Брайан Трейси доир ба тарбияи кӯдак

Масъулияти волидайн аллакай қабл аз таваллуди фарзанд оғоз меёбад. Бахусус оилаҳои ҳамакнун барпошуда ӯҳдадоранд, ки қабл аз соҳиби фарзанд шудан, доир ба тарбия ва рушди солими кӯдак ҳар чӣ бештар дониш ва маълумоти лозимаро аз худ кунанд.

Advertisements

Тарбияи фарзанд тарбияи башарият аст!

Барои тарбия намудани кӯдаки некахлоқ сараввал раванди тарбиякуниро бояд ҷиддӣ гирифт, зеро дар ҳама кор ҷиддият асоси комёбӣ мебошад ва бахусус дар масоили таълиму тарбия низ ин нозукият набояд сарфи назар карда шавад.

Таълим ва тарбияи кӯдаконе, ки ҳамроҳи модар дар маҳбас ба воя мерасанд (4)

Кас метавонад иддао кунад, ки ибрози чунин тавсияҳо барои нафари озод ва берун аз маҳбас қароргирифта осон менамояд. Вале чӣ кор мекунӣ, ки аллакай хато карда шуд ва кӯдак ҳам ғайрииродавӣ ҳамроҳи модар ё падараш “маҳбасӣ” шудааст.

Таълим ва тарбияи кӯдаконе, ки ҳамроҳи модар дар маҳбас ба воя мерасанд (1)

Рӯзҳои гузашта дар яке аз саҳифаҳои корбарони сомонаи иҷтимоии Facebook “дарди диле” нигошта шуда буд. Ин корбар меҳмони кишварамон шуда, яке аз шиносҳояшро, ки дар ҳабсхонаи занонаи шаҳри Норак маҳбасӣ аст, барои аёдат рафт:

Агар наврас беинтизом бошад…

Аксар волидайн дар ин синну соли кӯдак шикоят мекунанд, ки фарзандонашон баъд аз хӯрда шудани хӯрок, пас аз худ тоза намекунанд; пеш ва баъд аз хӯрок хӯрдан, баъд аз кӯча омадан ва баъд аз ҳоҷатхона баромадан, дастонашонро бо собун намешӯянд; ҳамчунин бозича ва либосҳояшонр низ бепарвоёна ба ҳар кунҷи хона мепартоянд.

Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон (2)

Ҳар вақте волидайн ба фарзандон бо роҳи муноқиша ва низоъи байниҳам изҳор намудани ғазабро имкон медиҳанд, дар асл таълиму тарбияи иҷтимоишавӣ, идора карда тавонистани эҳсосоти манфӣ ва такмил додани шахсияти кӯдакро ба роҳ мемонанд.

Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон (1)

Дар синну соли хурдӣ миёни ҳам рақобат кардани бародарон ва хоҳарон табиист. Ҳар як кӯдак, хоҳ духтар бошаду хоҳ писар, дар баробари меҳру муҳаббат доштан, ҳамчунин ҳисси нафрат кардан ва ғазабӣ шуданро ҳам соҳиб аст.