Таълимоти динӣ дар фазои муҳаббат бигзарад!

Асри XX-ум аз лиҳози маърифатнокӣ, ҳифзи ҳаёти осоиштаи маънавӣ ва арзишҳои фарҳангӣ хеле сангин оғоз шуда то ҳол идома дорад. Инқилобҳои гуногун, буҳронҳои иқтисодӣ, бемориҳо сироятӣ, бегонашавӣ ба мероси аҷдодӣ, изҳори нафрат кардан ба асолати хеш ва амалҳои манфии таассубкорони сиёсиву динӣ дилу шуури оламро тира мекунанд. Ин раванди наҳс ҷарии бегонагиро миёни аҷдоду насли наврас то рафт васеътар мекунад. Дар натиҷаи интихоби ин гуна бемаърифатии шуурнок замони муосир пур аз ҷасадҳои мутаҳаррик гашта, ҷавонон холӣ аз ҳадаф ва ғояҳои созишкор овораи маишати рӯзмарра гаштаанд. Бахусус кишварҳое, ки аксари аҳолияшон мусулмонанд, ба сифати муждарасон ва осонии дини мубини ислом бегона монда, аз асли он дур шуданд. Агар бо қалби солим ва ақли саҳеҳ ба ҳадисҳои набавӣ рӯ оварем, маълум мегардад, ки сабаби ҳамаи ин нобасомониҳо холӣ аз маънову маънавият зистан ва беғайрат шудани мусулмонон аст.

Ҳарчанд имрӯз муъминон “имон овардем” мегӯянд, вале ба умқи маъно ва ифодаи ин иқрор нарасиданд, зеро дар онҳо дарки олами ботинӣ бо олами зоҳирӣ ҳамҷӯр нест. Бинобар ин бо истифода аз азамати виҷдон ба асли дину диёнат намерасанд. Ҳангоми омӯзиши арзишҳои маънавӣ тариқи методикаи дарсӣ дар мактабҳо низ варотар аз қолабу зоҳир қадам монда нашуд. Баръакс, барғалат тамсил шуда, ноҳурматӣ ба ин фарҳангу арзишҳо бештар гашт. Арзишҳои улвии ҳақиқати офариниш ва аҳамияти дин дар ҳаёти ҷомеа ҳамчун яке аз институтҳои иҷтимоӣ танҳо дар варақҳои китобу дафтарҳои дарсӣ рӯ ба фаромӯшӣ гузошта шуд. Қориазёд кардани матнҳо дар мадрасаҳо беш аз зоҳирпарастии дин чизеро ҳосил надод. Ҳарчанд тамоми ин амалҳо барои рушди маърифатнокии насли наврас карда мешавад, вале ҳақиқат ин аст, ки натиҷаи баръаксро ба бор меовард.

Вақте ки ҳақиқатҳои динӣ ба кӯдак мисли дарсҳои фаннӣ омӯзонида мешаванд, эҳтимол ӯ нисбати онҳо нафрат пайдо мекунад. Агар рафтораш ба дини мубин мисли рафтор ба фанҳои дигар бошад, ӯ ҳақиқатҳои диниро ҷиддӣ қабул намекунад ва назараш “агар дар оянда касби домуллогиро интихоб накунам, пас лозим нест” мешавад. Аз ин рӯ хуб мешавад, ки таълими динӣ на ба мисли омӯзиши таърих хушку холӣ, балки бо назардошти синну соли кӯдак, зарфият ва амалия таъсиррасон ба роҳ монда шавад. Ҳадаф аз таълим дӯст дорондан, дар амал осон будан ва дар ҳаёт амалӣ гардонидани ҳақиқатҳои дини мубини ислом аст.

Вале, агар бо мақсади таълиму маърифат мо зеҳни кӯдакро танҳо бо ҳодиса ва санаҳои таърихӣ, теъдоди суннату фарзҳо, бо маҷбурӣ азбар намудани оёти карима гич кунем, бешубҳа, кӯдак аз дин нафрат мекунад ва то охири умр аз омӯзиши ҳақиқатҳои он гурезон мешавад. Бо ин гуна рафтор мо худ фаҳмида ё нафаҳмида қотили маънавияти ӯ мешавем. Ҳарчанд ин кӯдак дар оянда ба синну соли балоғат расида намоз гузорад ва рӯза ҳам дорад, аз амалҳои мекардаву ҳаёти динияш ба пуррагӣ баҳра намебарад. Дар ҳар фурсати муносиб лавандӣ карда, рӯ ба тарки фаризаҳо меоварад.

Бинобар ин мударрисон, муаллимон ва ҳар муъмине, ки масъули таълим ва тарбияи фарзандашу шогирдонаш аст, ҳар фарди ҷомеае, ки мекӯшад ҳаёти динияшро ба ҷо орад, тамсилгари фаъол ва ё ғайрифаъоли ҳақиқатҳои улвии дини мубин ба ҳисоб меравад. Ва бинобар рафтору гуфтори афроди ҷомеа насли наврас ранг гирифта, шахсияташон шакл мегирад. Дили кӯдакро бо муҳаббат ба Офаридгору офаридаҳо, эҳтиром ба арзишҳои маънавиву башарӣ пур карда, ақлу шуурашро нисбати ғайрат ва омӯзиш дар илм ва маънавиёт бедор кардан шарт аст. Донишомӯзӣ ҳам барои зан ва ҳам барои марди мусулмон фарз аст. Фарзандонамон бояд чунон ошиқу дилдодаи омӯзиш шаванд, ки ҳатто дар дуоҳояшон онро талаб бикунанду соҳиби мафкураи улвӣ гарданд:

“Худовандо, маро шуур ва фаҳмиши дини мубинро эҳсон бикун, ки ба дарки ғояву мақсадҳои поку субҳонат бирасам; бо ҳақиқатҳои қуръонӣ саршорам гардон! Омин!”


Тарбияи фарзанд тарбияи башарият аст!

Принсипҳои ахлоқӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд

Калимаи махфӣ ва бехатарии кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s