Барномасоз ҳаёти одамонро осон мекунад!

Суҳбати ихтисосӣ бо барномасоз Ҳабиб Сафаров

– Киро метавон барномасоз номид?

– Барномасоз нафарест, ки тариқи навиштани барномаҳо ҳаёти одамонро осон мекунад. Нафарест, ки бо сохтани барномаҳояш вазифаҳои бар дӯши инсоният гузошташударо осон, шақовар, сода ва аз ҳама муҳим суръати иҷрошавияшонро зуд мекунад.

– Ин ҳама танҳо ба воситаи сохтани барномаҳо сурат мегирад?

– Бале! Ҳар барномае, ки барномасоз месозад бояд мақсади муайян дошта бошад ва одамон аз он чизе гирифта тавонанд. Ва табиист, ки барои иҷрои коре мақсад гузоштем, ҳатман ки ба атрофиён ё умуман башарият таъсираш мерасад, хоҳ хуб бошад, хоҳ бад.

Барномаро чӣ тавр месозанд?

– Кампютер як мошин аст, ки забони худашро дорад ва онро забони компютерӣ мегӯянд. Барномасоз бояд забони барномасозиро омӯзад ва бо ҳамон забон ба компютер фармон диҳад. Мо матн (код) менависем ва барномаҳо онро ба блоки системавӣ мерасонанд, ки дар натиҷа кор ҳал мешавад. Яъне мо додаҳоро бо фармонҳо якҷо мекунем, тамом.

– Барои сохтани барнома чанд гурӯҳи барномаҳоро истифода мебаред?

– Аввалан бояд бигӯям, ки барои сохтани барнома, барномасозон аз хизматрасониҳои барномаҳои зиёд истифода мебаранд ва барои истифода бурдани онҳо бояд барномасоз забони барномасозиро хуб донад. Вале барои сохтани барнома бошад дар умум метавон гуфт, ки аз се гурӯҳи барномаҳо истифода мебарем: гурӯҳи барномаҳое, ки барои сохтани барнома исфтифода мешаванд; гурӯҳи барномаҳое, ки барномаи сохташударо месанҷанд; гурӯҳи барномаҳое, ки барномаи омодашударо ба кор медароранд.

Ва албатта дар ин суҳбат наметавон пурра ва содаву равон сохтани барномаро ба хонандагон нишон дод.

– Барномасозшаванда, пеш аз оне ки ба ин соҳа омаданӣ шавад, бояд дар худ чӣ дошта бошад?

– Ҳоҳиш, сабр ва аз омӯхтан наҳаросидан.

* хоҳиш – ҳар довталаб бояд аз худаш, аз боқимондаи умраш чӣ хостану ба чӣ кор машғул шуданашро донад. Яъне хоҳиш ва қудрати дуруст интихоб кардани касберо, ки дар оянда таъминкунандаи рӯзгори ӯ шуда метавонад, дошта бошад;

* сабр – барномасозӣ касбест, ки бояд намояндааш бисёр босабр бошад. Босабрӣ ба ҳар барномасозшаванда қудрат медиҳад, ки ӯ босаброна, бошуурона ба дилхоҳ кори дастзадааш хотима диҳад. Ин касбест, ки аз мушкилиҳо, норасоиҳо ва камбудиҳо наҳаросида, то бевақтиҳо назди копмютер кор мекунӣ;

* аз омӯхтан наҳаросидан – барномасоз касе шуда метавонад, ки пайваста омӯхтан хоҳад. Яъне барномасоз муаллими тарбияи ҷисмонӣ нест, ки ба бачаҳо (аудитория) солҳои зиёд чанд машқи муайянро нишон диҳад. Ё ба таври дигар гӯем, барномасоз профессори тамбале нест, ки солҳои зиёд лексияашро иваз накарда, мудом як намуд, як ранг ва бо як лексия дарсҳояшро гузарад. Барномасоз ҳамқадами мардум, ҳамфикри мардум ва ҳоҷатбарори мардум бояд бошад ва табиист барои чунин нафар шудан бояд дар ҳама кор, масъала, мавзӯъ, мушкилӣ, бурдборӣ… пешсаф бошад. Бояд барномасоз омӯзад, омӯзад ва боз омӯзад.

– Чиро омӯзад?

Техникаи навро, самти коргузории фоиданокро, чӣ хостани мардумро, роҳҳои осон кардани амалҳоеро, ки бояд инсон онҳоро дар вақти муайян иҷро кунад.

safarov
Ҳабиб Сафаров

– Як барномасоз бояд чиҳоро донад, дуруст аст, ки бояд информатикаву математикаро ҳатман омӯзад?

– Аз қисмати дуюми саволатон ҷавоб мегӯям. Не, пурра донистани математикаву информатика зарур нест, зеро ҳеҷ барномасозе бо ин ду фан наметавонад пурра барномасоз шавад (сабабашро дар боло гуфтем). Балки пеш аз ҳама барномасоз бояд тафаккури таҳсилӣ дошта бошад, дигар ҳамааш мешавад. Яъне мо наметавонем бигӯем, ки барномасоз бояд фақат кадом предметҳоро донад, зеро барномасозон соҳавӣ мешаванд. Яъне барномасози иқтисодӣ соҳаи бизнесро, барномасози фароғатӣ омилҳои фароғатиёбии мардумро, барномасози бозиҳои кӯдакона шавқу рағбати кӯдаконро ва ғайраҳо.

Ва чизи муҳими дигаре, ки бояд донад, ин суҳбаторо бояд бошад. Яъне ӯ бояд ба воситаи саволҳои дуруст муайян кунад, ки барномаи месохтааш ба кадом масъалаҳо нигаронида мешавад. Яъне аз мардум, аз ширкат фаҳмида тавонад, ки чӣ мехоҳанд ва ҳамонро сохта, пешниҳод кунад.

Барои барномасоз шудан танҳо бояд дар донишгоҳ таҳсил кард ё…?

– Дар мактаби олӣ таҳсил кардан ин роҳи асосии барномасоз шудан аст, вале наметавон гуфт, ки барои барномасоз шудан, роҳи ягона ин аст. Як роҳи ворид шудан ба барномасозӣ ин омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддат аст. Ин гуна таҷрибаҳо дар мо бисёр кам ҳастанд, вале дар мамолики пешрафта омили мазкур хеле тараққӣ кардааст.

Барои барномасоз шудан синну сол аҳамият дорад?

Не, барномасозӣ аз намояндаи худ 3 чиз талаб мекунад, ки дар боло гуфтем. Дар таҷриба бисёр ҳастанд барномасозоне, ки дар 30-40-солагияшон ба ин соҳа омаданд ва барномасози муваффақ шудаанд.

– Ҳаёти барномасоз чӣ гуна мегузарад?

– Қариб якранг. Яъне ҳаррӯз барномаи нав сохтан ё идомаи кори дирӯза. Яъне ҳастанд барномаҳое, ки чанд соат ё як рӯзи моро мегиранд, вале боз мешаванд барномаҳое, ки болои онҳо чанд рӯз кор мекунӣ ва дар чунин ҳолат рӯзро ба идомаи кор мегузаронӣ.

Вазъи молиявии барномасозон чӣ гуна аст?

– Хуб аст! Бо касби барномасозӣ бе қарз зиндагӣ карда мешавад. Ҳар барномасоз метавонад дар чанд корхона кор кунад. Ин ҳамааш аз худи барномасоз вобаста аст. Агар равшантар гӯям барномасозон қариб, ки графики муайяни корӣ надоранд. Онҳо метавонанд корҳои зиёдро иҷро кунанд ва бар ивази корашон ҳақ гиранд. Ногуфта намонад, ки таклифи корҳои иловагӣ барои барномасозон дар фазои интернет бисёр аст.

– Паҳлуҳои мусбату манфии барномасозӣ кадомҳоянд?

Тарафҳои мусбат: мавҷуд будани роҳҳои зиёди пулёбӣ ва таъмини рӯзгори осоишта, ин якум. Дуввум, кори шавқовар аст. Ҳар кори кардаат хулосае дорад ва хулосаи он барномасозро ба чизе мерасонад. Яъне охири кор, натиҷаи корро мебинӣ. Сеюм, бисёр меомӯзӣ, бисёр мефаҳмӣ ва бисёр кор мекунӣ.

Манфӣ: доимо дар ҷойи нишаста хеле зиёд кор мекунӣ, яъне “сидячий образ жизни” дорӣ.

– Қадру қиммати барномасоз дар мо чӣ гуна аст?

– Тақрибан 10-15 сол пеш қадри барномасозро намефаҳмиданд. Ҳоло бошад таваҷҷуҳ ба барномасозӣ ва барномасозон хеле зиёд шудааст. Мардум ба фаҳмише расиданд, ки бояд кори худу атрофиёнро осон кард.

Худи Шумо барои чӣ барномасоз шудед?

Ба барномасозӣ соли 1994 шинос шудам ва бо ду сабаб барномасоз шудам. Якум, мо дар литсей дарси барномасозӣ доштем ва устоди мо усули бисёр шавқовари дарсгузарӣ дошт. Яъне моро ба чизе ҷалб кард, ки ба мо бисёр маъқул буд. Вазифа медод, мо фармон медодем, компютер иҷро мекард ва ин барои як кӯдаки 14-15-сола бисёр шавқовар аст. Дуюм, барои он ки ин дар мо касби нав буд ва он вақтҳо дар Тоҷикситон касе даъвои барномасозӣ намекард. Ба фикре будам, ки дар Тоҷикстон ҳам бояд барномасоз бошад.

– Тавсияҳои Шумо ба барномасозони оянда…

– Ҳоло барномасоз шудан бисёр осон шудааст. Агар ҷумлаи “Чӣ гуна барномасоз шавам?”-ро дар дилхоҳ системаи ҷустуҷӯӣ ворид кунем, садҳо маълумот ва стратегияҳоро ёфта медиҳад. Ва ҳар нафаре, ки хоҳишу сабр дорад, метавонад барномасоз шавад. Дуюм, бозори ин соҳа холӣ аст, хусусан дар мо. Номзадҳо хуб омӯзанд ва ба ин майдон оянд, то ки кори одамонро осон кунем!

Мусоҳиб М. Тоҳир


Баъзан пул ва тағо ҳам лозим аст!

Варзиш тоза, варзишгар тозакор аст!

Пойафзолдӯзӣ касби намиранда аст!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s