Баъзан пул ва тағо ҳам лозим аст!

Суҳбати ихтисосӣ бо журналист Бахтиёр Зоиров

– Ба андешаи Шумо то кадом андоза насли нави мо дар интихоби касб озоданд?

– Дар воқеъ бояд гуфт, ки дар интихоби касб имрӯз мо саросемаем. Хусусан дахолати атрофиён сабаб мешавад, ки насли ҷавон дар интихоби роҳи минбаъдаашон хато кунанд. Дар ҳоле ки интихобкунандагон дар интихоби касб бояд худ бевосита мустақил бошанд. Вале мустақилияти касб дар ҷомеаи мо бисёр кам эҳсос мешавад.

– Ба фикри Шумо киҳо бояд журналитсикаро интихоб кунанд?

– Нафароне, ки ҳанӯз аз кӯдакӣ ё наврасӣ бо қаламу коғаз шиносоӣ доранд ва баробари ин ҷуръат ва боварӣ ҳамеша онҳоро ҳамроҳ аст.

– Аз қаламу коғаз ва ҷуръату боварӣ гуфтед, оё пеш аз оне ки Шумо журналистикаро интихоб кардед, ҳар сеи инҳоро доштед?

– Ман ҳанӯз ҳам намегӯям, ки навишта метавонам… Вале бояд бигӯям, ки замони мактабхонӣ варақҳое буданд, ки барои худам сиёҳашон мекардам. Дар мавриди ҷуръат бошад, гуфтан ба маврид аст, ки он замон навиштаатро ба касе нишон додану онро ба редаксияе бурдан, ҷуръати бузург буд.

– Омилҳои ба журналистика омаданатон кадомҳоянд?

– Худам шавқ доштам. Журналист буданро орзу мекардам. Пасон журналистӣ мақсади аслии зиндагиям шуд. Дигар ин ки ман дар мактаб устоде доштам бо ному насаби Абдуллоев Саидаҳмад, ки нисбат ба шогирдон бисёр меҳрубон буданд. Бисёр вақт барои навиштани иншо ва баъзан лавҳа мавзуъҳои ҷолиб медоданд, ки ин омилро қадами баъдӣ метавон гуфт. Ногуфта намонад, ки то ба факултаи журналистика омаданам меҳнату заҳмат ва роҳнамоии падарам ҳам кам нест.

– Барои журналисти муваффақ шудан кадоме аз инҳо мусоидат мекунанд: донишгоҳ, пул, шавқ ё тағо?

– Ман фикр мекунам пеш аз ҳама шавқу завқ аст ва калимаҳои дигаре ки номбар кардед, ёрирасонанд. Ягона чизе ки одамро инсон ва баъзан шахсият мекунад шавқ, завқ, меҳр, муҳаббат ба пешааш аст. Вале бе омилҳои дигар ҳам намешавад. Масалан, ман аз замони мактабхонӣ шавқи журналист шуданро доштам, аммо агар дар факултети журналистика намехондам, шояд ки имрӯз журналист намешудам. Ва ҳар чизе ки аз ин соҳа мо медонем, маҳсули заҳмати устодони факултет аст. Мутаассифона, баъзан пул ва тағо ҳам лозиманд.

– Дар журналистика кор ёфтан осон аст?

– Агар донишҷӯи журналистшаванда дар такопӯ ва фикри ояндааш бошаду аз замони донишҷӯияш бо расонаҳо ҳамкорӣ кунад, вай метавонад пеш аз хатми донишгоҳ соҳиби кор, ном ва нон шавад. Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки барои чунин гурӯҳ донишҷӯён кор ёфтан бисёр осон аст, зеро муҳаррирон ва журналистони соҳибкасб аз доштани чунин шогирду ҳамкор ҳамеша меболанд. Нафаре кор ёфта наметавонад, ки факултети журналистикаро хатм мекунад, аммо жанрҳои хабариро аз таҳлилӣ ҷудо карда наметавонад. Хабару гузориш, мухбирномаву мақола, табсираву мусоҳиба навишта наметавонад. Дар журналистика нафароне бекор мемонанд, ки садои худро бо садои мусоҳибаш дар барномаи “Adobe Audition” пайваст карда наметавонад. Дар ин соҳа нафароне бекор мемонанд, ки бо “Word” кор кардан намехоҳанд. Журналистика онҳоеро беному бенон мекунад, ки тасодуфӣ омадаанд ва худро намояндаи ин соҳа муаррифӣ мекунанд.

journ
Бахтиёр Зоиров

– Бисёриҳо бар он назаранд, ки имрӯз мавқеи журналистика танг шуда истодааст, шумо чӣ мегӯед?

– Аслан бояд гуфт, ки журналистика дар ҳар замон бо шаклҳои гуногун зуҳур мекунад. Пештар тавассути ҷорчиҳо буд. Баъдан матбуот пайдо шуд. Андак пас радиоро ихтироъ карданд. Аз паси радио телевизион падид омад. Ва имрӯз интернет пайдо шудааст. Бояд эътироф кард, ки интернет ҳам манбаи иттилоот ва як ҷузъи зиндагии имрӯзи мост ва бояд илова кунам, ки пайдоиши интернет ҷойи журналистикаро танг не, балки шароити рақобат кардану фаъолияти зиёд доштанро муҳайё карда истодааст.

– Ман дар хусуси маоши кам доштани журналистон шикоятномаҳои зиёд хондаам, андешаи Шумо доир ба маоши журналистӣ чӣ гуна аст?

– Аслан агар мо танҳо ба маош рӯ орем, фикр мекунам дар шароити имрӯз вазир ҳам танҳо бо маош наметавонад зиндагии шоиста дошта бошад. Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо маоши муқарраргардида ба нарху навои бозор мувофиқ нест. Ба ин хотир барои рӯзгузаронӣ журналист метавонад иқтисодчӣ, тоҷир, пиармен, муаллим ва ғайра ҳам бошад.

– Оё журналист метавонад танҳо дар доираи касби худ даромади иловагӣ дошта бошад?

– Бале! Журналист метавонад реклама қабул кунад, метавонад барои дигар расонаҳо маҳсули эҷодашро бар ивази ҳақи қалам фиристад, метавонад ба тадқиқоти калоне даст занад ва пас аз кушодани гиреҳи муаммоҳои бузург пули калон ба даст орад, метавонад курсҳои махсуси худро дошта бошад, метавонад дар тренингҳо тренер шавад. Яъне роҳҳои даромади иловагӣ ба даст овардан дар журналистика хеле зиёданд.

– Шуморо асабӣ намекунад, вақте ки довталаб махсус барои барандаи тӯй шудан, факултаву бахшҳои журналистиро интихоб мекунад?

– Мутаассифона, дар мо ин гуна фаҳмишҳои хато ҳастанд. Журналистро як нафар барандаи тӯй мефаҳмаду дигаре наттоқи телевизион ё радио, ки ин фаҳмишҳо хатое беш нестанд. Дар ин гуна ҳолатҳо асабӣ намешавам, аммо бароям дардовар аст, зеро нафаре ё нафароне ҳастанд, ки касби маро нодуруст муаррифӣ мекунанд.

– Барои журналист шудан корро аз куҷо оғоз кардан лозим аст: телевизион, радио ё матбуот?

– Чун журналистикаи мо ва умуман журналисткаи дунё пеш аз телевизиону радио ба шакли матбуот пайдо шудааст, фикр мекунам шуруъ кардан аз матбуот ҳамеша муфид аст, ин як. Дуюм, аз матбуот ба телевизиону радио рафтан осонтар аст, зеро агарчи журналисти матбуот воситаҳои техникиро камтар фаҳмад, аммо муҳимтарин рукни касбаш, ки навиштану таҳлил кардан аст, хуб медонад. Аммо аз телевизону радио ба матбуот рафтан барои журналист каме мушкилӣ пеш меорад, зеро он паҳлуҳое, ки дар телевизион ва радио аввалиндараҷаанд дар матбуот арзиш надоранд.

– Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки кор дар матбуот душвортар аст?

– Кор дар ҳеҷ кадомаш осон нест, аммо бояд гуфт, ки дар матбуот ҷиддитар аст, барои он ки зоҳирпарастӣ камтару диққат ба мавзӯот ва масоили марбута зиёд аст.

– Зоҳирпарастӣ дар журналистика даркор аст?

– Албатта, ки зоҳирпарастӣ кори хато аст. Вале лаҳзаҳое мешавад, ки ба зоҳир диққат додан хуб аст, зеро моро дунё мебинад, пас бояд мо ҳаматарафа бошем.

– Эҳсос кардед, ки мардум ба журналистон кам бовар мекунанд?

– Изҳори нобоварӣ ба фаъолияти мо дар ҷомеа кам нест, вале бо ин наметавон гуфт, ки мардум пурра нисбат ба мо беэътиқоданд. Дар байни мардум зиёд шоҳид мешавем, ки вақте аз воқеае ёдовар шаванд, мегӯянд, ки инро дар радио гуфтанд, телевизион нишон дод, ё дар матбуот навиштаанд. Ин гувоҳи он аст, ки ба мо эътимод ва боварии халқ зиёд аст.

– Чӣ чизҳое журналистро дилмонда мекунад?

– Бадбахтона, дар ҳама давру замон фишор ба журналистон буд, ҳаст ва ба гумонам хоҳад монд. Аммо фикр мекунам, нафаре, ки ба ин соҳа боварӣ ва шавқу завқ дорад, ҳеҷгоҳ дилмонда намешавад.

– Чанд маротиба фикри тарк кардани журналистика дар саратон омад?

– Шумораашро намедонам, лекин буданд лаҳзаҳое, ки мехостам муддате аз кори муқаррарӣ даст кашида, барои таъмини нисбатан хуби рӯзгор ба кори дигар машғул шавам.

– Ба андешае, ки журналист бо футболбоз ҳамқисмат аст, розӣ ҳастед?

– Қариб, ки бале. Ин бисёртар ба журналистони радио ва телевизион дахл дорад. Хоҳ нохоҳ дар ВЭА барои нафарони синну солрафта кор кардан бисёр душвор аст. Аммо бо ин наметавон нуқта гузошт, зеро журналистика танҳо ВЭА нест, балки матбуот ҳам ҳаст. Журналист, ҳарчи қадар ки таҷрибааш зиёд мешавад, ҳамон қадар кору матлбаш пухтатар мегардад.

– Сухани охирин чӣ мешавад?

– Рости гап ман аз ҳама факултаву бахшҳои журналистӣ як гила дорам. Агар ҳоло нагӯям, фикр мекунам дигар фурсат намешавад. Бубинед, дар ҷумҳурии мо 9 мактаби олӣ аст, ки ба омода кардани кадрҳои журналистӣ машғуланд, аммо барои ба амалияи касб ворид гардидани донишҷӯён бисёр нақши кам доранд. Донишҷӯи журналистшаванда бояд ҳар ҳарфи хондаашро дар амалия таҷриба кунад. Лекин мебинем, ки донишҷӯён пас аз хатм ба кор меоянду аз амалия дарак надоранд. Ин бисёр мушкили ҷиддӣ аст, Худо кунад, ки масъулин аз пайи ислоҳи камбудӣ шаванд.

Мусоҳиб М. Тоҳир

ШИНОСНОМА:

Зоиров Бахтиёр Шодибегович, 7-уми июли соли 1986 ба дунё омадааст. Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтиссисои «журналисти байналхалқӣ» хатм намудааст. Фаъолияти кори-ро ба ҳайси таҷрибаомӯз ва коромӯз аз зинаи аввали таҳсил дар донишгоҳ дар нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Минбари халқ» ва газетаи маҳаллии «Набзи Файзобод» шуруъ намуда, як муддат дар радиои «Садои Душанбе» низ таҷрибаи кор андӯхтааст. Баъди хатми донишгоҳ, аз соли 2009 фаъолияти пурраи кориро дар радиои «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири хурди идораи барномаҳои иттилоотӣ шуруъ намуда, баъдан ҳамчун муҳаррир ва муҳаррири варзидаи ҳамин идора низ фаъолият кардааст. Соли 2013 мудири Шуъбаи мухбирони идораи барномаҳои иттилоотӣ дар радиои мазкур таъин шуд. Аз моҳи феврали соли 2015 ба ҳайси сармуҳарририи ҳамин идора фаъолият дорад.


Варзиш тоза, варзишгар тозакор аст!

Пойафзолдӯзӣ касби намиранда аст!

Интернет ва маърифатнокӣ

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s