Созандаи оҳанги зиндагӣ

Суҳбати ихтисосӣ бо оҳангсоз Фарҳод Зикиров

Тасаввур кунед, вақте ки дар кадр як духтару як писар аз ҳамдигар ҷудо шуда истодаанд, аммо ба гӯшатон мусиқии ғамангез намерасад.

Тасаввур кунед, вақте дар кадр мебинед, ки 50 зиндонӣ озод шуда истодаанд, вале ба гӯшатон ягон мусиқии рӯҳафзо намерасад.

Тасаввур кунед, вақте ки дар кадр аз шоҳиди фавти чанд нафармешавед, аммо ба гӯшатон ягон мусиқии дилсӯзонае намерасад.

Тасаввур кунед, вақте ки дар намоиши театрӣ як лаҳзаи мароқоварро бидуни мусиқӣ мебинед. Ҳамту хушку холӣ.

Тасаввур кунед, вақте ки ҳама шеърҳои шоиронро сарояндагон мехонанд, аммо бе мусиқӣ.

Тасаввур кунед, ки дар дунё умуман мусиқӣ нест.

Тасаввур кунед, вақте садое нест, ки ба Шумо илҳоми эҷод диҳад, Шуморо ба дунёи дигар роҳнамоӣ кунад, аз ғаму дард раҳоӣ бахшад, Шуморо маҷбуран ба рақсидан даъват кунад…

Тасаввур кунед…

Ва ин ҳамаро кӣ мекунад? Албатта оҳангсоз! Оҳангсоз эҷодкунанда аст. Эҷодкунандаи зебоиҳо, хушиҳо, ормонҳо, рақсҳо, хандаҳо, гиряҳо, бозиҳо… оҳангсозон оҳанги зиндагии моро месозанд.

– Муҳимияти касби оҳангсозӣ дар чист?

– Муҳимияти асосии ин пеша, қабл аз ҳама дар он аст, ки оҳангсоз ин офаранда аст. Ҳар шахсе, ки офаранда ва мафтункунандаи қалбҳо шудан хоҳад, пас ин касб махсус барои ӯст. Охангсозӣ касби болида кардани рӯҳ ва ҷисм аст, ҳар ноқисиро пурра мекунад, ҳар дуруштиро зебо мекунад ва ба ҳар хомӯшӣ садо мебахшад.

– Нигоҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

– Ҳоло бисёр ҷавонон ба қавле ҷавонӣ карда истодаанд. Аммо қиммати вақтро дарк намекунанд. Кам нафароне ҳастанд, ки ин роҳи дуру дарозро пеша кунанд. Аксарият то ҳатто суханҳои одии шоиронаро дарк намекунанд. Мутаассифона, ҳоло ҳама мехоҳанд кори осону пули зиёд дошта бошанд.

– Аз ҷавобатон фаҳмидан мумкин аст, ки қисме аз ҷавонони мо ба моҳият ва муҳтавои касби оҳангсозӣ ба қадри лозима сарфаҳм намераванд. Ба ин хотир Шумо бигӯед, барои ин ки як нафар оҳангсоз шавад, бояд чиҳоро бидонад?

– Оҳангзозӣ ин касби худододист ва на ҳар кас эҷодкор ё созанда шуда метавонад. Касе худодод аст, ба болои ин неъмати бузург боз бояд ҳамавақт кор кунад. Мақсад ин ки, агар Худо 1% истеъдод дод, бояд 99%-и дигарро инкишоф дод. Барои он ки як нафар композитор шавад, бояд илми мусиқиро хуб омӯзад. Хусусияти ҳамаи намуди асбобҳои мусиқиро хуб донад. Мусиқии халқӣ ва ҷаҳониро дарк кунад ва муҳимаш истеъдоди эҷодкориро дар худ дошта бошад.

Бояд қалби оҳангсози оянда соф бошад. Зебоии табиатро бо мусиқӣ баён карда тавонад. Бо устодони соҳа доимо дар иртибот бошад. Ҳамавақт дар ҷустуҷӯи оҳангҳои тару тоза бошад.

Аз ҷониби дигар, барои оҳангсози ҳирфаӣ шудан, бояд ҷавони оянда ҳама вақт бо мардум бошад. Бештар дар деҳот бо хешу табор ба алафдаравӣ, подабонӣ, ҳезумшиканӣ ва дигар корҳо машғул шавад. Чунки фарҳанги аслии тоҷикона дар ростои онҳо мебошад. Ҳамаи нозукиҳои зиндагии тоҷиконаро, ки мардуми мо дар деҳот доранду ба онҳо арҷ мегузоранд, хуб дарк кардан даркор аст. Ин фарҳанг асрҳои зиёд то замонаи мо суфта шуда расидааст. Шахсан худи ман оҳангҳои тоҷикона ва суханҳои ношикастаро мепазирам.

zikirov
Фарҳод Зикиров

– Суханҳои шикаста гуфта чиро дар назар доред?

– Баъзе оҳангсозон дар Маскав ё дигар кишварҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд ва чорчӯбаи шеъри тоҷикиро хуб дарк карда, оҳангҳои омехтаро эҷод мекунанд. Онҳо аз илми “арӯз” дуранд. Шеъри тоҷикӣ задаҳои хоси худро дорад ва агар касе задаҳоро нодуруст талаффуз кунад, таъби шунавандаи тоҷикидон хира мешавад. Қисми зиёди оҳангсозони ҷавон ин задаҳоро дарк намекунанд, ки ин омил метавонад ба муваффақ нашуданашон дар ин соҳа оварад.

Сабаби ба навиштани сурудҳои ватанӣ рӯ оварданатон?

– Дар ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ шарм ва нангам омад, ки то ҳол ягон суруд ба васфи диёрамон эҷод накардаам. Ман худам хостам дар ин ҷашни пуршукӯҳ саҳмамро ҳамчун оҳангсоз гузорам. Дар он вақт ҳафт суруд бо дарду алам эҷод шуд, ки яке аз онҳо суруди “Дил ба ғами ватан” буд. Ҳоло бо шоирон кӯшиш ба харҷ дода истодаам, ки якҷоя диёрамонро ободтару зеботар созем. Бо якҷоягӣ қувваи бузург шуда метавонем.

– Бо ин ҳама мушкилиҳое, ки дар саргаҳи интихоби касби оҳангсозӣ мавҷуданд, мегуфтед, ки арҷгузорӣ ба ин касб чӣ гуна аст?

– Он нафаре, ки қадри касбашро медонад, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки кори кардааш бесифат анҷом ёбад ва ба ин қабил одамон мардум ва ҳукумату давлат ҳам арҷ мегузоранд. Ва ин ҳатто ба ҳеҷ касбе алоқаманд ҳам нест, яъне агар ки соҳибкасб ё намояндаи касбе ҳалолкору покизакор бошад фарқаш нест, ки вай оҳангсоз аст ё иқтисодчӣ, муаллим аст ё духтур, балки якранг мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор мегирад. Вале он нафароне, ки кори худашонро бесифат иҷро мекунанд, онҳоро шахсан худи ман хиёнаткор мешуморам. Зеро ҳар кори хубу бади моро хориҷиён чун кори дастаҷамъонаи як миллат баҳогузорӣ менамоянд, на ин ки чун гуноҳу савоби як шахс. Ва агар мо дақиқан қадру қиммати як касбро, яъне касби оҳангсозиро дар ҷумҳуриямон гӯем, беҳтар мешавад, ки ҳамон ҷумлаи маъмулиэҷод кунад, маҳсулашон асрҳо умр мебинад.

– Инкишофи технологияи муосир ба баъзе касбҳо таҳдиди аз байн рафтанашонро карда истодааст ва мутаассифона, баъзе касбҳо бо ба миён омадани технологияи навин дар ҳоли нестшавианд. Шумо бигӯед, ки ба касби оҳангсозӣ низ технология таҳдид мекунад?

– Не, баръакс инкишофи технологияи муосир кори моро осонтар карда, ба баъзе фикрҳо аз дигар паҳлӯ андешиданро нишон медиҳад. Ҳоло технология то интеллекти инсон нарасидааст, ки оҳанг эҷод кунад, хусусан оҳангҳои миллии ҳар ҳалқу миллатро. Барои ин бояд оҳангсозони оянда аз инкишофи технология дар равиш кори композиторӣ васеъ истифодабариро омӯзанд ва ҳарроси аз байн рафтани ин касбро надошта бошанд. Оҳангсозӣ касбе нест, ки касеву чизе ҷояшро гирад.

– То ҷое маълум аст, қариб намояндагони ҳама гуна касбу кор аз маошашон шикоят мекунанд ва агар шикоят накунанд ҳам мушоҳида мешавад, ки маошашон барои таъмини маишати рӯзгорашон басанда нест. Мехостем фаҳмем, ки як намояндаи фаъоли касби оҳангсозӣ дар ҷумҳурии мо, чӣ гуна зиндагӣ мекунад?

– Кӯдакҳо калон шуда истодаанд ва баробари калон шуданашон талаботашон ҳам меафзояд. Ва ин ҳамаро бо як композиторӣ таъмин кардан ва боз аробаи зиндагиро кашидан, имкон надорад. Дар ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки агар оҳангсоз дар як моҳ як суруд эҷод кунаду онро ба сарояндае фурӯшад, пас он сурудро иҷрокунанда қариб сад бор истифода мебарад ва албатта, сад маротиба даромад мегирад. Ва ин маънои онро дорад, ки агарчи кори муҳим ва мушкилро эҷодкунандаи суруд иҷро кунад ҳам, иҷрокунанда ё худ сароянда фоидаи зиёдтар мегирад ва албатта, ки зиндагии дувумӣ аз якумӣ дида хубтару беҳтар мешавад. Ва сад афсӯс, ки эҷодкунанда дар зери парда монда, ӯро касе намешиносаду қадр ҳам намекунад, аммо дар ин баробар ҳама аҳсанҳо ба унвони иҷрокунанда ирсол мешаванд. Дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳайси оҳангсоз ва такмилгари мусиқӣ ҳамкорӣ мекунам. Дар хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Олмон, Швейтсария, Дания, АМА, Туркия, Австралия, Русия, Ӯзбекистон бо сафарҳои ҳунарӣ баромад мекунам.

– Даромади иловагии касби Шумо кадом аст?

– Дар касби мо даромадҳои иловагӣ хеле зиёданд. Ва ҳар намояндаи касби мо, то қадри дарку фаҳмиши худ аз даромадҳои иловагии ин касб бохабар шуда, зиндагияшро таъмин мекунад. Шахсан ман дар Муассисаи давлатии телевизиони “Баҳористон” дар барномаи “Парвин” ба ҳайси продюссер кор мекунам. Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ансамблҳои “Ориё”, “Фалак”, “Дарё” ва “Шашмақом” ба ҳайси продюссер, оҳангсоз ва такмилдиҳандаи мусиқӣ фаъолият мекунам. Боз дар Консерваторияи миллӣ омӯзгор ҳам ҳастам.

Мусоҳиб М. Тоҳир

ШИНОСНОМА

Фарҳод Зикиров соли 1980 дар шаҳри Душанбе дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Аз синни ҳафтсолагӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Собирова бо асбоби скрипка дохил шудааст. Бо сабабе, ки ба мусиқии миллӣ шавқи зиёд дошт, аз асбоби скрипка ба асбоби рубоб мегузарад. Дар оркестр бо асбобҳои рубоби бадахшонӣ, дуторбас, дуторконтробас ва ғижак баромад мекард.

Аз синни 18-солагӣ ба жанри эстрада рӯй овардааст.

Дар синни 20-солагӣ чун мусиқачӣ асбобҳои гуногун дар миёни мардум ва дар доираи сарояндагон чун такмилгари охангҳо, яъне “аранжировщик” муаррифӣ шуд.

Сурудҳои “Дили дардманд” дар иҷрои Манижа Давлатова, “Гӯшаи бом” ва “Модар” дар иҷрои Сироҷиддин Фозилов, “Ишқи ту” дар иҷрои Садриддини Наҷмиддин, “Аз қудуми сафар” дар иҷрои Шабнами Сурайё, “Ошиқи рӯят” дар иҷрои Баҳром Ғафурӣ” ва садҳо суруди дигарро таҳия кардааст.


Баъзан пул ва тағо ҳам лозим аст!

Барномасоз ҳаёти одамонро осон мекунад!

Варзиш тоза, варзишгар тозакор аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s