаргиз аз омӯхтани хулқу атвори инсон, ҷаҳони ботинии вай, таърихи дуру наздики миллати хеш, шоҳкориҳои адибони дунё даст накашанд. Аз эроду танқид низ наҳаросанд, балки аз он баҳри равнақи эҷодиёт баҳра бардоранд. Дар ин сурат комгор хоҳанд шуд.

– Ташаккур барои суҳбат!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб М. Тоҳир


Режиссёр пайвандгари дилҳост

Мо ба замин меҳмонӣ меоем!

Варзишгар парчамбардор аст!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s