Пойафзолдӯзӣ касби намиранда аст!

Сӯҳбати ихтисосӣ бо пойафзолдӯз Сафар Карахонов

Дар ҳоли ҳозир пойафзолдӯзӣ, музадӯзӣ, кафшдӯзӣ ва ё худ кӯҳнадӯзӣ аз қабили касбҳоест, ки то андозаи муайян назарногир аст. Вале агар нек нигарем пойафзолдӯз ба воситаи дарафшзанӣ аробаи зиндагияшро ба пеш тела дода истодааст.

Ин навбат мо ният кардем, ки бо ягон нафари пойафзолдӯз суҳбати ихтисосӣ дошта бошем. Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо пойафзолдӯзе вохӯрдем, ки суҳбатамон чунин ранг гирифт:

Салом ба Шумо!

– Воалейкум салом!

– Вақти сӯзанзанӣ наметарсед, ки дарафш ба ангуштатон мехалад?

– Ин дарафш бо ман аз мардум дида наздиктар аст ва бо боварӣ мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ ба дасти ман зарар намерасонад, зеро аз соли 1977 бо ин сарукор дорам.

– Як дақиқа… аз соли 1977? Биёед 43 соли пешро ба ёд орем. Чӣ гуна ин дарафшу дарафшбозиҳоро интихоб кардед?

– Бисёр осон! Як рӯз амакам маро ба назди як усто бурда монд ва аз ҳамон рӯз мо бо ин дарафш ошно шудем.

– Дар чанд муддат омӯхтед ин касбро?

– Дар 6 моҳ.

– Яъне Шумо гуфтаниед, ки барои пойафзолдӯз шудан, танҳо дар назди устое шигирд истодан басанда аст?

Бале, ин ҳамин хел аст. Яъне дар мо аз ҳама усули маъмулии чунин касбҳоро омӯхтан назди касе шогирд истодан аст.

– Ба назари худи Шумо мардуми мо ҳамин касбро чӣ гуна қабул кардаанд?

Дар ҷомеаи мо кӯҳнадӯзиро касби камбағалон ҳам мегӯянд. Яъне ба назар менамояд, ки ҳар нафаре пул дорад дар мактаби олӣ таҳсил мекунад ва бо қаламу коғаз сари кор мегирад ва нафароне, ки чунин шароит надоранд, ин касб ва боз касбҳои устои мошин, таъмиргари хона, соатсоз, сартарош ва ғайра мешаванд.

shoemaker
Сафар Карахонов

Ин касб ягон хусусияти хос дорад, ки баъзеҳо ҳамчун касби ояндаашон интихоб карда натавонанд?

Не! Тавре дар боло гуфтам, ҳар нафаре ки зӯраш ба донишгоҳу донишкадаҳо намерасад, бемамоният метавонад омада назди устое шигирд истад ва ин касбро омӯзад.

Шумо корро аз куҷо оғоз кардед?

– Аз ҳамин маркази ноҳияамон. Аслан, қисса каме дигар аст. Ман пас аз омӯхтани ин касб дар инҷо як сол кор кардам ва баъд ба Душанбе даъват шудам. Дар онҷо 8 сол кор кардам ва боз ба инҷо омадаму то ҳол кор карда истодаам.

– Чаро Шуморо ба Душанбе даъват карданд?

– Мо дар ҷое кор мекардем, ки ҳамарӯза садҳо попӯшӣ омода мешуд. Яъне кӯҳнадӯз нею пойафзолдӯз шуда кор кардам.

– Шумо ба ҷуз таъмири пойафзол боз худатон ҳам кафш медӯхтед?

– Бале, аз заводи пӯсти шаҳри Душанбе барои мо пӯст меоварданд ва мо худамон пойафзол медӯхтем.

– Кадом намудҳои пойафзолро медӯхтед?

– Тобистона, зимистона, қариб ҳама намуди пойафзолро медӯхтам.

– Шумо “кроссовки” ҳам медӯхтед?

– Албатта, бисёри вақт ман заводи пӯст мерафтам ва аз партовгоҳи он ҷо маводи хом мегирифтаму омада “кроссовки” медӯхтам.

– Ҳоло ҳам худатон пойафзол медӯзед?

– Не! Акнун дар ҳоли ҳозир ашёи хом нест ва фикр мекунам, талабот ҳам ба молҳои худӣ кам аст. Аксар мардуми мо ба сифат не, балки ба сурати рангобаранги пойафзол аҳамият медиҳанд.

– Чӣ сабаб шуд, ки аз Душанбе боз ба ноҳияатон омадед?

– Муҳлати корам тамом шуд.

– Тӯли ин солҳо ба ҷуз ин кор дигар коре накардаед?

– Ин касби ман аст ва фикр мекунам то ҳол чӣ коре, ки кардам, дар дохили ин касб буд.

– Нафаҳмидам…!?

– Мегӯям, ки ман дар мактаб-интернати “Деркаршудагон”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба бачаҳо дарс медиҳам.

Яъне муаллим ҳам ҳастед?

– Бале, муаллимам. Муаллими пойафзолдӯзӣ.

– То ҷое медонам, на ҳар кас тавони бо гунгон кор карданро дорад. Чаро Шумо муаллимиашонро бар дӯш гирифтед?

– Ман соли 1989 дар замини ҳамин мактаб-интернат дӯкони пойафзолдӯзиамро кушодам. Баъдан соли 1990 маъмурияти мактаб-интернат аз ман хоҳиш карданд, ки ба таълимгирандагонашон ин касбро омӯзонам. Ман ҳам розӣ шудам ва аз соли 1990 ин тараф ҳам муаллим ҳастам ва ҳам дар инҷо кор мекунам.

– Ба як гурӯҳ ё синф чанд муддат дарс мегӯед?

– Аз синфи 5-ум сар мекунем, то хатмашон, яъне синфи 10-ум.

– Фаҳмишашон чӣ гуна аст?

– Хуб аст. Албатта дар баробари хуб будан, онҳо шавқу завқи зиёд доранд ва кӯшиш мекунанд, ки чизе омӯзанд.

Гуфта метавонем, ки муаллимӣ касби иловагии Шумост ва агар ин даромади иловагӣ набошад, зиндагиро пеш бурдан душвор аст?

Не! Даромаде, ки пойафзолдӯзӣ меорад, барои зиндагиро пеш бурдан ҳаматарафа басанда аст.

– Шогирдоне ҳастанд, ки берун аз таҳсилкунандагони ин мактаб бошанд?

– Бале, шогирдони бисёр ҳастанд.

Ба андешаи худи Шумо зарурати интихоби пойафзолдӯз ҳамчун касб дар чист?

– Ин яке аз касбҳоест, ки соҳибашро дар ягон кунҷи дунё гурусна намемонад. Вақте ки нафаре ҳуқуқшинос мешавад, ҳамин ки аз як давлат ба давлати дигар рафт, бояд ихтисосу донишашро бо талаботу меъёрҳои ҳуқуқии он кишвар мутобиқ созад ва инро дар маҷмӯъ такмили ихтисос ҳам гӯем хато намешавад, аммо пойафзолдӯзӣ ин тавр нест. Яъне ин касб дар ҳама ҷо як намуд аст. Шахсе ки ин касбро пешаи худ мекунад, ҳамеша соҳиби нон, ном ва иззат аст.

– Наметарсед, ки касбатон рӯзе нолозим мешавад?

– Кафшдӯзӣ касбе нест, ки аз байн равад, зеро то ҳол технологияе ихтироъ нашудааст, ки монанди инсон кафш дӯзад.

– Худо кунад, ки ҳаргиз ин касб намирад!

– Худо ҳофиз!

Мусоҳиб М. Тоҳир


Нависанда инсонро инсонтар мекунад!

Режиссёр пайвандгари дилҳост

Мардум имрӯз ба психолог боварӣ надорад!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s