Адолат

Адолат инсофу дурусткорист ва муқобили зулму истибдод аст. Адл сухани мулкорой ва партави нурафзой аст. Адл он аст, ки ба мазлумону бечорагон бахшиш намуда, бар ҷароҳати маҷруҳон марҳаму дармон бахшад. Мегӯянд, ки як соати адли подшоҳ дар паллаи мизони тоату ибодат вазнинтар аст аз ибодати шастсола, зеро натиҷаи ибодат ва савоби он танҳо ба ибодаткунанда мерасад, аммо фоидаи адл ба хосу ом, хурду бузург. Баракати адл бар тамоми мамлакат мерезад ва он беҳисоб аст.

Овардаанд, ки султон Маликшоҳи Салҷуқӣ дар канори Зиндарӯд шикор мекард. Барои истироҳат ба марғзоре фуруд омад. Яке аз ғуломони хоси султон ба деҳ даромад. Он ҷо гове дид, ки дар канори ҷӯй мечарид. Ғулом фармон дод, то он говро бикушанд ва аз гӯшти он қадре кабоб тайёр кунанд. Иттифоқан, гов аз пиразане буд, ки ширашро ҳамарӯза хӯроки чор набераи ятими худ мекард. Чун пиразан ин ҳол бидид, бар сари пул (купрук)-е, ки аз он султон гузар мекард, мунтазир монд. Ногоҳ Маликшоҳ расид ва пиразан лаҷоми аспи ӯро бигирифт. Муҳофиз чӯбдасте бигирифту хост пиразанро бизанад. Султон ӯро боздошт ва гуфт: “Бигузор, ки ин мазлум бечора менамояд ва бояд бингарам, ки чӣ мушкиле дорад. Бубинам, ки доди ӯ аз дасти кист?”

Пиразан гуфт: “Эй писари Арпарслон, агар доди маро надиҳӣ, то инсофи худ аз ту наситонам, то қиёмат душманиамро бар ту кофӣ надонам. Нек андеша кун, ки аз ин ду пул – яке пули ҳамин ҷо, ки ҳоло мегузарӣ ва дигаре пули охират аст, кадомашро интихоб мекунӣ?

Султон аз таъсири ин суханон аз асп пиёда шуду гуфт:

Эй модар, ман тоқати ҷавоби он сари пул надорам. Бигӯ, ки бар ту кӣ ситам кардааст, то дод аз ӯ биситонанд?

Пиразан ситамгории ғуломи султонро бигуфт ва Маликшоҳ фармуд, то бар ивази як модагов 70 модагов бидоданд ва ғуломро сахт сиёсат кард.

Баъд аз чанде султон вафот карду пиразан ҳанӯз зинда буд ва бар сари қабри султон рафта дасти дуо бардошту гуфт: “Худовандо, ин бандаи дар хок замоне, ки ман дармонда будам, дасти ман бигирифт, акнун, ки ӯ дармонда аст, бо караму саховати хеш дастгирии ӯ кун”.

Шаб султонро ба хоб дид, ки мегуфт: “Агар дуои он пиразан дар ҳаққи ман намебуд, аз чанголи уқубут раҳоӣ надоштам”.

Хуш ба ҳоли оне, ки миёни ҳама баробарӣ нигоҳ дошт ва касеро бар касе бартар нашумурд.

–таҳияи Нилуфари Ҳайдаршоҳ

Машварат
Қудрат
Худро маҷбур созед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s