Фазои корӣ

«Новобста ба ин ки малакаҳои кориятон дар кадом сатҳанд, шумо қодиред, ки ба бештар аз ин муваффақ шавед»

—Ҷейм Маккей

Яке аз шартҳои ба таъхир нагузоштани ҳадафҳо одати омода кардани фазои корӣ аст. Нафаре, ки пеш аз саргарми кор шудан, аллакай асбоб ва воситаҳои кориро омода мекунад, ба мисли туфанг барои оташ задан тайёр аст. Ҳаракати кӯчаке кофӣ аст, ки он туфанг оташ зада, ҳар чӣ тезтар тирро ба нишон расонад. Бо ифодаи дигар, қабл аз хӯрдани «қурбоққа» онро пухтан лозим аст. Ошпази моҳир пеш аз сар кардани хӯрокпазӣ анҷому асбобҳои корӣ, либоси мувофиқ, забудаву дегафзорҳои лозимаро омода мекунад. Ҳамин тавр ошпаз бо тамаркузи том аз пайи ҳадафи ниҳоияш мешавад.

Шумо низ ба монанди ошпаз пеш аз саргарми кор шудан, сараввал асбобу анҷоми лозимаро омода созед. Қабл аз ҳама рӯи мизи корӣ ва ҷойи корро ба танзим дароред. Ҳар чизе, ки метавонад диққати шуморо аз ҳадафи аслӣ рабояд, аз чашм дур кунед. Миз ва курсии кориятон ба қаду баст ва вазни бадан мувофиқ бошанд. Мавод ва асбоби лозимаро дар болои мизи корӣ дастрас гардонед, то ки аз кор канда шуда, ҳоҷат барои кофтани чизе пайдо нашавд. Муҳити кориро бинобар завқу шавқи хеш оро дода, ба макони дилкаши корӣ табдил диҳед.

Деворҳоро бо сурат ва лавҳаҳои мусносиб ороиш диҳед; зертахтаи тирезаро бо тубакҳои гулдор зебо гардонед; ҳуҷраи кориро бо атрҳои мувофиқ хушбӯ кунед; агар лозим бошад, дар корхона мусиқии таскинбахш ва ҳамзамон шавқманд бинавозад. Ҳар чӣ макони кориятон фораму завқбахш бошад, ҳамон андоза бо шавқи зиёд барои ноил гаштан ба ҳадафҳои ниҳоиятон ҷаҳд мекунед. Низому покизагии макони корӣ нишона аз фитрат ва ҳолати рӯҳӣ-равонии фард аст. Муҳити мувофиқи корӣ яке аз унсурҳои муҳиму муассир ва ҳадафнок ба сар бурдани шахси соҳибирода аст. Тозову озода ва боинтизом бошед, то ки файзу баракати корӣ шуморо ёр гардад.

аз китоби “БАРАКАТИ КОР”

Машварат
Пайроҳаи муваффақият возеҳтар гашт!
Интернет ва маърифатнокӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s