Кӯдак ва одати китобхонӣ

Василаи беҳтарин инкишофи фикр ва сайри хаёлҳои кӯдак албатта мутолиаи китоб аст. Вале бояд иқрор шуд, ки дар асри технологӣ ба кӯдакон фаҳмонда додани афзалияти китоб бар телевизор, ҷиҳозҳои электронӣ ва интернет хеле душвор аст.

Китобхониро саҳл нагиред!

Майнаи сари кӯдакро ҷуз китоб ва адабиёти бадеӣ чизи дигар наметавонад беҳтар ва бештар инкишоф диҳад. Ҳар гуна қисса ва ё матни адабӣ дорои сюжети муайян аст, ки он даромад, равиши муайян, кулминатсия ва хулосаро доро аст.

«Афсӯс, касе маро варақ намезанад!»

Авроқам ҳама куллан наву дастнорасида, муқоваам ба мисли рӯзи аввали харидаи соҳибам наву ялаққосист, ҳатто ҳар як кунҷҳои он заррае ҳам лат нахӯрдаю қат нагаштааст. Ман якчанд сол аст, ки дар рафи китобмонии як утоқи барҳавои хонаи соҳибам ҷевони бузурги ин утоқро, ки чашму ҳуши ҳар як меҳмонро бо як дидан  мерабояд, «зебу оро» дода…