Машварат

     Машварат ин гуфтугузор барои гирифтани фикру мулоҳизаи касе ё гурӯҳе дар бораи коре, маслиҳат кардан мебошад. Дар машварат кардан фоидаҳои бисёре ҳаст. Яке аз ин фоидаҳо он аст, ки корҳо ба дурустӣ ва ростӣ ва некӣ наздик мешаванд. Дигар ин ки, агар касе бо машварат кор кунад, агар кораш барор нагирад, ӯро касе сарзаниш намекунад. Боз ин ки як нафар наметавонад ҳама масоили ҳаётро ба пуррагӣ фаро гирад.

     Агар чанд нафар ба ҳам оянд ва ҳар яке фикри худро изҳор кунад, ҳалли муаммо ва ё беҳбудии кор пайдо мегардад.  Пас, оқил он касест, ки фикрҳои пухта ва некро амалӣ мекунад, аммо оқилтар он касест, ки аз фикри дигарон истифода мебарад. Лекин фикру андешаи ҳамаро набояд писандид, балки бо ашхосе машварат кард, ки аҳли фаҳму идрок ва ҳикмат бошанд. Дар кор таҷриба дошта, дурандешу оқибатбин бошанд.

Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,
Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.

     Дар ин бобат ривояти ҷолибе ҳаст.

     Яке аз шоҳон ҳакимеро пурсид:

     –Машварат карда ёфтани илоҷи коре беҳтар аст ё шуҷоату далерӣ?

     Ҳаким ҷавоб дод:

     –Ҷасуриву далерӣ мисли теғ аст ва фикру ақида мисли дасти қавӣ. Ҳар касе дасташ ба теғ бошад, бо он кореро анҷом дода метавонад, аммо агар дар дасташ теғе набошад, чӣ гуна метавонад анҷом диҳад?!

Ба тадбир коре тавон сохтан,
Ки натвон ба теғу синон сохтан.
Макун такя бар ганҷу теғу сипоҳ,
Зи фарзонагон рою тадбир хоҳ.

     Чӣ хуш аст, ки агар ҳазор донову кордон ҳам бошем, лек аз баракату манфиати машварат зиёд истифода барем.

–таҳияи Нилуфари Ҳайдаршоҳ


Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Дар ҷустуҷӯи худ

Неъмати модар будан

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s